ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИСТ

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.
Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрези гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимилли сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ адамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон–Парчам ва Нишон қабул карда шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.
Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаҳои ватанӣ заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165м., ки баландтарин дар чаҳон аст, парафшон гардид. Паҳноии худи Парчам 30м ва дарозии он 60м мебошад.
Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ монданд, аз он гувоҳӣ медиҳад.
Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Ачдодони мо ҳануз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлатии онҳоро ифода мекард. Аввалин Парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории Ориёӣ қабул карда мешавад.
Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён Дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд. Дар давраи Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болои он таҷассуми паррандаи зарин - мурғи Ҳумо ҷой дода шуд ва дар бахши мураббаи он қимматтарин сангҳо насб гардидаанд. Чунонки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, хар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо Дирафши хоси худро дошта аст. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар милатту давлат буда аст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонисориҳо намудаанд.
Таърих гувоҳ аст, ки парчамдорӣ эҷоди мардуми форс буда, пеш аз ҳама ҳастии миллат ва давлатдориро муайян мекунад. Он рамзи Ватан, номус ва нанги миллат аст.
Дар дини ислом низ парчам мақоми хос дорад. Аз ҷумла, саҳобагони киром мехостанд, ки шарафи парчамбардории ислом насиби онҳо бошад. Расули акрам (с) дар ғазваи Уҳуд парчами исломро ба дасти Мусъаб ибни Умайр супориданд. Вақте душман ҳамла кард, аввал ба парчамдор ҳуҷум намуд, зеро сарнагун шудани парчам нишони сарнагунии миллат ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тариқ вақте дасти рости Мусъабро қатъ карданд, ӯ парчамро ба дасти чапаш гирифт. Аз ин рӯ, нақши парчам ҳам дар ислом ва ҳам дар давлатдории миллӣ нишони бақои миллат аст.
Хушбахтона бо шарофати истиқлолияти давлатии тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд.
Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.
Гиромидошти парчами миллӣ бениҳоят муҳим аст. Масалан, кишвари Афғонистон дорои парчами миллист. Аммо нооромӣ ва амалҳои террористӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои баъзе афрод Прачам, Нишон, Суруди миллӣ ва дигар рамзҳои давлатдорӣ заррае қадр надоранд.
Баръкси ин, дар олам миллионҳо мардуми курд зиндагӣ мекунанд, ки садсолаҳо инҷониб дар орзуи давлати мустақил мебошанд. Ҳарчанд ин миллат давлат надорад, аммо парчами эътирофнашудаи худро чунон арҷгузорӣ мекунанд, ки барои баъзе кишварҳои ҷангзада намунаи ибрат аст.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукӯҳи тамоми санаҳои таърихи миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард .
Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад.
Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.
Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои Қасри миллат, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойхо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.
Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромонона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.

Абдураҳмон Ваҳобзода - муовини директори Маркази исломшиносӣ

Яндекс.Метрика