Охирин мех бар ин тобут

Саранҷом ғарбиҳо пас аз ҳузури 20 сола, Афғонистонро тарк карданд. Дунболаи онҳо Ашраф Ғанӣ ва дору дастаҳояш фирор карданд ва раҳбарони сиёсӣ низ гурехтанд. Кори хубе карданд ва дар ҳеҷ кадом зараре ва зиёне мутаваҷҷеҳи кишвар ва мардум нахоҳад шуд.

Пас аз омадани “Толибон”, ду гурӯҳи дигар низ аз кишвар рафтанд. Нахуст қишри босаводи илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва ҷавонони таҳсилкарда ва боистеъдод, дигаре сармоядорон ва тоҷирони миллӣ. Бо рафтани ин ду гурӯҳ, бе тардид, кишвар фақир, ниёзманд ва гирифтор мешавад. Албатта, ман аз он таҳсилкардагоне, ки ду шаҳрвандї доранд сухан намегуям, ки дар 20 соли гузашта, бо ҳимояти ғарбиҳо ба болотарин постҳои давлатї такя заданд. Онҳо корномаҳои сиёсӣ аз худ бар ҷое нагузоштанд. Муҳимтарин корашон густурдани фасоди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва пур кардани ҳисобҳои бонкии худ дар кишварҳои ғарбӣ буд. Онҳо бо арбобони ғарбии худ омада буданд ва боз бо онҳо рафтанд ва шояд ин беҳтар ҳам бошад. Вале аз кишвар боз ҷавонони босаводе, ки аз хонаводаҳои деҳқону коргар аз минтақаҳои Ҷоғуру Ҷалолобод, Балх, Мазор, Ҳирот, Бадахшон, Форёб ва ғайра, ки новобаста аз вазъи мушкили иҷимоию иқтисодї аз фурсатҳои 20 сола истифода карда бо ранҷи бисёр донишу таҷриба андӯхтанд низ рафтанд. Онҳо дарахтони пур барг ва боре ҳастанд ки дар замини Афғонистон қад кашиданд, бузург шуданд ва ба самар расиданд, аз об ва ҳаво ва офтоби ин сарзамин истифода карданд. Акнун мераванд ки меваҳои худро дар сабади кишварҳои дигар бигузоранд. Хусусан, кишварҳои сарватманди ғарбӣ ба ҷавонони таҳсилкарда сахт ниёз доранд. Дар он кишварҳо нерӯҳои кории ҷавон ва таҳсилкарда арзиши қалон доранд, зеро ки чархи иқтисоди онҳо бо ҳамин ҷавонон мечархад. Амрико, Олмон ва Канада аз чандин сол пеш бар сари роҳи ин ҷавонон дом гузоштаанд. Тарсу ваҳшате ки омадани “Толибон” эҷод кард, фурсати тиллоии ин кишварҳо шуд. Онҳо бо таблиғоти васеъ ҷавонони таҳсилкардаро ба тарк кардани кишвар ташвиқ ва ин қимматарин сарватҳои миллии Афғонистонро аз ин сарзамин берун карданд.

“Толибон” пас аз тасаллут бар Кобул, ваъдаҳои ташкили ҳукумати ҳамашумулро дод. Дар рӯзҳои охир ҳама мунтазири чунин ҳукумате буданд. Теъдоди аз сарони сиёсӣ собиқ бо мақомоти “Толибон” дидор карда ва ҳимояти худро аз ҳукумати ҳамашумул эълом карданд. “Толибон” низ ба бархе аз онҳо чашмак зада умедворашон карда буд. Саранҷом интизорҳо поён ёфт ва ҳукумати “Толибон” эълом шуд.

Ба назар мерасад низоми ҳукумати толибон бо ду меъёр сохта шудааст. -Нахуст, мубориза бо Амрико: аз назари ин гуруҳ танҳо “Толибон” бо Амрико мубориза кардааст, пас ҳақ дорад, ки аз имтиёзи комили он бархӯрдор шавад. Мардуми Афғонистон ва гурӯҳҳои сиёсӣ аз назари “Толибон” ҳамкорони ишғолгарон ба ҳисоб меоянд ва наметавонанд ҷое дар кабинаҳо дошта бошанд. Дуввум, бениёзї аз дониш ва таҷриба: аз назари “Толибон”, таҳсилот, дониш ва таҷриба дар идораи кишвар аҳамияте надорад. Аз вазири таҳсилоти олии “Толибон” нақли қавлӣ дар фазои маҷозӣ омадааст, ба ин мазмун, ки дигар магистрӣ ва докторӣ дар Афғонистон эътибор надорад. “Толибон” дипломи магистрї ва докторӣ надоранд, вале аз ҳама болотаранд.

Низоми ҳукумати “Толибон”, воқеиятҳои зиёдеро ошкор мекунад ва нишон медиҳад, ки оянда Афғонистон ба кадом самт меравад ва дониш ва таҳсилот дар он чи ҷойгоҳе дорад. Дар ҳукумати “Толибон” дар садри ҳар вазоратхона як мулло нишаста аст, муллое ки танҳо таҷрибаи ҷангӣ дорад. Дар ҳоле ки вазоратҳои иқтисод, фарҳанг, ҳунар, таҳсилоти олӣ, маориф ва ғайра ниёз ба роҳбарони дорои дониши тахассусї дар ҳамон риштаҳо доранд. Масъулини “Толибон” дар минтақаҳо ба ҷои расидагї ба татбиқи умури шаръӣ, дудаста бо истифодаи қудрат ба зулму ситами мардум даст заданд. Онҳо бо ин кор собит карданд ки ҷиҳодашон ба хотири расидан ба қудрат будааст.

Доштани шуғл, таъмини озодиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ, амният ва зиндагии обрумандона камтарин ниёзҳои ҳар як ҷавон аст. Мардуми Афғонистон, хусусан таҳсилкардагон, боварї доранд, ки дар кишвари таҳти ҳокимияти “Толибон” дасташон ба ин ниёзҳо намерасад. Бинобар ин, онҳо ночор барои ёфтани ин ниёзҳои аввалия, раҳсипори кишварҳои бегона мешаванд.

Муҳоҷирати иҷбории зиёиён, нухбагон ва қисмати зиёди ҷавонони аҳли илм охирин мехе аст, ки Толибон бар тобути Афғонистон зада, дар ин фазои ҷаҳолату торикї кишварро ба садсолаҳо сол ба ақиб баргардонданд.

Саид Исҳоқ Шуҷоӣ (адиб ва рӯзноманигори шинохтаи афғон).

Аз мутарҷим: фикру андешаҳои адиб ва рӯзноманигори шинохтаи афғон Саид Исҳоқ Шуҷоӣ комилан мантиқӣ ва қобили қабул мебошанд. Дар воқеъ, пас аз рӯзи сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон, даҳҳо ҳазор ҷавонони бо илму ҳунар ва соҳибмаълумот бо сабаби маҳдуд шудани ҳуқуқи озодиҳои инсон ин кишварро тарк карданд ва ин раванд ҳанӯз идома доранд. Холӣ шудани Афғонистон аз ҷавонони донишманду мутахассис, аз ин нерӯи асосии пешбарандаи кишвар, вазъи мушкил ва буҳронии иҷтимоию иқтисодии ин кишварро боз ҳам мушкилтар ва сангинтар мекунад.

Ин матн аз форсї ба тоҷикї баргардон шудааст.

Манбаъ: http://www.afghanpaper.com/nbody.php?id=168321.

Таҳияи Саъдуллоев Аҳмадҷон - мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносї дар назди Президенти ҶТ. 

Яндекс.Метрика