ПАНДУ НАСИҲАТҲО БА ВОЛИДАЙН ДАР БОРАИ ТАРБИЯТИ ФАРЗАНД АЗ «БӮСТОН»-И САЪДИИ ШЕРОЗӢ

Чун синни писарбача аз даҳ боло шуд, ба вай бигӯй, ки аз номаҳрамон дуртар бинишинад. Мабодо бепарво шавӣ ва кор аз кор гузарад, ки дигар натавонӣ ҷуброн кунӣ. Мисли касе, ки дар наздикии анбори пунба оташ афрӯхта ва то чашм бар ҳам зад, пунба ва хонаро оташ гирифт ва ба коми худ бурд.

Агар хоҳӣ, ки номи ту ба некӣ пойдор бимонад, бояд ба писарат ақлу хирад биомӯзӣ. Писаре, ки илму дониш надошта бошад, номи падарашро наметавонад зинда нигаҳ дорад ва бо рафтани падараш номаш низ аз байн меравад ва мисли касест, ки фарзанде надошта бошад.

Падар набояд писарашро бо нозу неъмат ва навозиш парвариш кунад, ки ин амалкарди падар боиси сахтӣ кашидани писараш дар оянда хоҳад шуд ва дар сахтиҳои рӯзгор ин гуна писарҳои нозпарвар тоқат нахоҳанд овард. Бинобар ин, агар ту писаратро ҳақиқатан дӯст дорӣ, бояд ӯро тавре тарбият кунӣ, ки инсони хирадманд ва парҳезгор шавад. Аз хурдсолӣ сарзаниш кун ва машғули хондан ва таълими илм кун ва ба корҳои хуб ташвиқ намо ва аз корҳои бад таҳдид кун.

Бачаи навомӯз бояд бо забони ширин, бо таҳсин ва офарин таълим дода шавад, ки ин шеваи таълим аз бархӯрди хашину сахтгирӣ ва таҳдиди устод беҳтар аст.

Агар мисли Қорун сарватманд бошӣ ҳам, фарзандатро ба кор кардану заҳмат кашидан водор кун, ба ӯ пул мадеҳ, ба ҷойи пул додан ба вай ёд бидеҳ, ки бо дастранҷи худаш зиндагӣ кунад.

Ба дастҳо ва сармояат такя макун, ки неъмати ин дунё ҳамешагӣ нест ва зуд аз дастат хоҳад рафт. Кисаи пур аз симу зар тамом мешавад, вале кисаи инсони ҳунарманд ва кордон ҳеҷ гоҳ холӣ нахоҳад шуд.

Ту чӣ медонӣ, шояд рӯзе ин рӯзгор туро ба ғарибӣ ва дурӣ аз ватан хоҳад кашонид. Дар диёри ғурбат танҳо ҳунар ва ҳунармандӣ ба доди ту мерасад ва агар ҳунар дошта бошӣ, дасти ҳоҷатро ба пеши дигарон дароз намекунӣ ва шарофати хешро метавонӣ хуб ҳифз намоӣ.

Ҳар кас, ки итоаткор ва фармонбардор бошад, дере напояд, ки худаш фармондеҳ ва фармонраво гардад. Бачае, ки ҷаври устод накашида бошад, аз рӯзгор ҷафоҳои зиёдеро хоҳад дид. Ба писарат ва фарзандонат расидагӣ кун ва аз вай хуб нигаҳдорӣ кун, ки дар назди ту эҳсоси роҳат кунад ва чашмонаш ба дасти дигарон набошад, чунки агар ғамхорӣ накунӣ, дигарон ба вай ғамхорӣ мекунанд, ки боиси бадном шудани фарзандат мешавад. Ӯро аз дӯстони бад ҳифз кун, ки гуфтаанд:

Нигаҳ дор аз омезгори (ҳамроҳ, дӯст ва рафиқ) бадаш,

Ки бадбахту гумраҳ кунад чун худаш.

Сияҳрӯзтар з-он муханнас махоҳ,

Ки пеш аз хаташ (ба маънои мӯйлаб) рӯй гардад сиёҳ.

Аз он беҳамйят бибояд гурехт,

Ко номардияш оби мардон бирехт.

 

Оре, писаре, ки дар миёни қаландарон ва инсонҳои кӯчагард нишинад ва бо онҳо робита ва дӯстӣ барқарор кунад, бояд падараш аз хайри ин писар дасташро бишӯяд ва ба остинаш пок кунад, ки дигар умеде аз ин писар нест. Агар ин гуна писар ҳалок ё талаф шавад, набояд афсӯс хӯрд, чун писари нохалафро чӣ беҳтар, ки пеш аз падар бимирад ва пас аз падар боиси бадномии ӯ нашавад [1, С. 252-254].

 

Адабиёт:

1.Саъдии Шерозӣ. Бӯстон. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2018. – 328 с.

 

Шоев Фируз Маҳмадаминович,

сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии

муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика