Паҳн кардани андешаҳои экстремистӣ - террористӣ ҷиноят аст!

Имрӯзҳо фазои маҷозӣ барои тамоми инсонҳо ҳаққи сухан гуфтан, навиштан ва имконияти васеъи паҳн кардани андешаву дидгоҳи худ ва  дигаронро додааст. Яке аз мушкилиҳое, ки фазои маҷозии Тоҷикистон дорад, ин гардиш ва ё паҳн кардани суханрониҳои мубаллиғони динии ифротӣ мебошад. Маводи хусусияти экстремистӣ - террористӣ доштае, ки имрӯзҳо дар фазои маҷозӣ паҳн мешавад, метавон ба чор қисмат тақсим намуд:

1.Суханрониҳои воизони дохилие, ки солҳои пеш ба навор гирифта шудаанд, аммо то ҳол дар фазои маҷозӣ давр мезананд;

2.Суханрониҳои воизони афғонтабор, ки аксарияти онҳо хусусияти ифротӣ дошта, барои ифротикунонии тафаккури динӣ ва  барои зиддият ва муноқишаҳои динӣ замина омода месозанд;

3.Суханрониҳо ва ё нашидҳое, ки бо забони арабӣ хонда мешаванд, як теъдоди онҳо мазмуну  хусусияти экстремистӣ - террористӣ дошта, кисме шаҳрвандон, агар дониста онҳоро паҳн кунанд,  қисмати зиёди мардум мазмуну моҳияти онҳоро надониста паҳн мекунанд.

4.Суханрониҳои  мубаллиғони динӣ - сиёсии  тоҷиконе, ки  берун аз Тоҷикистон қарор доранд.

Дар ҳаёти ҳар як ҷомеа бо мурури замон тағйироти нав ворид мешавад ва ин падидаи муқаррарист. Аз ҷумла, дар  таълими дин низ омиле мавҷуданд, ки  вобаста ба он ҳукми ин ё он масъала тағйир меёбад. Хусусан вақте омил аз байн рафт, ҳукм ҳам бекор мешавад ва ин талаботи шариат аст. Яке аз онҳо ин тағйирёбии замону макон аст. Яъне, як масъала дар як замоне дар як шакли ба худ хос матраҳ мешуд ва ҳукми он ҳатмӣ буд, вале  дар замони дигар моҳияти худро гум кард ва ё бо тарзи дигар ҳукми он тағйир ёфт. Зеро бо гузашти замон фаҳмиш ва дигар унсурҳои иҷтимоӣ тағйир ёфта, талаботи нави зиндагӣ рўи кор меоянд. Дастовардҳои илмӣ ҳаёти ҷомеаро куллан дигар карда, дар баробари он фикру андешаҳо ва ҷаҳонбиниҳо низ дигар мешаванд. Дар ин масъала  чандин мисолҳо овардан мумкин аст, аммо ба доно як ишора бас аст, афсонаҳои гузашта ба воқеияъти имрўз созгор нестанд.

Айни ҳамин раванди паҳн намудани суханрониҳои воизони берунӣ ва ё рӯҳониёни дохилӣ, ки  дар солҳои пеш гуфта шудаанл,  бештар ба мушоҳида мерасад. Солҳои пеш, рӯҳониён аз он минбарҳову озодиҳое, ки доштанд, истифода намуда, ҳар сухане, ки дар забонашон омад гуфтанд. Нисфи мардум мушрик, нисфаш кофир, нисфаш занаш талоқ, нисфаш ҳаромзода як ҳукми маъмулӣ шуд. Ҳатто баъзеашон аз доираи дин берун рафта, бо фатвоҳои худ мардумро ба дузаху биҳишт мебурданд. Гўё калиди биҳишт дар дасти инҳо бошад.  Аз ҳама аҷибаш он аст, ки  то ҳол ин тоифа рӯҳониён дар ҷомеа обруву нуфӯз доранд, бологузар ҳастанд. Шояд мардум чунин муаррифии динро қабул дорад, ҳарчанд суханони ин ашхос ҳанўз ҳақиқати дин нест.

Танҳо як мисол меорем, ки рӯҳоние аз минбар чунин мегуфт: “Онҳо, ки шаби 31-ум соли навро ҷашн гирифтед, мулло биёред, занҳояторо аз сари нав никоҳ кунед”.  Агар Наврўзро касе ҷашн гирад ва ба хотири ин рўзи хос тўҳфа тақдим кунад, мушрик мешавад. Касе иди 8 - Мартро ба хотири озодии занон гуфта қайд кунад, гунаҳкор мешавад.  Ин суханонро рӯҳониён  зиёда аз 20 сол пеш гуфтаанд. Аммо ҳар сол пеш аз фаро расидани ин ҷашнҳо  давр  задани ин сабтҳо дар фазои маҷозӣ  даҳҳо маротиба зиёд мешавад.  Иддае то ҳол дарк накардаанд, ки ин сухан ҳатто дар ҳамон замон боиси нофаҳмиҳо гашта буд ва мавриди қабул ҳам набуданд. Зеро таҷлили аксарияти ҷашнҳои номбурда  як масъалаи рўзмараи ҳаётӣ буда, ба меҳвари имон ва дин онро ягон кас пайванд накардааст. Дар ҷомеаи мо он бештар хусусияти  маросимӣ-анъанавӣ дорад, на имонӣ. Анъана ва муносаба ҳанўз дин нестанд ва аз доираи баҳси дин куллан берун ҳастанд. Руҳониён ин масъаларо ба дин ба хотири муаррифии худ ҳамчун ҳомиёни дин пайваст мекунанд. 

Дар рӯзгори мардуми  араб садҳо урфу анаънаи қабл аз ислом боқӣ мондааст ва он масъалаи баҳс ҳам нест. Таҷлили рўзи шутурдавонӣ  бо талоқ, чӣ пайвандӣ дорад, дар ҳоле ки  шарти талоқро дин муайян кардааст! Араб то ҳол онро ҳамчун маросим қайд мекунанд. Дар ҳоле, ки шариат миёни урф ва талоқ ягон пайванди ақидавӣ васл накардааст. Агар онро ҳамчун масъалаи эътиқодӣ мулло ҳукм кардааст, ин фаҳмиши шахсии худаш аст, дар ҳоле, ки имон ҳарами Худованд аст ва ҳеҷ касро қудрати муайян кардану салоҳияти назорати имондории дигарон надодааст. Мардум  аксаран ба ҷашнҳо  на аз рўи эътиқод ва имон муносибат дорад, вале мулло дар дили мардум даромада дидааст, ки амал аз рўи эътиқод будааст, пас мардуми мусулмон мушрик, занаш талоқ. Ҳоло он ки дил макони имон ва ҳарами Парвардигор аст, на моли шумо.  Чунин усули баён  метавонад боиси барангехтани кинаву  адовати динӣ дар ҷомеа гардад ва барангехтани кинаву адовати динӣ, ки ба ифрот мебарад, ҷиноят аст. Ба ин мисолҳои зиёдеро метавон овард, ки ҳар замон дар арафаи Рӯзи модар, Наврӯз ва дигар иду ҷашнҳо ин ангезаҳои тундгароӣ аз нав садо медиҳанд. 

Давлати Тоҷикистон давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд буда, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динӣ талоши зиёд намуда истодааст. Аммо он маърӯзаҳое, ки рӯҳониёни мо дар солҳои пеш вобаста ва ҷашнҳои миллии тоҷикон мегуфтанд ва ҳатто ҳукм мекарданд, метавонанд, дар ташаккули тафаккури  насли ҷавон як дидгоҳи бадбинӣ нисбат ба ин арзишҳои миллӣ заминагузорӣ намояд. Онҳое, ки ин маводро паҳн менамоянд, сабабгори аслии барангехтани кинаву адовати миллӣ ва ё динӣ мегарданд. Аз ин рӯ, ҷавонони имрӯзаро зарур аст, ки моҳияти ин суханҳоро хуб дарк карда битавонанд, то ин гуна маводи хусусияти ифротӣдоштаро такроран дар фазои маҷозӣ пахш нанамоянд. Дар сурати паҳн намудани чунин мавод ин амал боиси  тахкир ва поймол намудани  хукуки шахрвандон мегардад. Нисбати ин амалхо минбаъд  қонунҳои дигари амалкунанда дар бораи пешгирӣ ва мубориза бо паҳн кардани ақидаҳои экстремистӣ ва террористӣ  татбик мегардад.

2.Имрӯзҳо суханрониҳои рӯҳониёни ифротии афғонтабор, ҳарчанд баъзеи онҳо кушта шуда бошанд ҳам, аз қабили Абдуззоҳири Доӣ, Абуубайдуллоҳи Мутаваккил, Муҷибурраҳмони Ансорӣ, (баъд аз вафоти Муҷибурраҳмон ҷои ӯро Фазлурраҳмон бародараш гирифтааст), Муслимёр ва аз арабҳо (Албонӣ, Усаймин,) дигарон дар фазои маҷозии мо давр мезананд. Онҳое, ки суханронии ин тоифаро дар фазои маҷозӣ паҳн мекунанд, бевосита поягузор ва паҳнкунандаи андешаҳои экстремистӣ дар ҷомеа мегарданд ва бояд бидонанд, ки паҳни кардани чунин маводи дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ  ҷиноят аст.  Шаҳрвандро ҳам аз рўи мансубияташ ба ин гурўҳҳои ифротӣ ва ҳам барои  мусоидат ва паҳн кардани онҳо ҷазо медиҳанд. 

Айни ҳол бештар суханрониҳои Муҷибурраҳмон Ансорӣ, Абуубайдуллоҳи Мутаваккил ва Абдуззоҳири Доӣ дар фазои иттилоотии мо  паҳн мешаванд, аксаран хусусияти экстремистӣ-террористӣ доранд. Шаҳрвандони азизи мо инро бояд хуб дарк кунанд, ки ин тоифа ин суханҳояшонро дар кадом замон ва дар кадом макон гуфтаанд. Ин суханрониҳо дар муҳити бесурусомонии кишвари Афғонистон сабт шудаанд ва то ҳол вазъи ин кишвар маълум аст. Муҷибурраҳмони Ансорӣ замоне дар Ҳирот мавъиза мекард, ки он муҳит комилан дар ихтиёри хеҷ сиёсате набуд ва ӯ ҳар чӣ мехост мегуфт, ки чандин маротиба зидди ӯ дар парлумони давлати Афғонистон садо баланд шуда буд. Зеро як теъдоди олимону коршиносон оқибати ин суханрониҳои тундгароёни диниро медонистанд.  Дар баробари оне, ки ҳукумати Толибон сари қудрат омаданд, Абуубайдуллоҳи Мутаваккил ва Муҷибурраҳмони Ансорӣ кушта шуданд. Аз Абдуззоҳири Доӣ хабаре нест, танҳо ҳамон суханрониҳои пештарааш дар фазои маҷозӣ гардиш доранду халос. Аз ин маълум мегардад, ки ҳарчанд худи Толибон тарафдори низоми исломианд, мавқеи ин рӯҳониёнро танг карданд ва ҳатто аз байн бурданд. Барои мисол метавон як суханронии Абу Убайдуллоҳро ин чо зикр кард: “Эй мусулмонони тоҷик дар ин кишвари куфр то кай зиндагӣ мекунед. Э беномусҳо магар шумо мусулмонед....”. Аввалан кишвари куфр ҳамчун мафҳуми динӣ дар сарчашмаи аслии дин Қуръон наомадаст. Агар  99%-и мардуми кишвар худро мусулмон гўянду динро бо иҷрои аҳкомаш муқаддас шуморанд ва расман  мардум аз дин даст кашиданашро эълон накарда бошад, дар асоси кадом далел ин кишварро куфр ҳукм мекунад. Агар барои низоми давлатдории дунявӣ онро ҳукм куфр кунед, дар ин сурат ҷавоб дақиқ барои шумо Қуръон додааст. Қуръон ягон низоми сиёсиро тарғиб ва меъёри зиндагии мусулмонон қарор надодааст. Хилофату аморат ва салатанат таҷрибаи пайравони ин дин дар таъсиси низоми давлатдорӣ аст, на асли ин дин. Худованд сареҳан ягон низоми хосро барои мусумонон  муқаррар накардааст. Магар дар кишвари бо аксарияти мардумаш ҳазор сол мусулмон ҷиҳод эълон мекунӣ. Ба муқобили кӣ. То замоне, ки амрикоӣ дар кишварашон буданд, ҳарфе ҳам алайҳи инҳо нагуфтанд. Вале ба ҷиҳод даъват доранд ба муқобили мардуми мазлуми афғон. Зеро интихоби  низоми давлат қудсият надорад, қудсият дин дорад. Вале андешаҳои ифротии ин мубаллиғон сабаби қатлу куштори ҳазорон мусулмон дар кишварҳои мусулмоннишин гардида истодааст. Аз ҷиҳод ҳарф мезананд, вале ҷиҳод алайҳи як мусулмони дигар. Ҳазорон мусулмон дар кишварҳои Сурия  ва Ироқ бо як ҳукми чунин мубаллиғонӣ ифротгаро ба қатл расиданд. Вале боре ҳам ин воизон дасти як бенавои афғонро нагирифтаанд. 

Кишвари мо низоми давлати дунявиро интихоб кардааст. Истифодабарандаи фазои маҷозӣ бояд бидонад, ки низоми Тоҷикистон демократӣ дунявӣ аст ва ба дини  ислом  ва эътиқоди мардум ҳеҷ тазод ва ё зиддияте надорад. Дар низоми давлати демокартӣ пайравони тамоми динҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда озодона фаъолият доранд ва ҳеҷ кас ҳуқуқи  поймол кардани ҳуқуқи шаҳрванди дигарро надорад. Дар ҳоле, ки  мубаллиғони мисли Абдуззоҳир Доӣ, Абуубайдуллоҳи Мутаваккил низоми демократиро куфр хонда чунин мегӯяд: “Димукросӣ куфр аст”. Абдуззоҳири Доӣ бошад, калимаи шаҳодатро бо ғаразҳои сиёсии худ шаҳр дода, тамоми низомҳои ғайри исломиро куфр эълон менамояд. Ҳол он ки худи ӯ сураи “Шуро”-ро медонад ва ҳамин сура поягузори ҳамагуна низоми дар асоси шўро таъсисёфтаро мащрўъият мебахшад. Вале то ҳол ягон бор ин оятро зикр накардааст. Усули аҷиб! Ҳатто Қуръони каримро бо назардошти манфиатхои дунявӣ тақсимбандӣ ва мавриди истифода қарор медиҳанд. 

Инчунин, рӯҳониёни дигари афғонтабору араб аз минбарҳое, ки дар ихтиёрашон қарор додаанд,  мардумро ба сафи ҷанг бо номи ҷиҳод даъват мекунанд. Ин даъват мазмуни тарафдорӣ, мусоидат ва тарғиби таълимоти хусусияти ифротгароидоштаи  ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои экстремистӣ-террористиро дорад, ки дақиқан ҷиноят аст. Ҳар видеонаворе, ки дар онҳо хусусияти даъват ба амалҳои экстремистӣ-террористӣ ва ё пайваст шудан ба сафи созмону ташкилотҳои террористӣ дида мешавад ва нафаре, ки онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои мачозии Тоҷикистон паҳн мекунад, аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҷиноят содир мекунанд. Ҷавонони имрӯза бояд зирак ва доно бошанд, то ҳаёти осудаву ороми худ ва ҷомеаро  халалдор насозанд. Дар бораи муноқишаҳои диние, ки дар кишварҳои мусалмонӣ сурат гирифта истодааст, ба ҷуз мусулмон каси дигар кушта намешавад. Дар ҷангҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон ҳазорон мусулмон бехонумон овараву беному нишон шуданд. Ин натиҷаи даъвати ин мубаллиғони ифротӣ аст. Чандин шаҳрвандони мо  дар сафи ДИИШ даст ба қатлу куштори ҳазорон мусулмони кишварҳои Ироқу Сурия заданд. Ҳоло он, ки мардуми ин кишварҳо қабл аз мардуми мо мусулмон шуданд ва исломро ба минтақа инҳо оварданд. Ин мубаллиғони ифротӣ бе ягон асос ва далел имрўз як мусулмонро кофир эълон мекунанд, мекушанд ва боз иддао доранд хизмат дар дин карданд.

3.Инчунин, имрӯзҳо баъзеҳо дониставу надониста, ба истилоҳ нашидҳоеро, ки бо забони арабӣ  хонда мешаванд, ҳангоми иҷрои ин ё он амалиёти ҷангӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Нашидҳо ҳам чанд навъ доранд. Мазмуни қисмате аз нашидҳо хусусияти тарбиявӣ, ибодатӣ, ахлоқӣ, динӣ,  васфи неъмати Худованд доранд. Вале баъзеи дигарашон аз рўи мазмуну моҳияташ ғояҳои сиёсиву идеологии  ин ё он ҳизбу ҳаракат ва ё созмону ташкилотҳои экстремистӣ-террористиро тарғиб доранд. Паҳн кардани онҳо  маънои мансубият ва даъват барои  пайвастан ба ҳамон ҳизбу ҳаракатро дорад. Барои мисол, имрӯзҳо дар саҳифаҳои мубаллиғони  ТБТ ДИИШ нашид бо номи “Давлати-л-исломӣ қомат би димои-л-муслимин” дар фазои маҷозии мо давр мезанад. Гумон мекунам баъзе аз ҳамон ҷавононе, ки ҳамин нашидро паҳн мекунанд ҳатто ба моҳияти он сарфаҳм намераванд. Аммо бояд таъкид кард, ки надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Хуб мешуд, ҳар маводеро, ки мазмуну моҳияти онро намедонанд дар фазои маҷозӣ пахн накунанд ва ё вориди ин баҳсҳо нагарданд.

4.Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин тарғиби андешаҳои ифротӣ-террористӣ аз ҷониби худи тоҷиконе, ки дар берун аз кишвар қарор доранд, мебошанд. Ин гуруххои аз ҳақиқат дур мехоҳанд миллату давлати тоҷикро дар вартаи муноқишаҳои навбатӣ андозанд. Ба ин гурӯҳҳо суханрониҳои мазмуну моҳияти экстремистидоштаи (Маданӣ, Абу Суҳайб, Абу Усомаи Норакӣ), суханрониҳои моҳияти сиёсидоштаи Кабирӣ, Ҳусайнӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин суханрониҳои канали ютубии Муҳсин тҷ, ва ғайра дохил мешаванд, дар фазои маҷозӣ давр мезананд.

Як теъдоди дигар чеҳраҳои аслии худро нишон намедиҳанд, аммо пайваста ба таҳқиру такфир машғул шуда, мардумро ба пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ-террористӣ дошта даъват мекунанд.  

Ҷавонони мо бояд бидонад, ки тасдиқ, ва паҳн  намудани маводҳои ин тоифа ва ба ҳамин монанд дар фазои маҷозии Тоҷикистон ҷиноят ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд ин тоифа худ алллакай барои мардум шинохта шудаанд, аммо боз нафарони дигаре сухарониҳои онҳоро  дониставу надониста паҳн менамоянд. 

Бояд таъкид намуд, ки паси сохтани ин барномаҳо, таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ манфиати қудратҳо нуҳуфта аст ва таблиғи ин андешаҳо танҳо дар осиёби онҳо об рехтан аст. То ҳол ягон ҳизбу ҳаракати экстремистӣ дар ягон кишвари мусулмонӣ ягон ободӣ ва созандагӣ наовардааст. Пеш аз ин кӣ як маводро мехонед ва ё паҳн кардани мешавед, аввал онро бодиққат хонед ва фикр кунед оё ин кор зарур аст ё не! 

Сониян, фикр кунед, ки тарғиби он ба шумо чӣ медиҳад, агар оқибаташ маҳбас бошад!

Саввум, агар ягон ҷавони дигари дониши динӣ надошта ҳамин маводи шуморо қабул кунаду аз рўи он амал кунад ва ба ҳар бадбахите, ки рў ба рў мешавад ва ё гирифтор мешавад, шумо ҳам дар ин мусибат гунаҳ коред ва фардо ҳам дар назди қонун ва ҳам дар назди Худованд аз ин амали худатон ҷавоб медиҳед. 

 

 

 

Маҳрамбеков М. - котиби илмии Марказ

 

Рамазониён А. - сармутахассиси шуъбаи иттилоот ваташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика