Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон мераванд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки пагоҳ, 23-юми ноябр дар кишвари Арманистон баргузор мегардад, ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора роҳбари хадамоти матбуоти Президенти кишвар Абдуфаттоҳ Шарифзода ба радиои “Овози тоҷик” хабар дод.

Ба зикри Шарифзода, Сарвари давлат 23-юми ноябр барои ширкат дар ин чорабинӣ ба Арманистон сафар мекунанд.

“Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа, Аъзамшо Шарифӣ, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои хориҷӣ, Насрулло Маҳмудзода, котиби Шӯрои амният ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамроҳӣ хоҳанд кард”, - гуфт Шарифзода.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии СААД суханронӣ мекунанд.

Бознашр аз сомонаи радиои " Овози тоҷик"

Яндекс.Метрика