ПАНДУ НАСИҲАТҲО БА ФАРЗАНД ДАР МАВРИДИ ТАШКИЛИ ХОНАВОДА ВА ТАРКИ ИШҚБОЗӢ АЗ «БӮСТОН»-И САЪДИИ ШЕРОЗӢ

    Ишқи маъшуқон туро оқибат хонахароб мекунад, бинобар ин, агар хоҳӣ, ки хонаат обод бошад, зуд зан бигир ва тарки ишқбозӣ кун, ки гуфтаанд:

Нашояд ҳавас бохтан бо гуле,

Ки ҳар бомдодаш бувад булбуле.

   Маҳбубе, ки дар ҳар маҷлис ва базм мисли шамъ равшанкунандаи он базмҳо шуд, ту мисли парвона гирди он магард, ки ҷону тани туро месӯзаду парвое намекунад.

Зан бихоҳ, ки зани хубу хушхӯй ва ороста ба маротиб аз маҳбуби нодони ҷавон беҳтар аст. Ҳамон гуна, ки ғунча аз насими субҳгоҳӣ мешукуфад, ту ҳам ба зани хушхӯй дам аз вафо занӣ, мисли гул механдад ва ба пушт меафтад. Ӯ мисли кӯдак нест, ки мисли шилми дарахт печ дар печ бошад ва бо санг ҳам нашавад онро шикаст ё нарм кард.

   Ту ба зоҳири ӯ нигоҳ накун ва бо дилфиребиаш фирефта машав ва нагӯй, ки мисли ҳури биҳишт аст, ҳаргиз ин тавр нест, балки он сӯйи дигараш мисли дев зишт аст, аз шайтон фарқ намекунад. Ӯ қадри пойбӯсии туро намедонад, ҳатто агар хоки пояш шавӣ, сипос намегӯяд ва шукрона намекунад. Агар дил ба фарзанди мардум додӣ, бояд ба ин ду шарт амал кунӣ: – бояд саратро аз мағз ва дастатро аз пул холӣ кунӣ ва бояд дар назар дошта бошӣ, ки нигоҳ кардан бо чашми бад ба фарзандони мардум паёмадҳои ногуворро низ дар пай дорад, ки гуфтаанд:

Макун бад ба фарзанди мардум нигоҳ,

Ки фарзанди хешат (яъне худат) барояд табоҳ [1, С. 255].

Адабиёт:

1.Саъдии Шерозӣ. Бӯстон. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2018. – 328 с.

Шоев Фируз Маҳмадаминович,

сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии

муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика