Паёми табрикии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки имсол дар арафаи тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ба кулли кормандони Маркази исломшиносӣ ва мардуми сарбаланди тоҷик сидқан табрик гуфта, ба ҳамагон хотири ҷамъ, саломатии комил, хонаободӣ ва дастоварду муваффақиятҳои бепоён таманно менамоям.

Конститутсияи давлати куҳанбунёди тоҷикон дар айёми ниҳоят вазнини вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷониби мардуми сарбаланду шарифи кишвар ҳамчун санади муқаддас, барномаи асосии фаъолияти давлат ва ҷомеа ҷонибдорӣ ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба марҳалаи нави таърихӣ ва устуворсозии пояҳои давлати мустақил заминаи боэътимод гузошт.
Дар робита ба арзиш, аҳамият ва нақши ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад».

Сокинони кишвари азизамон аз он ифтихор доранд, ки ба шарофати арзишҳои башардӯстона Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст, зеро меъёрҳои он зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузоштанд. Таҳйироте, ки бо назардошти рушду тараққиёти ҷомеа солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ин меъёрҳоро боз ҳам такмил бахшида, барои расидан ба марҳилаи навбатии инкишофи ҷомеа, демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намуданд.
Эҳтиром ва риояи меъёрҳои ин санади тақдирсози миллат моро водор месозад, ки волоияти қонунро эҳтиром намоем, муттаҳиду сарҷамъ бошем ва минбаъд низ аҳлонаву содиқона заҳмат кашида, баҳри шукуфоиву сарсабзии Ватани азизамон рисолати шаҳрвандии худро бо дили пур ва сари баланд иҷро намоем.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар, тамоми кормандони Маркази исломшиносӣ ва халқи Тоҷикистонро ба ифтихори солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар Ватани азизамон сулҳу суботи пойдор орзу менамоям.

Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак бошад!

Бо эҳтиром,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Холиқзода Абдураҳим

Яндекс.Метрика