Оқибати даҳшатборӣ тамошои филмҳои бегона

Имрӯзҳо дар баробари кибертерроризм хатари дигаре ҷомеаи фарҳангии тоҷикро таҳдид мекунад, ин хатар паҳни синамоҳои беохири туркӣ мебошад. Масъулини соҳа холигиҳои фазоро аз ҳисоби филмҳои бегона пур мекунанд. Дуруст аст, ки санъат худиву бегонагӣ надорад, чизи хуб ҳамеша тамошобин дорад. Аммо набояд зарарҳои санъатҳои бегонаро ба факрҳанги худӣ нодида гирифт. Ин дар ҳолест, ки чанд муддат пеш бо пешниҳоди “Тоҷикфилм” тамошо ва паҳни филмҳои “Ҳомиён”, “Водии гургон” “Хаёлҳои сабз” ва ғайраҳо мамнӯъ эълон шуданд. Аммо бо талошҳои аксарияти ҳунармандон, ки дар тарҷума ва дубляжи филмҳои туркӣ овоз медиҳанд, боз иҷозат дода шуд. Далели асосии ҳунармандон ин буд, ки манъи тамошои филҳо ин нақзи ҳуқуқи тамошобин аст. Агар мақсад аз тамошои филм, на тарбияи маънавии аҳли ҷомеа, ки яке аз вазифаҳои асосии санъат ва умуман фарҳанг ба шумор меравад, балки ҳуқуқи тамошобин бошад, пас тамошобин ба тамошои филмҳои фаҳш, зӯроварии сахт, кушторҳои бераҳмона низ ҳақ дорад. Дуруст аст, ки нақзи ҳуқуқи тамошобин аст, аммо чи бояд кард, ки пеши роҳи ин падидаи номатлубро гирифт. Чун ин падидаи номатлуб бо манъ кардан аз байн намеравад, он аз тариқи моҳфора бо лаҳни эронӣ ё афғонӣ дар фазои аксарияти мо паҳн мегардад.

Мақсади асосии филм пеш аз ҳама бояд тарбияи инсони хушахлоқ ва намунавӣ бошад, зеро мардуми оддӣ ба қаҳрамонҳои филм тақлиб мекунанд. Аммо филмҳои бегона, хоссатан ғарбӣ саропо фаҳшу зӯроварӣ аст ва наврасони ноогоҳи мо бошанд ба қаҳрамонҳои онҳо тақлид мекунанд, ки мо онро дидему шунидем. Аз нигоҳи мо филмҳои ғарбӣ ба мафкураи мардум, хоссатан наврасон аз чанд ҷиҳат таъсири манфӣ мерасонанд: 

- коста шудани ахлоқи наврасон, зеро дар тамоми филмҳои ғарбӣ наврасон пайваста зери фишор қарор мегиранд.

- Бедор намудани ҳисси нобоварӣ дар масъалаи муҳаббат. Дар тамоми филмҳои мазкур ишқи аввал муқаддас ҳисобида намешавад, ҷавонон дар натиҷаи барқарор кардани муҳаббат бо чандин нафарон, баъдан издивоҷ мекунанд. Ба таври мисол дар филме бо номи “Марям”, ки қаҳрамони асосии он духтараки ятим Марям ном дошт, дар навбати аввал бо як ҷавони ҳамкурсаш алоқа барқарор мекунад ва баъдан бо ҷавони дигар алоқа пайдо мекунад, дар натиҷа нофаҳмиҳои зиёд мешавад  ва билохира бо нафари дуюм издивоҷ мекунад.  Инчунин дар аксарияти филмҳои онҳо духтарҳо аз каси дигар ҳомиладор мешаванд ва бо каси дигар издивоҷ мекунанд. Ин амалро дар филми “Фазилатхонум” баръало мушоҳида кардан мумкин аст.

- оқибати даҳшатовари тамошои филмҳо, пеш аз ҳама тақлиди ноогоҳонаи наврасон бар қаҳрамонони ин филм аст.  Дар мисоли духтарачаи ҳамсояамон, ки ба қаҳрамони филми туркие (номи филм аз хотирам баромад), ки Бадрия ном дошт, тақлид намуда, дору мехурад. Инчунин чанд сол пеш дар ноҳияи варзоб духтараки синфи чор дар тақлид ба кинои “Пайроҳаи тақдир” худро ба дор меовезад.  Дар баъзе ҷойҳои дигар дар пайравӣ аз қаҳрамони асосии филми “Ҳомиён” Йигит чанд наврасон навраси дигарро ба дор меовезанд. Дар пайравии филми “Садбарги сиёҳ” духтарчае худро аз баландӣ ҳаво дода буд...

Бо боваррии том гуфта метавонам, ки яке аз сабабҳои асосии ба худкушӣ даст задани наврасону ҷавонон ин тамошои ана ҳамин филмҳост. Аламовараш дар он аст, ки падару модарои муҳтарами мо худ нишаста, ҳамроҳи фарзандонашон ин филмҳоро тамошо мекунанд ва аз оқибатҳои он ҳеҷ ҳаросе надоранд.  Пас чора чист, зеро имрӯзҳо ба тариқи сунъӣ пеши роҳи паҳншавии  онро гирифта наметавонем. Яке аз роҳҳои асосӣ ин тақвият бахшидан ба синамои худист, ки арзишҳои ноби миллиро ба мисли филми “Рустаму Суҳроб” тарғиб намояд. 

Рамазониён Аҳтам

Яндекс.Метрика