Перомуни принсипҳои «Исломи шомил»-и Ҳасани Бано

Аввалан, таассуби шадиди динию тафаккури эътиқодӣ, сониян, ноогоҳӣ аз қонуниятҳои инкишофи ҷомеа дар мафкураи Ҳасани Бано як ҳадафи хаёлӣ ва бепояро эҷод сохтаанд, ки ӯ бояд ҳатман одамонро зери як ғоя (агарчанде ғояи мазкур хато ва татбиқнашаванда бошад ҳам) ҷамъ оварад. Ғояи мазкур сохтани давлати исломии ҳамсони хилофатҳои исломии қарнҳои VII-VIII-ро дар назар дорад. Аллакай дар оғоз барои ҷаҳолати ихвониҳо, салафиҳо ва ҳаммаслакони онҳоро аз дигар ҳаракату ҷараёнҳои ифротӣ собит намудан факти зерини таърихиро аз ҳаёти халифаҳои умавӣ ёдрас менамоям. Халифаи бо сахтгирияш машҳур Абдулмалик ибни Марвон (685-705) ба муосирони худ гуфтааст: «Шумо аз ман ҳамон сифатҳои ахлоқиеро талаб мекунед, ки Абубакр ва Умар доштаанд, оё худи шумо метавонед ҳамон тавре зиндагӣ намоед, ки одамон дар ҳамон аср зиндагӣ намудаанд». (Муҳаммад ал-Хударӣ. ад-Давла ал-умавия. Бейрут, 1998, с. 398-399). Хонанда ин ҷо бояд ба чунин факт таваҷҷӯҳ намояд, ки Абубакр соли 634 ва Умар соли 644 вафот кардаанд ва байни вафоти Умар ва ба сари тахт нишастани Абдумалик ҳамагӣ 41 сол аст. Чун дар тӯли 41 сол дар ҷомеа чунин тағйироте сурат гирифтааст, ки на халифа ва на аҳолӣ натавонистаанд, ки чун 41 сол пеш ахлоқ дошта бошанду зиндагӣ намоянд, пас баъд аз 1300 сол, ки ҷомеа ба тағйиротҳои зиёди иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дучор гардида, дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ самтҳои комилан нав ва барои пешрафти ҷомеа умедбахшро тавлид намуд, чӣ тавр мисли халифаҳои аввал ва ҳамасрони онҳо зиндагӣ намуд? Барои бартараф намудани носозгории мазкур Ҳасани Бано ғояи «Исломи шомил» (ҳамарофарогир)-ро эҷод сохтааст. Яъне, новобаста аз он ки дини ислом дар қарни VII тавлид ёфта, моҳиятан ифодагари арзишҳои иҷтимоию фарҳангии қарни мазкур буда, метавонад танҳо муносибатҳои гуногунҷабҳаи қарни мазкурро ба танзим дарорад, вай қодир аст, аз нигоҳи Ҳасани Бано, тамоми муносибатҳои навини қарни 20-ро низ фаро гирад. Мафҳуми «исломи шомил» чун мафҳуми «исломи ноб» аз ҷумлаи эҷодкориҳои номуваффақонаи бунёдгароёни исломӣ маҳсуб меёбад, ки ҳеҷ робитае бо воқеият надоранд. Дар хусуси маҳсули тахайюл будани исломи ноб муҳаққиқон бисёр гуфтанду навиштанд. Ин ҷо мо барои худ ҳадаф гузоштем, ки танҳо дар хусуси «Исломи шомил»-и Ҳасани Бано ибрози ақида намоем. Ҳасани Бано фаҳмишҳои мухталифи дар қарни ӯ доир ба ислом шаклгирифтаро рад намуда, ғояи «Исломи шомил»-ро бидуни далели ақлӣ ё нақлӣ пешниҳод кардааст, ки мантиқан пурихтилоф буда, ҷуз орзуву омоли самовӣ чизе беш нестанд. «Исломи шомил»-и Ҳасани Бано мутобиқи таълимоташ дар асоси чанд принсип бояд бунёд ёбад, ки мо ин ҷо онҳоро таҳлил намуда, бебунёдии онҳоро собит менамоем. Аввалан, дар нисбати принсипи «Даъвати салафӣ», ки шаклгирии исломро дар асоси «прнисипҳои соф қуръонӣ ва суннати набавӣ» дар назар дорад, гуфтанием, ки агар имрӯз ба исломи Арабистони Саудӣ, Туркия ва Эрон таваҷҷуҳ намоем, оё мо гуфта метавонем, ки исломи онҳо мутобиқи принсипҳои соф қуръонӣ ва суннати набавӣ нест? Албатта, не. Пас, ба кадоме аз онҳо бояд рӯ овард, дар ҳоле ки ҳеҷ кадоме аз онҳо ҳамсони ҳамдигар нестанд? Ҳамчунин вақте ба моҳияти принсипи «Тариқаи суннӣ» таваҷҷуҳ менамоем, пеши назари шахс талошҳо барои ба даст овардани хилофат баъд аз марги пайғамбар ва ба ду фирқаи зид ва ҳатто душман тақсим шудани мусулмонон, махсусан ҷангҳо байни саҳобаҳо ва сулолаҳо барои ба даст овардани ҳокимият пеши назар ҷилвагар мегарданд. Бинобар ин, «Тариқаи суннӣ»-ро принсип қарор дода, ҳамзамон дар хусуси кадом тарбияи нафс бояд сухан ронд, дар ҳолате ки ақоиду ибодат амалан ҳамчун василаи ба даст овардани ҳокимият хидмат намудаанд? Принсипи сеюми «Исломи шомил» «Ҳақиқати суфиёна» ном ниҳода шудааст, ки хеле хандаовар менамояд. Зеро кадом «Ҳақиқати суфиёна» дар назар дошта мешавад, дар ҳолате ки рафтори суфии машҳур Иброҳими Адҳам пурра ба рафтори ихвониҳо муқобил аст. Тибқи ривоят Иброҳими Адҳам дар қасри подшоҳӣ будааст. Ин ҳангом овози пое аз сақфи қаср мешунавад. Мепурсад: кистӣ? Ҷавоб меояд: Шутур гум кардаам, шутурамро меҷўям. Иброҳими Адҳам овоз мебарорад: Девона, шутурро дар сақфи бино меҷӯӣ? Ҷавоб меояд: Ту чӣ тавр Худоро дар қасри подшоҳӣ меҷӯӣ? Пас, аз ин Иброҳими Адҳам тарки қаср мекунад. Ҳасани Бано принсипи «Ҳақиқати суфиёна»-ро мехоҳад роҳандозӣ намояд, аммо пайравони ӯ баръакси сӯфиҳо бо роҳи куштору террор мехоҳанд ба ҳокимият роҳ ёбанд. Пас, ин тарзи фаъолият ва рафтори онҳо магар авомфиребӣ нест? Дар хусуси принсипи «Дастгоҳи сиёсӣ», ки барпо намудани робитаҳоро бо дигар миллат дар назар дорад, ҳаминро гуфтанием, ки чӣ тавр метавон муносибатҳоро бо дигар миллатҳо барқарор намуд, дар ҳолате ки ҳадафи асосии ихвониҳо дар рӯи замин бо зӯрӣ интишор намудани дини ислом ва ба даст гирифтани сиёдат дар рӯи замин муқаррар карда шудааст? Чӣ хеле ки дида мешавад, нақшаи ихвониҳо дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ танҳо аз суханҳои хушк иборат буда, моҳиятан пурихтилофанд. Принсипи «Ҷамоатиӣ»-и «Исломи шомил»-и ихвониҳо низ танҳо аз суханбозӣ иборат асту халос. Зеро ду ҳадисе, ки Ҳасани Бано ба он такя намуда, ҷамоаи исломиро мехоҳад варзишӣ гардонад, аввалан он қадар маъмул нестанд, сониян, дар ҳаёти амалии мусулмонҳо мавқеи ҷиддие надоранд. Ахиран, аҳамияти онҳоро оятҳои меҳварӣ дар таълимоти Қуръон ва умуман ислом доир ба тақдир ба сирф мубаддал менамоянд. Аз ин рӯ, принсипи мазкур низ ҷуз ҳарзагӯӣ чизе дигаре беш нест. Дар хусуси принсипи «Робитаи илмӣ-фарҳангӣ»-и исломи ихвониҳо низ, мутаассифона, моро андешаи мусбате ба сар намеояд. Зеро ҳомиёни ислом аз қуруни вусто сар карда то ба имрӯз илму фарҳангро ҳамчун унсурҳои ба дин мухолифаткунанда зери таъқибу фишор қарор медиҳанд. Он пешрафти илму фарҳангие, ки имрӯз дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин ба чашм мерасад, маҳсули инқилоби илмӣ-техникии Асри нав буда, шӯълапошии онҳо дар кишварҳои номбурда амри зарурӣ ва ногузир маҳсуб меёбад, чун онҳоро чораи дигаре, ҷуз қабули илму фарҳанги пешрафтаи Аврупо нест. Аз ин нуқтаи назар, аз як тараф, бунёди исломи аввалин, аз тарафи дигар, барқарор намудани робитаҳои илму фарҳангӣ бо кишварҳои пешрафта ҷуз ҳарзагӯӣ чизе беш нест. Дар хусуси принсипи «Ширкати иқтисодӣ»-и исломи ихвониҳо ҳаминро гуфтанием, ки масъалаи иқтисодиёт ба маънои имрӯзааш дар ислом қариб, ки матраҳ нагардидааст. Ихвониҳо мехоҳанд исломи аввалиро барқарор намоянд, аммо исломи аввалӣ танҳо ба ғанимат ва хироҷ асос ёфта буд. Масъалаи меҳнати истеҳсолӣ, ки имрўз асоси иқтисодиёт маҳсул меёбад, дар сарчашмаҳои исломӣ ба таври зарурӣ баррасӣ нагардидааст. Агар ба таври муқоиса дини зардуштиро, ки чандин қарн пештар арзи вуҷуд кардааст, пеши назар оварем, мебинем, ки дар он масъалаи меҳнат кардан, киштукор намудан, аз замин ҳосил рўёнидан мақоми муҳимро дорад. Бинобар ин, исломи аввалияро бунёд намуда, дар заминаи он итисодиёти муосирро, ки асоси онро истеҳсоли маҳсулоти босифат ва арзиши аслияш паст ташкил менамояд, бунёд намудан маънои дар болои кӯлбаи хасӣ сохтани бинои бисёрошёнаи сементиро дорад. Ба қавли дигар, принсипи бунёди хилофати исломӣ ва принсипи ба роҳ мондани ийтисодиёти муосир бо ҳам умуман созгор нестанд. Аз ин рў, афкори мазкур низ авомфиребӣ маҳсуб меёбад. Принсипи «Идеологияи иҷтимоӣ»-и Ҳасани Бано ҳадафи мубориза бар муқобили ҳар гуна андеша ва ғояҳои барои ихвониҳо бегонаро дунболагирӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки ғояи «исломи шомил», яъне фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаётро асоснок намояд. Вобаста ба андешаи мазкур бори дигар таъкид менамоем, ки аз як тараф, бозгашт ба исломи аввал, ва ҳамзамон тамоми масоили асри XX ё XXI - ро фаро гирифтан хандаовар аст. Яъне, чуноне ки зикр шуд, идеологияи ихвониҳо барои гумроҳ намудани қишри аз дин ва қонунҳои инкишофи ҷомеа ба таври зарурӣ ноогоҳ равона гардидааст ва барои татбиқи хеш на асоси назариявӣ ва на заминаи моддӣ дорад. Хулоса, ихвониҳо маҳз тавассути таҳрифи ислом, яъне коркарди ғояи «исломи шомил», ки чун назарияи «исломи ноб» маъмул нагардид, кӯшидаанд, ки ҳадафҳои динӣ ва сиёсии худро ҳамоҳанг намоянд. Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика