Пешниҳоди Афлотун

Аз Афлотун пурсиданд:

- Кадом кори инсон бароят ҳайратовар менамояд?

Афлотун ҷавоб дод:

- Кӯдакҳо ғамгин аз он мешаванд, ки зуд бузург намешаванд.

Ҳол он ки даврони кӯдакиро баъди бузургсолӣ ёд мекунанд.

- Барои ҷамъ кардани сарват, саломатиро аз даст медиҳанд.

Барои дубора барқарор кардани саломатӣ, сарвати ҷамъшударо сарф мекунанд, аммо бо вуҷуди ин, саломатии қаблиро дастрас намекунанд.

- Барои фардо дар гирдоби андеша медароянд ва имрӯзашонро фаромӯш мекунанд.

На имрӯз ва на фардо зиндагӣ доранд. Чунон зиндагӣ мекунанд, ки гӯё намемиранд, аммо чунон мемиранд, ки ҳаргиз зиндагӣ накардаанд.

Боз аз Афлотун суол карданд, ки чӣ пешниҳоде мекунед?

Афлотун ҷавоб дод:
- Кӯшиш ба он макунед, ки шуморо мардум қалбаки ё дуғин дӯст бидоранд.

Танҳо амали холисона бикунед, то мардум шуморо холисона дӯст бидорад.

Муҳим на он аст, ки «дар ҳаёт соҳиби ҳамаи чиз шавем», балки муҳим он аст, ки «ҳисси ба моли кам эҳтиёҷ доштан»- ро соҳиб бошем.

Ин ҷаҳон худ ҷинси ҷонҳои шумост,
Худ равед он сӯ, ки саҳрои шумос.

А.Қодирӣ

Яндекс.Метрика