ПАЁМ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки дар таърихи  21 декабри соли 2021 баргузор гардид,  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян карда, натиҷаҳои корҳои анҷомёфтаро дар соли 2021 таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳоро барои соли 2022 муайян намуд. 

Дар Паём муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барорбари зикри дастовардҳои мардуми Тоҷикистон дар тўли Истиҳлолияти миллӣ ва бавижа дар як соли охир, дар ҳисмати сиёсати хориҷии кишвар нисбат ба вазъи кунунии ҷаҳон, аз ҷумла давлати исломии Афѓонистон сухан карда изҳор доштанд, ки аз таҷрибаи талхи таърихие, ки мо дорем, «ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем ва дар муносибат бо онҳо ягон ҳадафи ғаразнок надорем. Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем. Маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад». Бо вуҷуди ин таъкид доштанд, ки бо гузашти солҳо вазъи ҷаҳон мураккабу печида ва таҳдиду хатарҳои муосир боз ҳам ошкору шадид гардида истодаанд. Аз ин рӯ, мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо. Пешвои миллат аз таҳаммулпазир будани миллати хеш боварӣ дорад ва мегўяд: «... эътимоди комил дорем, ки тамоми мушкилоту камбудиҳоро худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон дар солҳои наздиктарин бартараф месозем. Таъкид месозам, ки танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад. Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам: модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем». Бе шак(к) ин ҳама дастовардҳо самараи сабру таҳаммул, ҷонфидоиҳо ва заҳматҳои  беназири мардуми Тоҷикистон зери раҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст.

Шуъбаи пажӯҳиши фиқҳи исломӣ

Яндекс.Метрика