ПАНДУ НАСИҲАТҲО БА ФАРЗАНД АНДАР ИШҚ ВАРЗИДАН ВА РАСМИ ОН АЗ «ҚОБУСНОМА»-И УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

Бидон, эй писар, то касе латифтабъ набувад, ошиқ нашавад. Аз он ки ишқ аз латофати табъ хезад ва ҳар чӣ аз латофат хезад, бешак, латиф бувад, чӣ гуфтаанд: «Ман ашбаҳа абоҳа фа мо залама» («Писар, ки монанди падар бошад, зулме накардааст»). Чун ӯ латиф бувад, ночор дар табъе латиф тавонад овехтан.

Байт

Ин ишқ латиф асту латифӣ хоҳад,

Ҳар ҷо, ки равад, чу худ зарифе хоҳад.

 

Набинӣ, ки ҷавонон бештар ошиқ шаванд аз пирон. Аз он ки табъи ҷавонон латифтар аз табъи пирон аст. Ва низ ҳеҷ ғализтабъу гаронҷон ошиқ нашавад, аз он ки ин иллатест, ки хафифрӯҳонро бештар афтад.

Аммо ту ҷаҳд кун, то ошиқ нашавӣ. Агар гарониву агар латиф аз ошиқӣ бипарпҳез, ки ошиқӣ кори бобалост, хосса, ҳангоми муфлисӣ, ки муфлисе, ки ошиқӣ варзад, ҳар оина дар хуни худаш рафта бошад. Бидон, ки ошиқиву муфлисӣ мутлақо ҷон кандан аст. Хосса, ки пир бувад. Аз он ки пирро ҷуз ба сим ғараз ҳосил нагардад. Чунон ки ман гӯям.

Рубоӣ

Бе сим будам бар ман аз он омад дард,

В-аз бесимӣ бимондам аз рӯйи ту фард.

Дорам масале ба ҳоли хеш андар х(в)ард,

«Бе сим зи бозор тиҳӣ ояд мард».

 

Пас, агар ба иттифоқ вақте туро бо касе хуш афтад, асири дил мабош. Пайваста табъро бо ишқ бохтан маёмӯз ва доим мутобеи шаҳват мабош, ки ин на кори хирадмандон бувад. Аз он ки мардум дар ишқ ё дар висол бошанд ё дар фироқ.

Ва бидон, ки яксола роҳати висол ба яксоата ранҷи фироқ наарзад, ки сар то сари ошикӣ ранҷ асту дарди дил ва меҳнат, ҳарчанд дарде хуш аст. Аммо агар дар фироқ бошӣ, дар азоб бошӣ. Ва агар дар висол бошӣ ва маъшуқа аз дили ту хабар дорад, худ аз нозу хӯйи бади ӯ ва бими фироқ хушии висол надонӣ. Пас, агар висоле бувад, ки баъд аз он фироқ хоҳад буд, он висол аз фироқ бадтар бувад.

Ва агар масал маъшуқаи ту фариштаи муқарраб аст, ки ба ҳеҷ вақт аз маломати халқон раста набошӣ ва мардум ҳамеша дар мусовии ту бошанд ва дар накуҳиши маъшуқи ту. Аз он ки одати халқ чунин аст.

Пас, хештанро нигоҳ дор ва аз ошиқӣ парҳез кун, ки хирадмандон аз чунин кор парҳез тавонанд кард. Аз он чи мумкин нагардад, ки ба як дидор касе ба касе ошиқ шавад.

Аввал чашм бувад, он гаҳ дил писандад. Чун дил писанд кард, табъ бар-ӯ моил шавад, он гоҳ дил мутақозии (талабгори) дидори ӯ бошад.

Агар ту шаҳвати хешро дар амри дил кунӣ ва дилро мутобеи шаҳват гардонӣ, тадбири он кунӣ, ки як бори дигар ӯро бубинӣ. Чун дидор дубора шавад ва табъ бад-ӯ музоаф (дучандон, ду баробар) гардад ва ҳавои дил ғолибтар шавад, пас қасди дидори сегон кунӣ. Чун сеюм бор дидӣ ва дар ҳадис омад ва сухан гуфт ва ҷавоб шунид. Хар рафту расан бурд ва дареғо чанбар.

Пас аз он агар хоҳӣ, ки хештанро нигоҳ дорӣ, натавонӣ дошт, ки кор аз дасти ту рафта бошад. Ҳар чӣ рӯз ояд, балои ишқ зиёдат шавад ва туро мутобеи дил бояд буд. Аммо агар аз дидори аввал хештанро нигаҳ дорӣ, чун дил тақозо кунад, хирадро ба дил муваккал (посбон) кунӣ ва ҷойи дигар истифроғи шаҳват кунӣ ва чашм аз дидори ӯ барбандӣ, ки ҳама ранҷ як ҳафта бувад ва беш ёд наёяд, зуд худро аз он бало битавонӣ раҳонид. Валекин ин на кори ҳама кас бувад. Ва марде бояд бо ақли тамом, ки ин битавонад кард. Ва агар марди комили оқил бувад, ӯро ин ҳол худ наяфтад ва агар иттифоқан ногоҳ рӯй намояд, ба ақл дафъи он тавонад кард. Аз баҳри он ки ишқ иллат аст. Чунон ки Муҳаммад Закариё дар «Тақосимул илал» ёд кардааст, ки сабаби иллати ишқ ва доруи ишқ чун рӯза доштани пайваста бувад ва бори гарон кашидан ва сафари дароз кардан ва доим хештанро дар ранҷ доштан ва таматтуъ кардани бисёр ва он чӣ бад-ин монад.

Аммо агар касеро дӯст дорӣ, ки туро аз хидмату дидори ӯ роҳате бошад, раво дорам. Чунон ки шайх Абӯсаиди Абулхайр (907-1049, шайх ва орифи машҳур, ба ӯ рубоиҳои зиёдеро ҳам нисбат медиҳанд) гӯяд, ки одамиро аз чаҳор чиз ногузир бувад: аввал ноне, дувум хулқоне, сеюм вайронае, чаҳорум ҷононе. Ва ҳар касеро ба ҳадду андозаи ӯ аз рӯйи ҳалол.

Аммо дӯстӣ дигар асту ошиқӣ дигар. Дар ошиқӣ касро вақти хуш набошад, ҳарчанд он ошиқ байте мегӯяд:

Назм

Ин оташи ишқи ту хуш аст, эй дилкаш,

Ҳаргиз дидӣ оташи сӯзандаи х(в)аш.

Бидон, ки дар дӯстӣ мардум ҳамеша бо вақте хуш бошад ва дар ошиқӣ доим дар меҳнат бошад. Агар хоҳӣ, ки ба ҷавонӣ ишқ варзӣ, охир узре бошад. Ҳар кӣ бингараду бидонад, маъзур дорад. Гӯяд ҷавон аст.

Ва ҷаҳд кун, то ба пирӣ ошиқ нашавӣ, ки пирро ҳеҷ узре набошад. Ва агар чунон ки аз ҷумлаи мардумони ом бошӣ, кор осонтар бошад. Пас, агар подшоҳ бошиву пир бошӣ, зинҳор то аз ин маънӣ андеша накунӣ ва ба зоҳир дил дар касе набандӣ, ки подшоҳро ба пиронасар ишқ бохтан сахт коре душвор бошад.

ҲИКОЯТ

Ба рӯзгори ҷадди ман Шамсулмаолӣ хабар доданд, ки дар Бухоро бозаргоне ғуломе дорад, баҳои вай ду ҳазор динор.

Аҳмади Суғдӣ пеши амир ин ҳикоят бикард. Амир гуфт:

– Маро кас бояд фиристод, то ин ғуломро бихарад.

Амир гуфт:

– Туро бибояд рафт.

Пас, Аҳмади Суғдӣ ба Бухоро омад ва наххосро (ғуломфурӯшро) бидид ва бигуфт, то ғуломро ҳозир карданд ва ба ҳазору дувист динор бихарид ва ба Гургон овард.

Амир бидиду биписандид ва ин ғуломро дастордорӣ дод. Чун даст бишустӣ, дастор ба вай додӣ, то даст хушк кардӣ. Чанд гоҳ баромад. Рӯзе амир даст бишустӣ. Ин ғулом дастор ба вайд дод. Амир даст пок кард ва дар ғулом ҳаменигарист. Баъд аз он ки даст хушк карда буд, ҳамчунон даст дар дастор ҳамемолид ва дар ин ғулом менигарист. Магар вайро хуш омада буд дидори вай. Дастор боздод ва замоне аз ин ҳол бигузашт. Абулаббоси Ғонимиро гуфт:

– Ин ғуломро озод кардам ва фалон деҳро ба ӯ бахшидам. Маншур бинавис ва аз шаҳр духтари кадхудоро аз баҳри ӯ бихоҳ ва бигӯй, то вай дар хона бинишинад, то он гоҳ ки мӯйи рӯй барорад. Он гоҳ пеши ман ояд.

Абулаббоси Ғонимӣ вазир буд, гуфт:

– Фармон Худойрост. Аммо агар раъйи Худованд иқтизо кунад, бандаро бигӯед, ки мақсуд аз ин сухан чист?

Амир гуфт:

– Имрӯз ҳол чунину чунон буд ва сухани зишт бошад, ки подшоҳе ҳафтодсола ошиқ шавад ва маро аз баъди ҳафтод сол ҳафтодсола бандагони Худои таоло машғул бояд буд ва ба салоҳи раияту лашкар ва мамлакати хеш ман ба ишқаш машғул бошам. На наздики Ҳақ таоло маъзур бошам, на наздики халқон.

***

Бале, ҷавон ҳар чӣ бикунад, маъзур бошад. Аммо якбора ба зоҳир ошиқ набояд буд, ҳарчанд ҷавон бошӣ, бо тариқи ҳикмату ҳишмат ва сиёсат бош, то халал дар мулк роҳ наёбад.

ҲИКОЯТ

Шунидам, ки ба Ғазнин даҳ ғулом буд ба хидмати Султон  Масъуд ва ҳар даҳ ҷомадорони хос буданд. Аз он даҳ ғулом якеро Нӯштегин ном буд. султон Масъуд ӯро бағоят дӯст доштӣ ва чанд сол аз ин ҳадис баромад. Ҳеҷ кас надонист, ки маъшуқи Масъуд кист, аз баҳри он ки ҳар атое, ки бидодӣ, ҳамаро ҳамчунон додӣ, ки Нӯштегинро, то ҳар касе напиндоштӣ, ки маъшуқи Султон Масъуд ӯст.

То аз ин ҳадис панҷ сол баромад ва ҳеҷ касро иттилоъ наяфтод аз озоду банда, то рӯзе гуфт:

– Ҳар чӣ падари ман Аёзро дода буд, аз иқтоу маош Нӯштегинро маншур диҳед.

Он гоҳ мардумон бидонистанд, ки ғарази ӯ Нӯштегин будааст.

Акнун, эй писар, ҳарчанд ки ман ин ҳама гуфтам, агар туро иттифоқи ишқ афтад, донам, ки ба қавли ман кор нахоҳӣ кард ва ман ба пиронасарӣ байте мегӯям.

Шеър

Ҳар одамие, ки ҳаййи нотиқ бошад,

Бояд, ки чу Узрову чу Вомиқ бошад.

Ҳар, к-ӯ на чунин бувад, мунофиқ бошад,

Мардум набувад, ҳар кӣ на ошиқ бошад.

 

Ҳарчанд ки ман чунин гуфтаам, ту бад-ин дубайтии ман кор макун. Ҷаҳд кун, то ошиқ набошӣ. Пас, агар касеро дӯст дорӣ, боре касеро дор, ки биярзад ва маъшуқ Батлимусу Афлотун набошад, лекин бояд, ки андак хубӣ бибошадаш ва донам, ки Юсуфи Яъқуб набошад, аммо ҳам малоҳате бибояд, ки дар вай бошад, то баъзе забони мардумон баста шавад ва узри ту мақбул доранд, ки халқон аз ғайбат кардан ва аз айб ҷустани якдигар фориғ набошанд. Чунон ки якеро гуфтанд, ки айб дорӣ?

Гуфт: – На.

Гуфтанд: – Айбҷӯй дорӣ?

Гуфт: – Бисёр.

Гуфтанд: – Чунон дон, ки маъюбтарин кас туӣ.

Аммо агар ба меҳмонӣ равӣ, маъшуқро бо худ мабар. Агар барӣ, пеши бегонагон бад-ӯ машғул мабош ва дил дар вай баста мадор, ки ӯро касе натавонад хӯрдан. Ва мапиндор, ки ӯ ба чашми ҳама кас чунон намояд, ки ба чашми ту. Чунон ки шоир гуфт:

Назм

Эй войи мано, гар ту ба чашми ҳама касҳо,

З-ин гуна намоӣ, ки ба чашми мани дарвеш.

Чунон ки ба чашми ту некутар аз ҳама касҳо намояд, бошад, ки ба чашми дигарон зишттар намояд. Ва низ ҳар замон ӯро дар маҷлис мева мадеҳ ва тафаққуд (меҳрубонӣ) макун. Ва ҳар соат ӯро махону дар гӯши вай хира сухане магӯй, яъне ки суду зиён мегӯям, ки мардумон донанд, ки бо вай чизе нагуфтӣ [1, С. 71-77].

 

Адабиёт:

1. Унсурулмаолии Кайковус. Қобуснома. Таҳия, пешгуфтор ва тавзеҳоти Мирзо Муллоаҳмад ва Меҳрӣ Шарофова.– Душанбе: Маориф, 2016. – 240 с.

 

Шоев Фируз Маҳмадаминович,

сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии

муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика