Поймолкунии суннат ё бидъати рамазонӣ

Моҳи Рамазон фаро расиду хондани намози таровиҳ, ки суннат аст, оғоз гардид. Чун анъана дар оғози таровиҳ масҷидҳо аз намозгузорон пур мегардаду баъд аз ҳафтае ба сабаби ғайб задани иддае аз онҳо  чанд сафашон холӣ мегардад.  Чаро? Ҳар шахс зимни ҷавоб ба саволи мазкур ин ё он андешаеро изҳор менамояд. Аммо ба назар чунин мерасад, ки мавзӯи муколамаи аксарияти ҷавонони намозгузор, ки баъд аз таровиҳ матраҳ мегардад, худ посух ба саволи гузошташуда аст. Мавзӯи муколамаи онҳо одатан дар чунин шакл баён мегардад: Хондани намози таровиҳ дар кадом масҷид чӣ қадар вақт тӯл мекашад? Аслан мавзӯи мазкур нав ва ғайричашмдошт нест. Зеро бобоёну падарони мо чун анъана намози таровиҳро дар ҳаҷми 20 ракаат бо ду маротибагӣ тиловат намудани сураҳои Қуръон аз сураи «Фил» сар карда то сураи «Нос» мехонданд ва он вақти зиёдро намегирифт.

Имрӯз бошад, хондани намози таровиҳ дар шакли нав: қироати  Қуръон аз сураи «Фотиҳа» то сураи «Нос» расм шудааст. Имомони масҷидҳо бо шакли нав хондани намози таровиҳро пешниҳод намуда, изҳор медоранд, ки ҳар намозгузор баъди чунин намозгузорӣ гӯё хатми Қуръон мекарда бошад. Аҷабо! Шакли анъанавии хондани намози таровиҳ чун хатми Қуръон арзёбӣ мегардид. Пас, фарқ дар миёни ду тарзи хондани таровиҳ дар чӣ бошад? Магар Қуръон барои шакли нав ояте фармуда бошад? Ё ҳадисе ба чунин нав ишора мекарда бошад? Дар ин хулус домуллоҳои аз фиқҳ бохабарро пурсон шудем, онҳо на далели қуръонӣ ва на далели ҳадисӣ пешниҳод карда натавонистанд.

Ба назар чунин мерасад, ки муҳити нави сиёсии баъд аз парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ фароҳам омада на танҳо барои илму санъат, балки барои дин низ фазои эҷодкории хуберо ба вуҷуд овард. Имомони масҷидҳо аз куҷоҳое қориҳои Қуръонро киро намуда, намози таровиҳро дар шакли нав муддати  якуним соат ва зиёда аз он дароз мекардагӣ шуданд. Гӯё дар чунин шакл барпо доштани намози таровиҳ, ки аслан суннат аст, савоби зиёдтар дошта бошад.

Аз тарзи намози таровиҳи анъанавӣ чӣ қадар савоби зиёдтар доштани тарзи нави хондани намози таровиҳ ба мо маълум нест, лекин ҳамин чиз комилан равшан аст, ки аз як тараф, қориҳо баъзан оятҳоро чунон тез мехонанд, ки аз он чизе фаҳмида намешавад, аз тарафи дигар, баъзан оятҳоро фаромӯш намуда, тамоман дигар чиз мехонанд, ки ин ҳолат маънои таҳрифи маънои ояти Қуръонро дорад. Аз ин нуқтаи назар, савоб доштани чунин тарзи намозгузорӣ мавриди шубҳа қарор мегираду ҳамзамон барои худнамоӣ, зоҳирпарастӣ, эҷодкорӣ, таҳрифи маънои ояти Қуръон, ки метавонад ҷой дошта бошад, дучори гуноҳ гардидани имоми намозу муқтадиҳо аз эҳтимол дур нахоад буд.    

Аз тарафи дигар, ба муқобили душвору дароз ва хастакунанда барпо доштани намози ҷамоат, махсусан  намози таровиҳ, ки  яъне дар ҳаҷми то якуним ва зиёда аз он дароз кашонидани он далелҳои ҳам қуръонӣ ва ҳам далелҳои ҳадисӣ мавҷуд мебошанд. Дар Қуръон баъд аз оятҳои ба «Рӯза» бахшидашуда боз гуфта мешавад: «Ҳар оина Худо ба шумо сабукӣ мехоҳад, ба шумо вазнинӣ намехоҳад»(Сураи «Бақара», ояти 185); Дар ояти ба таҳорат бахшидашуда (сураи «Моида»,ояти 6) гуфта мешавад: «Худованд намехоҳад, ки шуморо ба танг оварад ва ба мушкил дучор гардонад». Ҳамчунин дар сураи Нисо,ояти 28 омадааст: «Худо барои шумо сабукӣ мехоҳад, зеро одамӣ заиф офарида шудааст»; Дар ояти 178 аз сураи Бақара гуфта мешавад: «Ин сабукӣ ва раҳматест» аз сӯи парвардигоратон».

Ҳамчунин ҳадисҳои зиёде мавҷуданд, ки ба осонгирию сабукӣ дар риояи амалҳои шаръӣ ишора менамоянд. Аз ҷумла:  «Осонгирӣ кунед, сахтгирӣ накунед. Мардумро башорат диҳед, онҳоро гурезон магардонед». Ибни Аббос аз пайғамбар ривоят кардааст: «Шуморо аз ғулув дар дини Худо бар ҳазар медорам, ҳамоно касоне, ки қабл аз шумо буданд, ба хотири ғулув дар дин ҳалок шудаанд». Ибни Масъуд низ аз номи пайғамббар нақл кардааст: «Сахтгирону мушкилписандон ҳалок шуданд» ва онро се бор такрор намудааст. Яке аз раҳнамоиҳои пайғамбар ҳамин будааст, ки агар дар байни ду амре қарор мегирифт, осонтарашро интихоб мекардааст, ба шарте дар он гуноҳ набошад. Инчунин вақте Маъоз имоми ҷамоате интихоб мешаваду намозу қироатро дароз мекунад, ба ӯ пайғамбар мефармояд: «Оё дунболи фитна ҳастӣ ва мехоҳӣ мардумро ба фитна биандозӣ, эй Маъоз?». Ӯ ин ҷумларо се бор такрор намудааст. 

Аз оятҳою ҳадисҳои баёнгардида маълум мегардад, ки сахтгирӣ намудани имомон дар масъалаҳои ба ибодат бахшидашуда маънои ба фитна водор кардани онҳост. Яъне, дар назари мардум динро мушкил ва машаққатзо ҷилва дода, онҳоро аз дин мегурезонанд. Бинобар ин, оятҳою ҳадисҳои зикршуда осонгирӣ намуданро тавсия медиҳанд. Эҳтимол ба ҳамин сабаб дар тӯли солҳои зиёди то парокандашавии шӯравию ва баъд аз он баландпарвоз гардидани имомони дин намози таровиҳ хеле сабук ва оддӣ адо мегардид. Бидуни тардид пайғамбари ислом вақте алоҳида намоз мехондааст, онро хеле дуру дароз мехондааст, вақте бо ҷамоат мехондааст, онро сабук ва тез мехондааст. Дар ин хусус пайғамбар боз ҳам фармудааст: «Ҳар гоҳ касе аз шумо барои мардум намоз бигзорад, бояд тахфиф диҳад ва намозро дароз накунад, зеро дар байни онҳо афроди пиру заиф ва ноқис ҳам ҳастанд, аммо замоне, ки барои худ намоз барпо медорад, ҳар чӣ мехоҳад, дароз хонад». Инчунин аз Абӯқатода ривоят шудааст, ки пайғамбар фармудааст: «Ман намоз гузошта истода будам ва мехостам онро дароз хонам, аммо гиряи кӯдакеро шунидам, пас онро тахфиф додам ва аз тӯл додани он худдорӣ кардам, зеро хуб нест, ки бар модараш ранҷу сахтӣ таҳмил шавад».

Бисёр тааҷҷубовар аст, ки имомони мо дар зери таъсири  эҷодкорони нав суннати пайғамбарро поймол намуда, баръакси гуфтору рафтори ӯ амал мекунанд. Яъне, дар намози ҷамоат сураҳои дароз хонда, дар намози инфиродӣ сураҳои кӯтоҳ мехонанд. Инчунин, дар маъракаҳои дафну азодорӣ ва ғайра, ки барои мо қироати ояти Куръон расм шудааст, қориҳо ва имомон аксаран як оятеро мехонанд, ки аз як ҷумла иборат аст. Иловатан онҳо инчунин назар меандозанд, ки  шахси навомада кист. Агар шахси бонуфуз бошад, ояти каме дарозтар мехонанд, дар акси ҳол бо як ояти кӯтоҳ аз Қуръон қаноат мекунанд. Ҳол он ки мардуми зиёди дар маъракаи азодорӣ нишаста ва аксаран сукутро ихтиёр намуда имкон доранд, ки тиловати дарози оятҳои Қуръонро бишнаванд. Аммо афсӯс, афсӯс! Аз иҷрои чунин навъи ибодати онҳо ва муносибаташон бар арзишҳои динӣ ба хубӣ дарк карда мешавад, ки дар тарзи ибодати эшон то андозае ҳадафҳои дунявии эшон низ нуҳуфтаанд. 

Яке аз ҳадафҳои дунявии пешвоёни дин аз тарзи нави барподории намози таровиҳ бешак тавсиа бахшидан ба таъсир, нуфуз ва ҳокимияти дин дар байни аҳли ҷомеа, ва тавассути дин баланд бардоштани мақом ва нақши хеш дар ҷомеа аст. Аз ин лиҳоз, онҳо аз рушд бахшидани таассуби динӣ дар мафкураи насли ҷавон аз ҷиҳати моддӣ низ манфиатдор ҳастанд. Аммо онҳо дарк намекунанд, ки тавлид ва рушди таассуби динӣ  завлонаест дар гардани аҳли ҷомеа, ки ҷомеаро пайваста ба қафо мекашад ва ин қафоравии ҷомеа дар сатҳ ва сифати зиндагии худи онҳо низ инъикоси худро меёбад.

Аз лиҳози шаръӣ бошад, дидаю дониста поймол намудани аҳкоми оятҳо ва ҳадисҳои зиёди овардашуда ва тарзи нави барпо доштани намози таровиҳро либоси расмӣ бахшидан навоварӣ номида мешавад, ки онро  ба забони шариат «бидъат» низ меноманд. Бидъат чист?

Дар китоби «Аҳсан-ул-мақсуд фӣ тавҳид-ил-мабъуд», чопи шашум дар саҳифаи 163 навишта шудааст: Дар китоби «ат-Тариқат-ул-муҳаммадия» омадааст: «Бидъат ба эътибори маънои луғавӣ ом аст: яъне ҳар чизи нав ва ҷадид ба таври мутлақ; хоҳ аз қабили одот бошад, ё ибодот… ва дар шариат маънои хос дорад; ва он иборат аст аз: афзудани чизе дар дин ё костани чизе аз он баъд аз замони саҳоба (р) ва бидуни изни қавлӣ, ё феълӣ, ё сареҳ, ё ишорае аз сӯи шореъ.(яъне:бидуни ҳеҷ гуна далели шаръӣ аз ҷониби худ чизеро дар дин кам ё зиёда кардан, бидъат ном дорад)». Инчунин дар поварақи саҳифаи мазкур тарифҳои зерини бидъат аз тарафи донишмандони дин оварда шудаанд:

Имом Нававӣ маънои луғавии бидъатро ин тавр баён мекунад: «Ҳар чизе, ки бидуни намунаи собиқ сохта шудааст». Ҳофиз Бадруддини Айнии Ҳанафӣ менависад: «Бидъат дар асл иборат аст аз эҷоди чизе дар дин, ки дар замони расул (с) вуҷуд надошт».

Агар таърифҳои мазкури донишмандони маъруфи зиршударо ба асос гирифта ба тарзи нави намози таровиҳ хондани имомони кишвар баҳогузорӣ намоем, бешак чунин тарзи намозгузорӣ бидъати равшан аст. Зеро онҳо на танҳо далели шаръӣ надоранд, балки ба муқобили онҳо далелҳои шаръии зиёд, чуноне ки зикр гардиданд, мавҷуд мебошанд. Пас, дар хусуси бидъат бошад, пайғамбар боз фармудааст: «Худро аз умури ҷадид ва нав дар дин дур бидоред; зеро ки ҳар амри ҷадид бидъат аст ва ҳар бидъат гумроҳӣ аст ва ҳар гумроҳӣ дар оташ аст».(ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ ).

Бинобар ин, агар иқдомкунандагони намози таровеҳи тӯлонӣ ва хастакунанда аз иҷрои чунин амали хеш савоби бештарро ҳадаф дошта бошанд, онҳо метавонанд чунин мушкилро бо муносибати ростқавлона дар бозорҳо,ки аксаран бозорнишинанд, ҷуброн намоянд. Аммо онҳое, ки бозорнишин нестанд, имкон доранд, ки тавассути меҳнати поквиҷдонона, ки дар байни мардуми мусалмони мо нодир аст, ҷуброн карда бошанд. Таҳлили равонӣ ва феноменологии чунин аъмоли мусалмонони  кишвар шахсро ба чунин хулосае меорад, ки онҳо эҳтимол тавассути чунин тарзи намозгузориҳо аъмоли хабисона (чун дурӯғгӯӣ, қиматфурӯшӣ, меҳнати софдилона накардан ва амсоли инҳо)-и дар тӯли рӯз содиркардаи худро рупӯш намуда, аз лиҳози равонӣ худро ором карданӣ бошанд. Лекин бояд донанд, ки Қуръон фармудааст: Ба дурустӣ, ки намоз аз кори беҳаёӣ ва феъли нописандида манъ мекунад» (Сураи Анкабут, ояти 45). Агар намози эшон онҳоро аз аъмоли нописандида манъ накард, пас ибодат ҳадафмандона набуда, риёкорона сурат гирифтааст. Аз ин рӯ, бояд ҳадафмандона, ки маҳсулаш дар меҳнати ҳалол ифода меёбад, ибодат намуд. Бешак ташнагони савоби зиёдтарро бо арзон намудани нархи маҳсулот дар моҳи рамазон имконияти хубе фароҳам мерасад.

 

Абдухалилзода К.А.  

Яндекс.Метрика