Санаи 5 майи соли равон дар шаҳри Панҷакент ба муносибати 30 - солагии таъсисёбии Кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ва идона дар қисми ҳарбии 0203 - и Кӯшунҳои сарҳадии КДАМ баргузор гардид. Дар қисми сиёсии чорабинӣ пас аз садо додани Суруди миллӣ муовини фармондеҳи ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ Назарзода Тӯрабек Камол, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ, командири қисми низомии 0203 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, полковник Мираков Рустам Маликович, муовини командири қисми низомии 0203 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Одинаев Ҷамшед Абдуллохолович, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент Шириншо Нуруллоев ва мудири шуъбаи тарғибот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Алишер Мутрибов суханронӣ ва афсарону сарбозонро бо 30 солагии таъсисёбии ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфтанд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъй ва эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, бо изҳори садоқат ба Президенти маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи марзу бум ва якпорчагии Ватан, баҳри таъмини фазои сулҳу субот дар ҷомеа ва оромию осудагии мардум паси сангарҳои нангу номус бо бедорхобиҳо, рӯзону шабон ифои вазифа менамоянд ва қарзи шаҳрвандии худро бо амри виҷдону бо иродаи қавӣ иҷро менамоянд. Дар идомаи вохӯрӣ сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ ба масъалаи авзои ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, бархӯрди тамаддунҳо, хатарҳои фаромиллӣ, пахншавии терроризму экстремизми байналхалқӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, истифодаи дурусту оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, туҳмату иғвоҳои душманону хоинони миллату давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз сарбозон даъват ба амал оварда шуд, ки далерию шуҷоат ва матонату ҳушёрию зиракии сиёсиро ягон лаҳза аз даст надода, баҳри ҳифзи марзу буми Ватан доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд ва ҳамзамон тавониста бошанд, ки бо нерӯи ақлу хирад алайҳи ҳама гуна хатару таҳдидҳо тавонанд, ки истодагарӣ намоянд.
Боиси қаноатмандист, ки дар қисми низомии 0203 -и Кӯшунҳои сарҳадии воқеъ дар шаҳри Панҷакент барои хизмати софдилона ва ватандӯстонаи сарбозон ҳамаи шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд ва сарбозони далеру шуҷои Ватан бо дарки баланди масъулият дар назди давлату миллат, ки чашми бедори Ватананд, қарзи имониву виҷдонии худро сарбаландона иҷро менамоянд. Бояд зикр сохт, ки бо саҳми бонувони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, махсусан шуъбаи кор бо занон барои сарбозон дастархони идона ороста шуд. Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони ансамбли "Марзбон" - и ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳофизи шинохта ва махбуби ҳазорон ҳазор дилбохтагони санъати асил Фахриддини Малик ва Қувватбеки Қувватбек бо лаҳни хушу овози хуш ҳунарнамоӣ ва хотири афсарону сарбозонро шод доштанд.
Абдуллоҳи Қодирӣ