Подшоҳ ва вазири доно (қисса)

Подшоҳе ҳангоми пӯст кандани себ бо
корди тезе ангушти худро бурид. Вақте нолону гирён табибонро металабид, вазираш гуфт:
" Ҳеҷ кори Худованд бе ҳикмат нест."
Подшоҳ аз шунидани ин ҳарф нороҳат шуду фарёд кард:
"Дар бурида шудани ангушти ман чи ҳикмате аст?"
Ва дастур дод то вазирро зиндонӣ кунанд.
Рӯзҳо гузашт то ин ки подшоҳ барои шикор ба ҷангал рафт, дар он ҷо он қадар аз сарбозонаш дур шуд, ки ногаҳон худро миёни қабилаи ваҳшиён танҳо ёфт.

Онҳо подшоҳро дастгир карда, ба қасди куштан ба дарахте бастанд.
Аммо расми аҷибе ҳам доштаанд, ки бадани қурбониёнашон бояд комилан солим бошад. Чун подшоҳ як ангушт надошт ӯро раҳо карданд ва ӯ ба қасри худ боз гашт. Дар ҳоле, ки ба сухани вазир меандешид, фармони озодии вазирро дод.

Вақте вазир ба хидмати шоҳ расид, шоҳ гуфт: "Дуруст гуфтӣ, бурида шудани ангуштам барои ман ҳикмате доштааст, вале ин зиндон рафтан барои ту ҷуз ранҷ кашидан чӣ фоидае доштааст?
Вазир дар посух ба подшоҳ лабханде заду гуфт:
"Барои ман ҳам пурфоида ва ҳикмате буд чаро, ки ман ҳамеша дар ҳама ҳолат бо шумо будам. Агар он рӯз дар зиндон намебудам ва ҳамроҳи шумо ба ҷангал мерафтам ва ҳоло ҳатман ба дасти он ваҳшиҳо кушта шуда будам." Ин боз як исботи ҳақ аст, ки бе амри Худованд дар руи замин ва зиндагонӣ ягон амале рух намедиҳад. Бигзор Худованд ба ҳар як фардаш бо раҳматаш дари неку исматашро бикшояд!

Худованд гар ба ҳикмат бандад даре,
Ба раҳмат кушояд дари дигаре...

Бознашр аз саҳифаи Олами табиат.

Яндекс.Метрика