Паёмадҳои манфии сиёсигардонии дин дар олами муосир

Инкишофи давлатҳо дар шакли давлати дунявӣ ва ифодаёбии ҳокимият дар шакли низоми демократӣ омӯзиши масъалаҳо ва равандҳои ба онҳо таҳдидоварро муҳим гардонидааст. Дар ҷомеа ва давлатҳои муосир, ки либералӣ ва демократӣ таъриф мешаванд, ҳама гуна равандҳои сиёсии монеъшавандаи рушди онҳо бояд аз ҷиҳати илмӣ дақиқ баррасӣ карда шаванд. 
 
Масъалаи сиёсишавии дин баҳси рӯзмарраест, ки аз дер боз диққати олимон, таҳлилгарони соҳаҳои гуногуни донишҳоро ба худ ҷалб намудааст. 
 
Доираи илмӣ ва академикӣ ба масъалаи мазкур бевосита таваҷҷуҳ менамоянд. Онҳо пайвастагиҳои ин ду падидаи ҷамъиятиро аз диди илмӣ баррасӣ намуда, ҳанӯз аз марҳилаҳои пешин яке тобеи дигар шудан ва истифода бурдани яке аз онҳо аз ҷониби барандагони дигараш бо мақсадҳои гуногун, мавриди омӯзиш қарор мегиранд. 
 
Сиёсишавӣ раванди афзоиши таъсири сиёсат ба дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Сиёсат ва дин ба ҳамдигар таъсир мерасонанд. Таъсири дин ба рушди сиёсии ҷомеа назаррас аст. 
 
Сиёсишавии дин, аз нигоҳи омӯзишҳои назариявӣ ҳамчун ҷараён ва кӯшиши яке аз муҳимтарин падидаҳои иҷтимоӣ — сиёсӣ, идеологӣ ва эътиқодӣ ва барандагони субъектони динӣ, қудратҳо баҳри динигардонии тамоми муносибатҳо, дар давоми таърихи сиёсии башар ба вуқуъ пайвастааст. 
 
Сиёсигардонии динро метавон роҳи махсуси субъектҳои мухталиф ба хотири тақвияти иродаи сиёсии онҳо тавсиф кард. Дин ва сиёсат ҳамеша бо ҳам иртиботи зич доштанд. Аз ин рӯ, навовариҳо ва тағйиротҳои диниро берун аз манзараи сиёсии ҷомеа дарк кардан ғайриимкон аст ва арзёбии рӯйдодҳои сиёсӣ бе назардошти таъсири дин ба ҷараёни онҳо низ номумкин мебошад. 
 
Сиёсигардонии дин ва динигардонии сиёсат яке аз тамоюлҳои асосии муносибатҳои мутақобилаи сиёсат ва дин дар олами муосир аст. Сиёсигардонии дин аксаран дар шаклҳои мухталиф зуҳур пайдо мекунад. Он як навъ майлон ва дараҷаи рӯоварии ходимони динӣ ва иттиҳодияҳои динӣ дар фаъолияти сиёсӣ, раванду ҳодисаҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа, ташаккули дараҷаи маънавиёт ва шуури сиёсӣ ба ҳисоб меравад.
 
Динигардонии сиёсат бошад ҳолатеро мефаҳмонад, ки сиёсатмадорон омилҳо ва унсурҳои диниро дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мухталифи ҷомеа ба назар мегиаранд. Метавон ҳолати мазкурро як тарафи тамоюли релятивизми инкишофи ҷомеа дар раванди инкишофи ҷомеа донист. 
 
Сиёсигардонии дин ва динигардонии сиёсат дар тӯли таърих омезиш меёфтанд. Имрӯз дар шароити ҷаҳони дунявӣ, ҳамкории дин ва сиёсат на танҳо қатъ нашудааст, балки шаклҳои нав пайдо карда истодааст.
 
Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI тамоюли сиёсишавии дин бештар хоси дини ислом гардид. Дини ислом ба як омили ҷиддии таъсиргузор ба равандҳои сиёсӣ ҳам дар дохили кишварҳои алоҳида ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар баробари ин, сиёсӣ шудани дини ислом дар ҷаҳон ташаннуҷи иҷтимоию сиёсиро ба вуҷуд меорад. 
 
"Эҳёи Ислом" ё "Эҳёи исломӣ" дар солҳои 1960 оғоз шуд. Асри XX, пас аз пошхӯрии системаи ҷаҳонии мустамликадорӣ шоҳиди мавҷи васеи тамоюли сиёсишавии дин гардид. Бар асари пошхӯрии низоми дуқутбӣ ва бадном кардани идеяи коммунистӣ ҳамчун идеологияи ҷаҳонӣ ба раванди сиёсӣ шудани ислом такони нав бахшид. Муайян намудани сабабҳо, заминаҳо ва омилҳои сиёсишавии дин кори саҳл нёст. Ҳолати мазкур аз гуногунии сабаб, замина ва омилҳо вобаста мебошад. 
 
Аз шумули сабабҳо ва омилҳои ба вуҷуд омадани сиёсишавии дин ҳамчун тамоюли динӣ - сиёсии замони муосир равандҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ҳамчун омили таъсиргузор ва аксаран шиддатзо ҳисобида мешавад. 
 
Дар ростои муайянкуниҳои сабабҳо ва омилҳои сиёсишавии дин, сабабҳои дигари он аз равандҳои иҷтимоию сиёсии ҷаҳонӣ вобаста мебошад. Махсусан, дар ин раванд ҷаҳонишавӣ низ таъсири амиқ мерасонад.
 
Сабабҳои сиёсӣ шудани дин ва радикализатсияи онро дар сатҳҳои гуногун: ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дар сатҳи давлатҳои алоҳида баррасӣ кардан лозим аст. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз омилҳои сиёсишавии дин паҳн гардидани идеологияи иртиҷоӣ ва тундагороёнаи диндорон ва руҳониён, таблиғи ғояҳои экстремистию террористии «исломизм» мебошад. Арзишҳои ғоявию идеологии мазкур аз ҷониби як қатор ниҳодҳои сиёсӣ, созмону ташкилотҳои иртиҷоӣ ва тундгаро, иттиҳодияҳо ва созмонҳои экстремистии дорои характери динӣ тарғибу ташвиқ мегарданд. Онҳо ҳадафҳои сиёсӣ ва қудратӣ доранд, ки асосаш бо роҳи ғайриосоишта ва таҳдиду барангехтани моҷарои сиёсӣ ташкил намудани шакли ҳокимияти давлатии теократиро доранд. 
 
Бо назардошти хавфу хатари сиёсишавии дин ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳқиқи ин масъала хеле мубрам мебошад.
 
Идома дорад...
 
Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ 
Яндекс.Метрика