ПАРЧАМ - ИФТИХОРИ МИЛЛАТ АСТ !

Чист парчам? Ифтихори миллат аст,

Чист парчам? Иқтидори миллат аст

Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,

Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.

 

Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб меравад. Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар чорабиниҳои расмӣ, сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯза нақши хосси худро доро мебошад.

 

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи неки мардуми кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдории ҳар як миллат ба ҳисоб меравад.

 

Дар таърихи 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб баргузор гардид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард, ки дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардида, ки  ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса бо тантана таҷлил мегардад.

 

Маҳз дар ҳамин сол, парафшонии Парчам дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти кишвар гардид. парафрохтани парчамдар бо баландии 165 метр яке аз баландтарин парчамҳои дунё ба ҳисоб рафта, ба маҷмӯи биноҳои маъмурию фарҳангӣ ҳусну зебои тоза бахшида, мавзеи ҷойгиршавии онро «Майдони парчам» номгузорӣ намуданд. Ин анъанаро раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дода, дар маркази ҳар як шаҳру навоҳии кишвар парчам бо баландии аз 60 то 30 метр қомат афрохта истодаааст, ки аз нишони эҳтиром ва ватандӯстии  ҳар як шаҳрванди кишвар вобаста аст.

 

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика