Пешгирии ифротгароии динӣ ва бегонапарастӣ

Пешгирии ифротгароии динӣ ва бегонапарастӣ

«Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлати миллӣ: Самти пешгирии ифротгароии динӣ ва бегонапарастӣ» таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд бо иштироки директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода доир гардид.

Ректори донишгоҳ, мулоқотро ифтитоҳ кард ва мавзӯи онро дар вазъи печидаи ҷаҳони муосир, пайдо гардидани гуруҳу равияҳои мухталиф дар кишварҳои алоҳида муҳиму ҳадафмандона арзёбӣ кард.

Иброз гардид, ки таърихи муосири тоҷик дар марҳалаи кунунии худ бахусус дар ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳо ниёз ба тадқиқотҳое дорад, ки дар онҳо арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи истиқлоли кишвар, ифтихор аз таърих ва фарҳанги аҷдодӣ бояд мавқеи асосӣ гирифта дар баъзе ҳолатҳо саҳифаҳои норавшани таъсироти хатарҳои ҷаҳонӣ аз қабили ифротгароӣ, терроризму экстримизм ва дигар пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор гиранд. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷикро дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳо фарзандони сарсупурдааш аз тохтутозҳои ғосибонаи аҷнабиён ҳифз намуда, ганҷинаи бостонии фарҳанг ва тамаддунро ба наслҳои оянда ба мерос гузошта буданд.

Дар идома, директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода бо иштирокчиён суҳбати озоду ошкоро анҷом дод. Қайд карда шуд, ки Истиқлоли Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки миллати дар тӯли таърих азобдидаро аз нав эҳё намуд ва сарзамини аҷдодиро барқарор карда, ба халқи тоҷик умри дигарбораи озодиро баъди ҳазорсолаҳои бедавлатӣ бахшид. Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пойдории истиқлолият ва Ваҳдати Миллӣ дар таҳкими мавқеи ҷавонон низ саҳми арзанда гузоштааст. Сарвари давлат арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодиро яке аз вазифаҳои муқаддаси насли замони истиқлолият мешуморанд.

Бояд зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарияти Олии сиёсии мамлакат дар ҷавонони кишвар рушд додани зиракии сиёсӣ мебошад, ки ба он бақову пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст.

Илова шуд, ки ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба муҳимтарин масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Тероризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонда ба Тоҷикистони мо низ бе таъсир намондааст.

Ҳадафи мулоқоти мазкур низ омӯзиши дақиқи мақсадҳои гуруҳу равияҳои ифротӣ ва муборизаи шадид ба он, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии аҳолӣ махсусан ҷавонон ва ба ин васила гиромидошти арзишҳои милливу динӣ ва давлатдорӣ маънидод карда шуд.

Яндекс.Метрика