Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди дурандешона ва дӯстона аст!

Сухани муассиси ҳизби исломии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр, ки соли 2003 аз тарафи ШМА террорист эълон шуда, ба «рӯйхати сиёҳ»-и СММ ворид карда шудааст,  ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтори як шахси аз сиёсат, аз фарҳанги таҳаммулпазирӣ, аз оини миллатдӯстию инсондӯстӣ қафомондаро мемонад. Ӯ дар воқеъ намедонад, ки эҳсоси миллатдӯстӣ дар сиришти ҳар як шахси меҳанпараст нуҳуфта асту маҳз ҳамин эҳсос сабабгори эҳтироми дигар қавму миллатҳо маҳсуб меёбад. Зеро шахсе, ки миллати худро дӯст медорад, вай ба дигар қавму миллатҳо низ арҷ мегузорад. Барои муқоиса агар сиёсати миллатпарастии Гулбиддинро пеши назар оварем, мебинем, ки ҳамин сиёсати ҷоҳилона ва зиддимиллии ӯ ва ҳаммаслакони ӯ сабаби ҷанги 40-сола дар Афғонистон шудаасту омили бадбахтии миллионҳо мардуми мусулмони афғон дар ин кишвар гардидаанд. Зеро сиёсати авло шуморидани миллати худ аз болои қавму миллатҳои ғайр ҳеҷ гоҳ поянда нест ва набояд буд. Баъдан Гулбиддин бояд донад, ки мувофиқи маълумоти хадамоти ҷосусии Бритониё тоҷикон дар Афғонистон 16 миллион нафарро ташкил менамоянд. Агар 6-7 миллион узбекҳо, 4 миллион ҳазораҳо ва чанд миллиони дигар дигар қавму миллатҳо бошанд, пас шумораи паштуҳое, ки бо зӯри силоҳ ба сари қудрат омада, бо зӯрӣ ҳокимият меронанд, аз тоҷикон кам хоҳад буд. Аз ин рӯ, он пешниҳоде, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, Пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷалб намудани тоҷикони минтақа ба идоракунии давлат намудааст, пешниҳоди комилан дуруст, оқилона ва дӯстона маҳсуб ёфта, воситаи ягонаи пешгирии хунрезӣ ва таъмини сулҳу салоҳ дар кишвар маҳсуб меёбад. Гулбиддин бо ҷорӣ намудани сиёсати ҳукмронии як миллат аз болои қавму миллатҳои ғайр Афғонистони ҷангзадаро аз гирдоби фалокат ва хунрезиҳои шадид раҳо накарда, балки мушкилоти мавҷударо дучанд мегардонад. Гулбиддин ва дигар ҳаммаслакони ӯро мебоистӣ, ки аз сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон сабақи зарурӣ мебардоштанд ва онро дар хоки Афғонистон низ ҷорӣ намуда, кафили амният ва сулҳу салоҳ дар кишвар мегардиданд.

Абдухалилзода К.А.  

Яндекс.Метрика