Паёми Президент – заминаи рушди соҳаи маориф

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (21 декабри соли 2021) ба масъалаи рушди соҳаи илму маориф таваҷчуҳи ҳаматарафа зоҳир карда шудааст. Сарвари давлат зимни ҷамъбасти дастовардҳои Тоҷикистон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ, таъкид карданд, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардида, 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда, аз ҷумла, 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 200 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар давраи мазкур дар ҷумҳурӣ 39 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 28 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд. Дар соли равон дар муассисахои таълимоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар хонанда ва дар муассисаҳои таълимоти олии касбӣ 245 ҳазор донишҷӯён таҳсил карда истодаанд. Шумораи умумии муҳассилони  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёна ва олии касбӣ назар ба соли 1991, мутаносибан, 1,6 баробар ва  сеюним баробар зиёд шудааст. Дар соли 2021 шумораи ҷавонписарону духтароне, ки барои таҳсил ба 25 кишвари хориҷӣ фиристода шудаанд, ба беш аз 42 ҳазор нафар расид. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавононписарону духтарони боистеъдод барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Сарвари кишвар дар идомаи суханронии худ, ба мақсади рушди минбаъдаи соҳаи маориф, дар назди Ҳукумати мамлакат вазифа гузоштанд, ки дар зарфи панҷ соли минбаъда (солҳои 2022-2026), дар ҷумҳурӣ бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад. Сарвари кишвар зимни суханронӣ ба мақсади мусоидат намудан ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, инчунин, ҳавасмандгардонии моддию молиявии омӯзгорон пешниҳод карданд, ки аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф ва як қатор соҳаҳои дигари буҷавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад. Вазифаи дигари Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул кардани   Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мебошад. Консепсияи мазкур бояд аз тариқи қабул ва амалисозии  барномаҳои миёнамуҳлат, давра ба давра, амалӣ карда шавад. Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд. Тибқи дастури сарвари кишвар, дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд. Зимнан, сарвари кишвар таъкид намуданд, ки дар муассисаҳои тахсилоти касбӣ ҷавонон ва занону бонувон ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таълим дода шаванд. Сарвари кишвар зимни суханронӣ борҳо ба масъалаи рушди соҳаи маориф дахл намуда, бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карданд. Ба андешаи сарвари кишвар, ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Аз ин рӯ, соҳаи маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, барои танзими муттасилони раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Сарвари кишвар ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда шуд, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Сарвари кишвар барои тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногунро зарур ва муфид донистанд. Аз мазмуни суханони саршори меҳри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон чунин хулосаи муҳим ҳосил мешавад, ки сарвари кишвар ба насли наврасу ҷавони кишвар ҳамчун ворисону ҳомиёни ояндаи давлату миллат, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат эъттимоди комил доранд: «Дар  ҷомеаи мо, - қайд мекунад сарвари кишвар дар Паёми худ, - насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем». Ҳамзамон, сарвари кишвар таъкид карданд, ки ҳазорсолаи сеюм, яъне замоне, ки мо зиндагӣ дорем, асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳост, асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд. Аз ин рӯ, барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад. Умуман, тавре аз мазмуни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳувайдост, сарвари кишвар як қисми умдаи суханронии худро ба шарҳу таҳлили вазъи маориф дар Тоҷикистон дар зарфи 30-соли соҳибистиқлолӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушди соҳаи мазкур бахшидаанд. Сарвари кишвар барҳақ таъкид намудаанд, ки рушди устувори ҷамъиятию иқтисодии Тоҷикистон бо рушди маорифи миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълими фанҳои дақиқ, касбҳои зарурӣ ва забонҳои хориҷӣ  сахт тавъам ва вобаста мебошад. Вазифаҳо ва дастуру супоришҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади рушди соҳаи маориф дар панҷ соли минбаъда (солҳои 2022-2026) дар назди Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва вазорату идораҳои дигари дахлдор гузоштанд, пешниҳодҳои сарвари кишвар дорои аҳамияти стратегӣ буда, воридшавии Тоҷикистон ба сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳонро кафолат медиҳанд, аз ин рӯ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти Тоҷикистон бояд дар амалӣ сохтани онҳо саҳм гузорад.

 

Шоев Зиёвиддин – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ. 

Яндекс.Метрика