Понздаҳ сол муқаддам, соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва минбаъд ҳар сол дар кишвари мо ин сана ҳамчун рўзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Бостоншиносон собит менамоянд, ки парчам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон аз аҳди қадим маҳсуб меёфт. Пажӯҳишгарон бар он андеша ҳастанд, ки парчамдории тоҷикон ба таърихи 4 ҳазорсола дакка мехӯрад ва нахустин парчамҳо дар Бобулистон, Миср ва Чин пайдо шудаанд. Аммо якумин шуда парчами миллиро дар ҷаҳон мардумони ориёӣ созмон доданд.
Пайдоиши парчамҳо аз гузаштаҳои фаротаърихӣ реша гирифтааст. Дар заминаи пажўҳиш ва ҷустуҷўҳои илмӣ, бостоншиносон дар қисмати шарқии қадимаи Эронзамин ливои хурди филизиеро пайдо намудаанд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз милод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он намои шер ва тулўи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ маҳсуб меёбад.
Ковишҳои бостоншиносӣ ба монанди нақшҳои болои санг ва девораҳои то ба замони мо расида аз он шаҳодат медиҳанд, ки парчам ин рамзи ифтихорот, виҷдон ва шарафи ҳар қавму қабила ба шумор мерафт. Гузаштагони мо дар тўли ҳазорсолаҳо таҳти парчамҳо саф ороста, ҳифзи марзу бум, расму оин, фарҳангу забони худро нигоҳ медоштанд. Яъне, парчами давлатӣ барои ҳамагон на танҳо аз як порчаи рангаи матоъ иборат аст, балки он дорои ҳикмати баландарзише ба монанди: даъват ба ягонагӣ, садоқат, шарафу виҷдон, ватандўстӣ, ҳифзи марзу бум ва саҳмгузорӣ дар рушду нумўи кишвар мебошад.
«Дирафши Ковиён» дар таърихи тоҷикон мақоми вижаеро касб намудааст. Шўриши Коваи Оҳангар таҳти парафшонии дирафше, ки онро аз пешдомани чармини худ тартиб дода буд, идора карда мешуд. Таҳти ин парчам Фаридун ҳамчун меросбари шоҳони Пешдодӣ ба тахт оварда шуд, то зулмро барканор ва адолатро пойдор намояд. Маҳз зери ҳамин ливо Кова тавонист Фаридунро барои соҳиб шудан ба тахт раҳнамоӣ созад. Фаридун чун ба тахт нишаст, «Дирафши Ковиён»-ро муқаддас шуморид ва онро бо маҳлули заррин оро дод. Илова бар ин, дар чор бурҷи ливо акси ситораҳоро раво шуморид. Чор ахтари дурахшон парчами мазкурро намоди дигар эҳдо намуд ва он «Ахтари Ковиёнӣ» номгузорӣ шуд.
Дар куҳанзамон расми дигаре, ба мерос гузоштани дирафши шоҳону сипаҳсолорон бо мақсади пайгирӣ аз корнамоиҳои ҳидояткунандаи эшон вуҷуд доштааст. Шоҳ ливои ифтихориро бо тантанаи махсусе ба сарлашкари шоистаи худ месупоридааст. Ҳанўз дар ҳамон даврон, мисле ки имрўз ҳам ин оин пойдор аст, як гўшаи парчам бўсида мешуд.
Ҷойи ёдоварист, ки «Дирафши Ковиён» то замони мо арзиши таърихии худро ҳифз намуда, рамзе аз нишонаи он дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарҷ ёфтааст, ки рамзи абадӣ ва бардавомии таърихи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. То замони шаклгирии имрўзаи худ, парчам ҳамчун рамз ё нишонаи даъват ба муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд.
Ҳанўз дар даврони гузашта рушди рамзии парчамҳо ва такмилёбии унсурҳои он ба тақвиятёбии корҳои ҷангӣ мусоидат менамуданд. Ливо аслан дар муборизаҳо мавқеи лашкар ва ё макони ҷойгиршавии пешвоҳои ҷангиро ифода мекард. Ба даст даровардани ливои душман одатан маънои адуро аз лиҳози маънавӣ шикаст додан, аз даст рафтани парчам ифодагари марги пешво ва ё асир афтодани ўро дошт. Ҳамчунин, дирафш нақши даркнамоиро иҷро мекард: ҳангоми муҳориба ва набардҳо вобаста ба хусусияти парчам ва ба ҳаракатдарории он ҷанговарон ё муттаҳид мешуданд ва ё ақибнишинӣ мекарданд. Тақдирсоз будани ливо бо мурури замон онро ба як унсури муқаддасе табдил дод, ки эҳтиром, арҷгузорӣ ва ҳифз намуданаш хусусияти ҳатмиро гирифт.
Бо гузашти замон ва тағйир хўрдани сиёсатҳо шакл ва истифодаи парчамҳо низ то ҳадде тағйир ёфта, он як шакли ягона ва муқарраршударо ба худ касб кард. Зам шудани матоъ ба ин рамзи қадима махсусияти тозаеро илова намуд; минбаьд он бояд ҳатман дар ҳаво парафшонӣ мекард. Аз рўи маълумоти дастрасгашта аниқ карда шудааст, ки аввалин ливоҳои матоӣ дар Хитой ба вуҷуд омадаанд, чунки Чин маркази истеҳсоли маҳсулоти абрешимие ба шумор мерафт, ки ба тамоми ҷаҳон содирот мешуд.
Парчам акнун аз як порчаи муайяни матое иборат буд, ки он ба поячўб насб шуда, бо рамзҳо ва аломатҳои гуногун ороиш меёфт. Парчамро ё аз матоъпораҳои рангаи мухталиф омода мекарданд ва ё худи матоъро ранг мемолиданд. Дар натиҷа ҳар як ливо ба як рамзе табдил меёфт, ки назири худро надошт ва дар худ муҳтавои махсусеро ифода мекард.
Дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ низ дар ҷое ливо дар шакли чарминаи муқаррарӣ (Дирафши Ковиёнӣ) қисса мешавад ва дар ҷои дигар дар он сурати гавазн акс ёфтааст (Дирафши Сиёвуш). Дирафши Ковиёнӣ рамзи шаъну шарафи миллияти эронитаборон ва парчамбардор будан, мояи ифтихори родмардони корзорҳо маҳсуб меёфт. Бузургону сипаҳсолорони гузаштаи мо ҳар кадом дирафшҳои ба худ хосеро доро буданд, ки дар рўи он намодҳое тасвир гашта, тавассути он фарқияти як сипоҳ аз сипоҳи дигар муайян карда мешуд.
Дар Аврупо чунин ливоҳо каме баъдтар ба вуҷуд омаданд ва ба якчанд намудҳо ҷудо шуданд: давлатӣ, ҳарбӣ, динӣ ва ғайра. Ливоҳои давлатӣ барои ҳама умумӣ махсуб ёфта, аз рамзи ҳокимияти давлатӣ иборат буд.
Ливои ҳарбӣ бошад, барои ҳар як воҳиди ҳарбӣ хос буда, дар он рамз ва номи ҷузъу том инъикос меёфт. Муфид будани истифодаи ливо низ ба он вобаста буд, ки ҳангоми муҳориба сарлашкар метавонист дар куҷо қарор доштан ва ба кадом самт ҳаракат кардани ҷузъу томро назора кунад. Барои муносибсозии идораи қушунҳои сершумор дар баробари гузоштани номи махсус, барои додани рамзи муайян низ зарурат ба миён меомад, ки яке аз он рамзҳо ливо маҳсуб меёфт. Бояд зикр намуд, ки амалиёти ҳарбӣ на танҳо дар хушкӣ, балки дар баҳр низ сурат мегирифт ва воситаи асосии ҳаракати қушунҳои баҳрӣ қаиқҳои бодбонӣ ба ҳисоб мерафт. Парчам асосан аз ҷониби флотҳои баҳрӣ бо мақсади аз масофаи дур намудор гаштани киштиҳо сохта шуда, дар нуқтаи аз ҳама баландтарини сутуни киштӣ насб мешуд, ки андозаи хеле васеъ дошт.
Дар парчам метавонад ҳадафҳои инқилобӣ, созандагӣ ва рушд, инчунин сохторию идеологӣ низ истифода шавад. Ба ҷуз ҳамчун рамзи давлатӣ, динӣ ва ҳарбӣ истифода шудан, парчам ба сифати рамзи миллӣ, тиҷоратӣ, ҳамчун ифодакунандаи мансубият ба ин ё он ташкилот: маҳалҳо, гурўҳҳои варзишӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва билохира ба сифати рамзи муборизаи халқҳо барои истиқлолияти миллӣ маъмул гардид.
Ин рамзи давлатӣ ба сифати як ҷузъи зебоӣ низ истифода шуда, ҳангоми ҷашнҳои мухталиф кўчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо бо парчамҳои рангаю мунаққаш оро дода мешаванд. Дар ҳавои софу пок ва насимаки серуни кишварамон ҷилваи парчам ба назарҳо роҳат ва ба хиёбонҳои дилрабо ҳусни дигар илова менамояд.
Мувофиқи Низомнома оид ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 қабул гардидааст, «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рамзи мустақилияти ҷумҳурӣ ба шумор меравад.Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх, рахи мобайн ранги сафед ва рахи поён ранги сабз дорад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Тоҷ дар парчам нишонаи халқи тоҷик аст. Ҳафт ситора: дар фарҳанги анъанавии тоҷик рақами «ҳафт» рамзи мукаммалӣ, таҷассуми хушбахтӣ ва накӯкорист. Ин фаҳмиш аз эътиқоди бостонии қадимаи тоҷикон бармеояд, ки тибқи он осмон аз ҳафт боғи зебои атрофашро ҳафт кӯҳ иҳотанамуда иборат буда, болои ҳар кадоми онҳо ситора нур мепошад. Ғайр аз ин, ҳафт ситора ҳафт минтақаи таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистони муосирро нишон медиҳанд: Суғд; Зарафшон; Ҳисор; Рашт; Вахш; Хатлон; Бадахшон.
Мусаллам аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 24 ноябр Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.Ҷашн гирифтани ин рўз нишона аз арҷгузорӣ ва эҳтиром нисбати ин муқаддасоти миллӣ мебошад. Мувофиқи тартиботи муайянгашта ин рўз дар тамоми ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишварамон чорабиниҳои идона баргузор мешавад.
Дар тўли зиёда аз 100 соли мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ, бори аввал парчами ин кишвар чун рамзи истиқлолияти давлатӣ тавзеҳ дода мешавад ва ё аввалин маротиба калимаи «Истиқлолият» дар тафсир ва ё шарҳи парчам ворид шуд. Парчами мо акнун Тоҷикистонро на ҳамчун давлати тобеъ, балки як кишвари мустақил ва бонуфуз дар миёни зиёда аз 200 давлати дунё тафовут мебахшад.
Мутаассифона ҷанги шаҳрвандӣ интизориҳои тоҷикистониёнро як муддат зери шубҳа бурд, аммо он дур давом накард ва баъди истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ умеди мардум ба устувории давлат ва эътимод ба ояндаи дурахшону дучанд зиёд шуд.
Бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози моҳи сентябри соли 2011, дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии сутунаш 165 метрро ташкил медиҳад, барафрохта шуд. Рекорди қаблӣ 162 метр ба Озарбойҷон тааллуқ дошт. Парчам ба андозаи 60 ба 30 метр буда, 70 кило вазн дорад. Парчам бо назардошти шаҳомату бузургӣ ва беназирии худ ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид карда шуд.
Парчам ифодагари ифтихору худшиносии миллӣ, рамзи давлатдории қадимаи халқи тоҷик ва асилзодагии онро ифода менамояд. Аз ин рў, бузургдошти Парчами давлатӣ – арҷгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузаштагони форсу тоҷик ва талошу муборизаҳои халқи ранҷбару заҳматкаш дар масири таърих маҳсуб ёфта, ҳимояву ҳифзи он ва арҷгузорӣ ба ин ливои ҳамешапарафшон қарзи ҷонии ҳар яки мо мебошад.
Воқеан, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани маъракаҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва гузашта аз ин, дар ҳаёти ҳамарўзаи ҷомеа мавқеъ ва нақши муҳим дорад. Дар Парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хатти дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кўшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар ва бақову пойдории он, тоҷ ва ҳафт ситора бошад, соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллат талаққӣ мегардад. 23 ноябри соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рангҳои парчами миллиро “ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” дониста, гуфта буданд: “Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед-нишонаи бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз-нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад”. Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва ифтихор аз дирўзу имрўзи миллат моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўйи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.
Калимаи "парчам", ки имрўз вирди забонҳост, аслан дар забони модарии мо вожаи бегона нест. Андешаи баъзе муҳаққиқон дар хусуси асли туркӣ доштани ин вожа бунёди воқеӣ надорад.
Парчам аз ду вожа "пар" ба маънии бар, боло ва "чам" ба маънии хам, хамида, яъне "болои хамида", "аз боло хамида" иборат аст ва реша дар забони суғдӣ дорад, ки ин забон ба гурўҳи забонҳои шарқии эронӣ шомил мебошад.
Метавон гуфт, ки парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рўзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод.
Парчамро аз замонҳои қадим парчамдорон дар ҷангу муҳорибаҳо пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт.
Бояд таъкид намуд, ки вожаи парчам дар забони модарии мо муродифҳои дигари «дирафш» ё «дурафш», арабиасли «роят», «алам», «ливо» ва туркиасли «байрақ» ё «байроқ»-ро дорад, вале ниёкони мо ба маънии имрўзии парчам бештар аз калимаи «дирафш» ё «Дирафши ковиёнӣ» истифода кардаанд.
Мегўянд, ки чун фарзанди охирини Коваро барои хўрди морони дўши Заҳҳок оварданд, Кова барои додхоҳӣ ба пеши Заҳҳок рафт. Заҳҳок, ки то ин дам ҳабдаҳ писари Коваро қурбони морони худ карда буд, писари ҳаждаҳуми ўро раҳо кард ва фармуд, ки Кова маҳзари бегуноҳии Заҳҳокро гувоҳ бошад. Коваи ситамдида он маҳзарро пора кард ва аз пеши Заҳҳок берун омада, пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехт ва онро парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод.
Вақте Коваи оҳангар дар иҳотаи издиҳом парчам рӯйи каф ба назди Фаридуни Отибин расид, Фаридун парчами ўро фоли нек ва рамзи пирўзӣ бар Заҳҳоки морон дониста, амр кард парчами чармии Коваро бо дебои зарду сурху бунафш ва зару дурру гавҳар оростанд ва онро Дирафши ковиёнӣ ном ниҳод. Ба қавли Фирдавсии Тӯсӣ:
Биёмад ба даргоҳи солори нав,
Бидидандаш аз дур, бархост ғав.
Чу он пўст бар найза бардид кай,
Ба некӣ яке ахтар афканд пай.
Биёрост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ў пайкару зар-ш бум.
Фурў ҳишт з-ў сурху зарду бунафш,
Ҳаме хонадаш "Коваёнӣ дирафш".
Ба навиштаи муаррихи маъруф Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар «Ториху-л-умам ва-л-мулук» (мухтасаран «Таърихи Табарӣ») Дирафши ковиёнии аҳди Сосониён аз пўсти паланг таҳия шуда, дарозияш 12 араш (оринҷ), яъне тақрибан 6-7 метр буд. Ҳамин Дирафши ковиёнӣ то давраи охирин ҳукмрони Сосониён Яздигурди III мавҷуд буд ва пас аз ҷанги эрониён бо арабҳо ба қавле дар атрофи шаҳри Наҳованд ва ба қавли дигар дар Қодисия ба дасти лашкариёни араб ғанимат афтод ва сипаҳдори лашкари араб Саъди Ваққос ин ғаниматро ба халифа Умар ибни Хаттоб ҳадя фиристод. Умар ин ҳадяро напазируфт ва ба гуфтаи маъхазҳо бо амри ў ин парчамро пора карданд ва зару гавҳари онро миёни сарбозон тақсим намуданд.
Парчами Аморати Бухоро аз ду ранг - сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти заррин иборат буд ва дар канори чапи он рўйи хатти сабз "Султон сояи Аллоҳ дар рўйи замин аст" ҳаккокӣ шуда буд.
Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро қабул шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷойи навиштаҷоти "Султон сояи Аллоҳ дар рўйи замин аст" чор ҳарфи русии "Б.Н.С.Р." дар рўйи он нақш гардид, ки ихтисораи "Бухарская Народная Советская Республика" аст. Пас аз се сол ранги парчам сурх шуд. Дар солҳои 1924-1929 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд. Фақат дар канори чапи он акси доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хатти арабиасоси тоҷикӣ - "Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!" ҷой гирифт.
Соли 1953 Парчами Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон боз тағйир ёфт. Ин парчам аз боло ва поён ранги сурх ва дар миён ду хатти нисбатан борики сафеду сабз дошт. Дар гўшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро нигоҳ доштанд. Ин парчам то соли 1992 арзи ҳастӣ кард.
Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷуҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла Дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати ҷавону тозаистиқлоле дар дили Осиё бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда мерасонад.
Наҷмиддин Салимов – мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши исломи муосир