ПАНДУ АНДАРЗ АЗ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

1. Даргузар, то даргузаранд!
2. Аз худ лоф мазан!
3. Он чӣ наниҳодаӣ, бармагир!
4. Дилро бозичаи дев масоз!
5. Ҳарчӣ ба худ раво надорӣ, бар дигарон маписанд!
6. Бандаи ҳирс мабош!
7. То тавонӣ нони кас махӯр ва нон аз хеҷ кас дареғ мадор!
8. Аз додаи Худой хӯр, ки ҳаргиз кам нашавад.
9. Диҳанда Худоро дону аз дарвешӣ матарс!
10. Сармоя ба судӣ бисёр мадеҳ!
11. Худро асири шаҳват масоз!
12. Офиятро ба фармони нафс аз даст мадеҳ!
13. Душман агар ҳақир буд, хораш мадор!
14. Бо ношинос ҳамсафар мабош!
15. Андаки худро беҳтар аз бисёри дигарон дон!
16. Ҳарҷо, ки бошӣ Худоро ҳозир дон!
17. Вақтро ғанимат дон!
18. Ёрро вақти хашму ғазаб биозмой!
19. То тавони ниёзи худ бар махлуқ арза макун.
20. Амонат нигоҳдор, хомӯшӣ шиор соз ва беҳудагӯйиро сари ҳама офатҳо дон!

Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика