ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЭҲЁГАРИ СУННАТҲОИ МАРДУМӢ

Суннати эҳёсозии унсурҳои фарҳанги миллӣ, мисли забону адабиёт, дину оин, таъриху санъат, мусиқӣ, роҳи абрешим ва ғайра ҳанӯз аз рӯзҳои ба сари давлат омадани Пешвои миллат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Фарҳанг доманаи густурда дошта, он дар ҳама замонҳо рисолати созандагии миллату халқҳоро дорост. Ҷомеаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар арсаи ҳамаи талошҳо муваффақанд. Мо ин гуфтаҳоро дар ҳаёти кишварҳои абарқудрат дида метавонем, ки маҳз тули садсолаҳо бо гиромидошти унсурҳои фарҳанг ва тақвияти ҷабҳаҳои он тавонистаанд дар арсаи ҷаҳон нуфузу эътибор пайдо кунанд.
Аввалин қадамҳои Пешвои миллат дар эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ, ки як омили муҳиме дар бунёд ва сарҷаъмию муттаҳидии миллати тоҷик буд, соли 1999 таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён бо бунёди пайкараи бузурги шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе анҷом пазируфт. Ин иқдоми Сарвари давлат дар сохтани нахустпайкари ин миллат ва давлатдории ӯ буд, ки тӯли садсолаҳо дар муборизаҳои идеологию фарҳангӣ хуфтаю рӯ ба нестӣ дошт. Ин иқдоми Сарвари давлат як омили муҳиме дар баланд бардоштани худшиносии миллии тоҷикон гардид.
Дар ин росто солгарди бузургони аҳли илму адаб, мисли 1000-солагии Абулқосим Фирдавӣ, 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Абулқосими Фирдавсӣ, 1000-солагии Абӯалӣ ибни Сино, 1000-солагии Носири Хусрав, 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 100-солагии Садриддини Айнӣ, 100-солагии Мирзо Турсунзода, 100-солагии Нақибхони Туғрали Аҳрорӣ ва дигарон мебошанд. Ҳамчунин, баробари солгарди ин бузургони илму адаб, қомат афрохтани пайкара ва бо номи онҳо гузоштани марказҳои илмию фарҳангӣ ва фароғатӣ низ ифодагари таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат дар ин ҷода аст. Додани унвони қаҳрамони миллат низ ба Бобоҷон Ғаффуров, Садриддини Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратуллоҳи Махсум, ки баҳри муаррифӣ ва эҳёи таъриху фарҳанги ин халқу миллат хизмату ҷоннисориҳо кардаанд, идомаи мантиқии ин гуфтаҳост.
Қисмати дигаре, ки баёнгари соҳибфарҳанг будани ҳар як халқияту миллатро нишон медиҳад, ин мавҷуд будани санъати он мебошад, ки хушбахтона миллати тоҷик бо ин соҳаи фарҳангаш номдор аст. Пешвои миллат аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш, ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар рушду эҳёи он аз тамоми имконият истифода намуд. Ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, муаррифии фарҳангу санъати кишвар дар дохил ва хориҷи кишвар, баргузории рӯзҳои фарҳангӣ ба роҳ мондани сафарҳои ҳунарӣ ва таҷлили «Рӯзи Шашмақом», «Рӯзи Фалак» ва ғайра як омили асосӣ дар эҳё ва муаррифии санъати миллӣ мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон чун раҳнамои оқили миллат тавонист фарҳангро ба як омили таҳкимбахши ваҳдату ҳамдигарфаҳмии ҳамватанон табдил диҳад. Чунончӣ, баргузории Фестивали байналмилалии дастаҳои ҳунарии касбии этнографии «Садои дилҳо» бахшида ба «Соли тамаддуни ориёӣ», Фестивали ҷумҳуриявии кӯдакони болаёқат – «Сапеда», Фестивал-озмуни эҷодиёти бадеии халқ –«Андалеб», «Чакомаи гесу», Фестивали ансамблҳои тарона ва рақс – «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён», Фестивал-озмуни «Оши палав», Фестивали «Ҷилваи чакан», Фестивали ҷумҳуриявии наътхонӣ, Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби бачагон ва наврасони Тоҷикистон», Фестивал-озмуни вилоятии бачагонаи «Донояк» дар вилояти Суғд, Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ва ғайраҳо ҳамчун омили муҳимтарини худшиносии миллӣ дониста мешаванд.
Сарвари давлат шахсияти фарҳангдӯстест, ки дар самти эҳё ва дастгирии анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса намуда, зина ба зина онҳоро байни мардум зинда ва инкишоф дода истодааст. Махсусан, солҳои охир намунаҳои беҳтарини фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллӣ натанҳо дар минтақаҳои кишвар эҳёву инкишоф дода шуданд, балки баъзеи онҳо ба феҳристи мероси моддию ғайримодии ЮНЕСКО пешниҳод ва шомил гардонида шуданд.
Даҳсолаи охирро дар ҷодаи ҳунарҳои мардумӣ метавон бесобиқа унвон намуд, зеро маҳз дар ҳамин давра чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, алочабофӣ, намадмолӣ, бурёбофӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, косаву қошуқтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, достонсароӣ, қиссахонӣ, фалаксароӣ ва дигар суннатҳои миллӣ дар қолаби қадимӣ ва шаклу услуби нави миллӣ зинда гардида, тарғибу ташвиқи дастранҷи ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳҳои дохилу хориҷи кишвар ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Бояд зикр кард, ки соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз самтҳои афзалиятноки сарватҳои миллӣ ба шумор мераванд, ки барои муаррифии фарҳангу таърихи халқи тоҷик, табиати биҳиштосо ва ҳунарҳои мардумӣ дар арсаи байналмилалӣ аз аҳамияти махсус бархўрдор мебошад ва онҳо омили пешрафти иқтисодиёти кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум ба шумор мераванд.
Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика