Парчам – рамзи истиқлоли давлат ва озодии миллат

Парчами миллат

Парчами адлу инсоф,
Рояти илму фарҳанг.
Иззи алам зи таърих,
Нақши ситам зи сад нанг.

Ранги муҳаббату ғам
Дар ту зи хуни Кова.
Болфишонданиҳот
Ҳамчу ҷунуни Кова.

Парчами Тоҷикистон
Парчами коваёнист.
Тоҷу ситораҳояш
Тоҷи сари каёнист.

Чину пареши баргаш
Қабзи ғам аст моро.
Мавҷи мулавванаш ҳам
Руҳдам аст моро.

Сабзу сафеду сурхаш
Ранги ҳаёту ҷон аст.
Ҳафтситорагонаш
Нур зи бостон аст.

Баргу матои парчам
Пераҳане ба миллат.
Найзахадангчӯбаш
Ҳамчу ситеғи зиллат.

Пеши ливои миллат
Сар ба замин гузорем.
Чашму ҷабини худро
Дар буни он бимолем.

Парчами адлу инсоф,
Рояти илму фарҳанг.
Иззи алам зи таърих,
Нақши ситам зи сад нанг.

Парчам – рамзи истиқлоли давлат ва озодии миллат

Дар ҷаҳони муосир давлати соҳибистиқлол ҳатман дорои рамзҳои махсус мебошад, ки тавассути онҳо ишорат бар ҳастии хеш менамояд ва дар баробари дигар давлатҳо оҳанги мавҷудият баланд мекунад. Яке аз рамзҳои асосӣ ва ҳатмӣ дар давлатдории муосир – ин парчам ба ҳисоб меравад. Дар забони тоҷикӣ вожаи парчам муродифот, яъне ҳаммаъноҳои худро дорад, амсоли: алам, байрақ, дирафш ё дурафш, ливо ва роят. Вожаҳои алам, ливо ва роят арабӣ, вожаи байрақ – муғулӣ-туркӣ ва дирафш / дурафш форсӣ-тоҷикӣ мебошанд. Вожаи парчам аз нигоҳи баромади забонӣ форсӣ-тоҷикӣ буда, таърихи басо қадим дорад. Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ҳамчун “пӯпаки абрешим, мӯй ё думи гови кӯҳӣ, ки ба нӯги байрақ ё найза мебастанд”, маънидод шудааст (Ҷилди 2, саҳ. 42). Бояд зикр кард, ки вожаи парчам, аслан, баргирифта аз вожаи парча мебошад, ки гунаи тахфифёфтаи порча мебошад.

Тибқи нишондоди Фирдавсӣ дар “Достони Заҳҳок ва Коваи оҳангар”-и “Шоҳнома”, парчамдории эрониён, ки тоҷикон низ дар шумори халқиятҳои эронӣ дохил аст, аз замони Коваи оҳангар оғоз ёфтааст. Чун Заҳҳоки хунхор барои хӯронидани морҳои худ дар баробари дигар ҷавонон писарони Коваро низ туъмаи морон мегардонад, Кова бар асари ин зулму ситам косаи сабраш лабрез мегардаду пешбанд ё пешгири чармини оҳангарияшро дар сари найза баста, халқро бар зидди бедодиву ситами Заҳҳоки Морон даъват менамояд. Шоҳ Фаридуни Отибин пас аз шикасти Заҳҳок бар тахти Эрон нишаст ва парчам ё диравши коваёниро бо зару гавҳар ороиш дода, онро чун рамзи истиқлоли давлати худ истифода кард. Ин воқеа дар “Шоҳнома” чунин дарҷ гаштааст:
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард...
Биёмад ба даргоҳи солори нав,
Бидидандаш аз дуру бархост гав.
Чу он пӯст бар найза-бар бардид кай,
Ба некӣ яке ахтар афканд пай.
Биёрост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш “Ковиёнӣ дурафш”.

Аз гуфтаҳои Фирдавсӣ маълум мешавад, ки пас аз он ки Фаридун парчами Коваи оҳангарро чун рамзи истиқлоли давлатдории худ эълон дошт, ин амали вай баъд аз Фаридуншоҳ ҳамчун ойини шоҳони каёнӣ ҳукми қонунро гирифт ва парчам баъд аз ин бо номи “дурафши коваёнӣ” ва ё, чунонки дар “Шоҳнома” омада, бо номи “Ковиёнӣ дурафш” хонда шуд:
Аз ин пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,
Ба шоҳӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ.
Бар он бебаҳо чарми оҳангарон
Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.
Зи зебои пурмояву парниён
Бар он гуна гашт ахтари Ковиён.
Ки дар шаби тира чу хуршед буд,
Ҷаҳонро бар ӯ дил пуруммед буд.

Парчами пешгири Коваи оҳангар ё дурафши коваёнӣ пас аз Фаридун дар тамоми шоҳигариҳои Эрони бостон то охирин шоҳаншоҳи Сосониён – Яздигурди Савум истифода мешуд ва пас аз ҳуҷуми лашкари араб бо сарварии Саъди Ваққос дар ҷанги Қодисия ғанимат гирифта шуда, аз ҷониби ин сипаҳсолори араб ба халифа Умар фиристода шуд. Халифа, ки бар тибқи сарчашмаҳо шахси бетамаъу сахт қонеъ буд, амр медиҳад, ки парчами Эронро пора-пора кунанду гавҳарҳои қимати онро миёни сипоҳиёни лашкари араб тақсим бикунанд.

Чунонки маълум аст, пас аз он ки дар сарзаминҳои форсизабон, аз ҷумла Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳр, ки имрӯз минтақаҳои Эрону Афғонистон ва Осиёи Миёнаро дар бар мегирад, давлатдориҳои гуногун, аз қабили Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Хоразмшоҳиён ва давлатдориҳои муғуливу туркии амсоли Ғазнавиён, Салҷуқиён, Қарахитоиён, Қарахониён, Элхонон, Темуриён, Шайбониён, Аштархониёну Ҷониён ва Манғитиён ташкил ёфтанд ва ҳама дар пайравӣ аз ойини Каёниён парчам ё дуравшро чун рамзи давлати худ истифода мекарданд.

Дар Тоҷикистони Шуравӣ, ки метавон гуфт, пас аз инқирози Сомониён аввалин ҷумҳурии миллати тоҷик маҳсуб мешуд, соли 1924 парчами ба ойини сиёсати шуравӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин парчам пурра аз ранги сурх иборат буда, дар он аз сӯйи чап нақши досу болға – чун рамзи коргару деҳқон ва нақши ситора – чун рамзи махсуси сиёсати шуравӣ ва нақши пахта – чун рамзи соҳаи аграрӣ-кишоварзӣ будани ҷумҳурӣ мунаққаш шуда ва бо хатти форсӣ хитобаи “Прулиторҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед” дарҷ гашта буд. Ин парчам то соли 1929 дар чунин шакл дар истифода қарор дошт, то ин ки солҳои 1929 ва 1939-1940, пас аз он ки расмулхатти тоҷикон аввалан ба хатти лотинӣ ва баъдан ба хатти кириллиасоси русӣ иваз карда шуда, мусалсал ба ин хатҳо таъвиз гардид. Соли 1929 парчами ҷумҳурии Тоҷикистон аз сари нав тағйир дода шуд. Ин парчам пурра ранги сурх дошт ва аз қисмати чапи боло дар дохили герби мудаввар ба тарзи даврӣ бо хатти форсӣ “Прулиторҳои ҳамаи ҷаҳон як шавед” ва бо забону хатти русӣ “Пролетарии всех стран, соединяйтесӣ!” дар гашта, дар дохили ин навиштаҷот досу болғаи ба ҳам часпида, дар болои онҳо ситорачаи зард, дар поёни досу болға офтоби мунаввар, дар таги офтоб дар дохили лентаи сурх бо русӣ “Тадж. ССР” ва дар гирди онҳо андаруни навиштаҷот ба шакли мудаввар аз ҷониби чап пахта ва аз ҷониби рост хӯшаи гандум нақш гардид.
Соли 1929 нишона, яъне герби парчами мазкур тағйир дода шуд. Ранги дохили он, ки қаблан зарди ба сурхӣ мойил буд, ба зарди равшан иваз гардид ва ситорача, ки дар қисмати болои досу болға қарор дошт, ба шакли калон иваз гардида, досу болға ва офтоби хурд дар дохили он ҷойгир карда шуданд. Ин парчам то соли 1931 дар истифода буд, то ин ки дар соли 1931 аз парчам нишона-герб гирифта шуда, танҳо навиштаҷот бо хатти лотинии “Ҷ.С.С. Тоҷикистон” дарҷ карда шуд. Соли 1935 ба навиштаҷоти лотинӣ аз қисмати боло досу болғаи бузург ва аз қисмати поёнаш бо забони русӣ “Таджикская С.С.Р.” илова карда шуд. Соли 1940 бо кириллӣ шудани хатти лотинӣ, ҷойи навиштаҷоти лотиниро шакли тоҷикии “РСС Тоҷикистон” иваз намуд.

Соли 1953 парчами ҷумҳурии Тоҷикистон боз мавриди тағйир қарор гирифт. Ин тағйирот танҳо марбут бар рангҳои парчам буд. Дар ин парчам аз қисматҳои болоиву поёнӣ ранги сурх (дар боло сурхи бопаҳнотар, дар боло бориктар) ва аз миёна рангҳои сафеду сабзи нисбат ба ранги сурх бориктар нақш ёфтанд.

Соли 1991, бо мунқариз гаштани сохти шуравӣ ва ба вартаи мунозиоти дохилӣ гирифтор шудани ҷумҳурӣ, аз парчам нишонаи он гирифта шуд ва танҳо рангҳои он боқӣ монданду бас.

Соли 1992, дар даврони истиқлол парчами мазкур тағйир дода шуд ва бо ормонҳои миллии тоҷикон мувофиқ карда шуд. Дар парчами мазкур аз қисмати боло ранги сурх, аз қисмати зер ранги сабз ва аз қисмати миёна ранги сафед бо паҳнои зиёдтар аз рангҳои сурху сафед ва дар байни он тоҷ ва аз болои тоҷ ҳафт ситора тасвир гардид.

Зикри ин нукта баҷост, ки 24-уми майи соли 2011 дар маркази пойтахти Тоҷикистон баландтарин парчам дар дунё ба рафъати 165 метр аз замин то боло, 60 метр дарозии матоъ ва 30 метр бари матоъ қомат афрохт. Санги асоси парчами мазкур аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми октябри соли 2010 гузошта шуда буд. Ҳангоми ифтитоҳи расмии парчами мазкур Пешвои азизи миллат парчами Куруши Кабир ва Коваи оҳангарро ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки фарҳанги парчамдории тоҷикон аз қавмҳои ориёӣ сарчашма мегирад.

Ин суханҳои муҳтарам Пешво аз таваҷҷуҳи хосса ба собиқаи парчамдории тоҷикон гувоҳӣ дода, икрому иззат ва меҳру муҳаббати эшонро нисбат ба таъриху фарҳанги бостони тоҷикон далолат менамоянд.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика