Паёмад ва натиҷаҳои зарби сиккаро донишмандон дар омилҳои зерин мебинанд:
1.Аз мушкилоти асосие, ки Абдумалик ибни Марвон ва ҳукумати исломӣ ба хотири маскукоти гуногуни хориҷӣ дучори он шуда буд, фарқият дар тарозуи ҳисоби закот ва маҳри занон ва дигар талаботи динӣ буд, ки гуногунии сиккаҳо онро муҷиб мешуд. Дар натиҷа, ба зарби ин сикка, ки дар он дирҳамҳо ба вазни 15 мисқол бино ба фармудаи Паёмбар ва динорҳо ба вазни 7 мисқол зарб шуд, ки ниҳоятан мушкилиҳо ҳал гардид.
2.Дар сиккаҳои масеҳиёне, ки роиҷи бозори мусалмонон буд, расмҳои нақшшудаи рӯйи он ва навиштаҷоти он мазҳабӣ буд, ки дар натиҷаи ба кор омадани пули ҷадид мусалмонҳоро аз ин ногувориҳо раҳоӣ мебахшид.
3.Вусъатёбӣ ва пешрафти ҷанбаҳои фарҳангӣ дар ҳукумати Абдумалик ибни Марвон.
4.Озодии сиёдати араб ва дар ниҳоят истиқлолият дар фаъолиятҳои иқтисодӣ барои онҳо.
5.Афзоиши иқтидори ҳукумати марказӣ.
Бо ин равиш Абдумалик ибни Марвон тавонист ҳаракати нав ва мустақилро дар фаъолиятҳои иқтисодии ҳукумати худ эҷод кунад.
Аз гуфтаҳои болло бароямон равшан гашт, ки чи замоне ва ба дасти чи касе сиккаҳои исломӣ зарб шуданд. Бояд зикр кард, ки чун сикка зарб шуд, барои нигаҳдошт ва муроқабати он масъулоне гузошта шуданд, ки аз чигунагии сиккаҳо каму коста шудан ё сохтакорӣ дар сиккаҳоро назорат мекарданд.Сохта шудани сикка дар заробхона ва коргарони ин боргоҳ.
Акнун ба вижжагиҳо сохт вазн ва сигуна сохта шудани сиккаҳо дар заробхона ва коргарони ин боргоҳ мепардозем.
Сикка муҳр задан ба динор ва дирҳамҳост, ки миёни мардум роиҷ аст ва ба онҳо муомила мекунанд. Муҳре, ки ба кор мебаранд иборат аст аз пораи оҳане, ки мехмонанд буда, ба он суратҳо ё калимоте менигоранд ва онро ба рӯйи динор ва дирҳамҳо мезананд ва дар ин ҳангом суратҳо ё калимоте, ки дар он нақшшуда буд ба рӯйи динор ё дирҳамҳо ба таври табиӣ ва мустақим падид меояд.
Бояд қайд кард, ки нафари асосие, ки дар дору-с-сикка кору фаъолият мекунад, Фаттоҳ унвон дошд. Фаттоҳ нафере мебошад, ки дар рӯйи дирҳамҳо ва динорҳо нақш мекашад. Фаттоҳ бояд хатти хеле хуб ва дар айни замон як ҳунарманди ҳирфавӣ бошад. Монанди имрӯза нафароне, ки онҳоро чевар ва ё наққош мегӯянд, ки дар рӯйи матоъҳо гул ва ё расмҳое нақш мекунанд, ки пасон онҳоро бо сим ё ришта пур мекунанд, ки мо онро гулдӯзӣ ва ё симдӯзи (зардӯзӣ) мегӯем.
Қобили зикр аст, ки сиккаҳо дорои тамға (бирка) ҳастанд. Тамға (бирка)-и дирҳаму динор муҳри малик буд, ки дар онҳо нақш меёфт. Чуноне, ки имрӯзҳо дар рӯи пулҳои мо соядасти (имзои) раисҷумҳур ва раиси бонки миллӣ оварда мешавад.
Фаттоҳ наметавонист ҳарфҳо ва ё нақшҳои рӯйи сиккаҳоро бе иҷозати малик каму зиёд кунад. Инчунин бояд фаттоҳ қолабҳои сикказаниро доимо дар ҷойи амн ва аз назари мардум пинҳон нигоҳ медошт. На ин, ки фаттоҳ амонатдор мебуд, балки мебоист онҳоро занони (ҳамсарон)- и амонатдор мебуд. Бо вуҷуди ин болои ҳамаи онҳо нозирон буданд, ки доимо аз болои коргарон дар доруссикка назорати ҷиддӣ мебурданд.
Инчунин назоратчиён дар саррофхонаҳо (нуқтаи мубодилаи асъор)-ҳо назорат мекарданд, ки боз дирҳамҳои зарби хориҷӣ ё сохтакорӣ дар онҳо набошад. Ҳатто нозирон дар кӯчаҳо мегаштанд, то аз куҷое садои болға ва алангаи оташ мебаромад, рафта онро медиданд, то касе дирҳамҳои сохтакории накарда истода бошад. Агар нафареро дастгир мекарданд, ба назди малик меоварданд ва малик барои он шахс ҷазо муқаррар мекард. Аз қабили буридани даст, ҳабси тулонӣ ва ё қатл.
Назоратчӣ дар заробхона, яъне дору-с-сикка то бегоҳ чашм аз кормандон наканда, муроқиби онҳо буд, чун дар онҷо бо тиллову нуқра сару кор доштанд.
Бояд зикр кард, ки нафари дигаре, ки назорати тиллову нуқраҳоро вазн мекашид ва пас аз таёр шудани динорҳо боз ҳар яки онро вазн мекашид, ғафсиву тунуки ва сохти онҳоро бори дигар аз назар мегузаронид ва ба истифода шудан иҷозат медод, ин нафар имоми дору-с -сикка (أمام دار السكة) номида мешуд.
Инчунин дар дору сикка тарозу буд, ки яке аз асбобҳои муҳим ҳисобида мешуд, ки бо сангҳои махсуси сиёҳ барои ченаки вазни тиллову нуқра истифода бурда мешуд. Албатта зикри вазну тарозу дар Қурони Карим зиёд омадааст, чунончи дар ояти зерин:
Ва(вазнро)ба инсоф рост санҷед ва дар тарозу нуқсон накунед.Сураи Ар-раҳмон,ояти 9
Нафаре, ки шабона посбонии дору-с-сиккаро ба уҳда дошт, нигаҳбони шабона (ҳорису лайл) буд, ки ӯро Сомир (سامر) мегӯгуфтанд.
Чизи дигаре, ки дар дору-с-сикка истифода мешуд, ин оташ буд, ки дар дору сикка ашёи асосӣ ба ҳисоб мерафт.
Шояд оташ намешуд ин динору дирҳамҳо ва ё ҷавоҳироти дигар гудохта намешуд. Ногуфта намонад, ки зикри оташ дар бисёре аз сарчашмаҳои хаттӣ ва ҳатто дар ояҳои фаровоне аз Қуръони карим зикр гардидааст:
Сураи воқиа ояти 71.Оё он оташро, ки меафрӯзед, дидаед.
الَّذِي جَعَلَ لَكُم مِّنَ الشَّجَرِ الْأَخْضَرِ نَارًا فَإِذَا أَنتُم مِّنْهُ تُوقِدُونَ(Ёсин ояти 80 )
(Ҳамоно,ки аз дарахти сабз бароятон оташ пайдо кард ва акнун шумо аз он оташ меафрӯзед).
Оташе, ки дар дору сикка истифода бурда мешуд, аз ҳезум ва ангишт буд.
Ин буданд, он ашъёҳо ва чизҳое, ки дар дору-с-сикка истифода мешуданд ва мо маълумоти мухтасаре дар бораи ҳар яки онҳо, ки камеҳам бошад овардем.
Шокиров Умедҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломӣ