Боиси хушнудист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва тамоми форсизабонони ҷаҳон ҷашнвораи миллӣ, яъне Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ҷашн мегиранд.
Наврӯз ин ҷашни таърихӣ, эҳтиром ба ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти саёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои замистон, ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва ҷисми уро ба таҳрик меоварад. Наврӯз ин набзи саёраи Замин буда, дар гирдоби Офтоб як даври пурраи соли астрономиро паси сар мекунад ва дар моҳи фарвардин ба ҷойгоҳи аслии худ бармегардад.
Лозим ба зикр аст, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳо дар ҷаҳон аст. Он бар асоси як мафҳуми амиқи фалсафӣ ва тасаввуроти ҷаҳоншинохтӣ устувор гаштааст, ки ҳар кадоми аз онҳо таҷаллии идома ва бақои инсон дар рӯи Замин, аз ҷумла тоҷикон ва ориёитаборон ҳисобида мешавад. Наврӯз бо бунёд ва интишори худ ба тариқи рамз як тамаддуни наверо дар минтақаи Авруосиё бо номи Тамаддуни Ҳавзаи Наврӯз эҷод намудааст. Мардумони ин ҳавза то ба имрӯз бо номи Наврӯз бо ҳам муттаҳид гашта, амалҳои неку писандида анҷом дода, фарҳанги ягона ва зебоеро густариш додаанд, ки дар тарбияи инсонҳо ва парҳез аз каҷрафториҳо нақши муҳим дорад. Ин фарҳанг мардумро даъват мекунад, ки дар бораи зиндагии минбаъдаи худ амиқан андеша намоянд ва аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бигирад.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои зиёди миллии моро аз нав эҳё намуданд, ки дар миёни онҳо Наврӯз ҷойгоҳи хос дорад. Дар Тоҷикистон баъди расмиву давлатӣ гардидани ин Ҷашн ҳамасола тамоми сокинони кишвар, дар таҷлили ин ҷашни баҳорӣ омодагӣ ҳаматарафа мегиранд.
Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳпарвар, муттаҳид-кунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстиву рафоқат, бародарӣ, адолату додгустарӣ ва таъминкунандаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. Имруз Наврӯз дар бештари кишварҳои олам таҷлил карда мешавад, зеро бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони як зумра аз давлатҳои дигар 30-юми сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии инсоният ворид сохт ва сипас, ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ бо Қатъномаи «А/64/L”» пешниҳоди кишварҳои ташаббус¬корро бо унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» барои муҳокима қабул кард.
Дар ин асно, дар заминаи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Мувофиқи он ҳамасола дар тамоми ҷаҳон ин рӯз таҷлил карда мешавад.
Баъди таъкиди пайвастаи Роҳбари давлат, баргузории чорабиниҳо, интишори китобҳои илмию оммавӣ ва маҷмуаҳои ашъори шоирон имконият фароҳам оварда шуд, ки мардум ба асолати ин Ҷашн бештар ошноӣ пайдо намоянд.
Бо таҷлили ин ҷашн мардум ба корҳои ободонӣ шуруъ карда, дашту даман ва боғу чаманро аз нав тоза менамоянд.
Дар фарорасии ин аём марди деҳқон нахустин донаҳои зироатро ба замин мепошад ва пирони кор дуо менамоянд, ки ҳосил зиёду фаровон гардад.
Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки мардум ба ободкориву зироаткорӣ машғул шаванд ва кинаву кудуратро аз дилҳо дур созанд ва бо меҳру муҳаббат дар фазои дӯстиву бародарӣ умр ба сар баранд.
Саъдӣ Шерозӣ дар васфи Наврӯз чунин гуфтааст.
Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз,
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бодат ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз.
Чу оташ дар дарахат афканд гулнор,
Дигар манқал манеҳ, оташ наяфрӯз.
Чу наргис чашми бахт аз хоб бархост,
Ҳасад гӯ душманонро дида бардӯз.
Баҳори хуррам аст, эй гул, куҷоӣ,
Ки бинӣ булбулонро нолаву сӯз.
Ҷаҳон бе мо басе будасту бошад,
Бародар, ҷуз накуномӣ маяндӯз.
Накӯӣ кун, ки давлат бинӣ аз бахт,
Мабар фармони бадгӯйи бадомӯз.
Манеҳ дил бар сарои умр, Саъдӣ,
Ки бар гунбад нахоҳад монд ин рӯз.
Абдуллоҳ Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Наҷотзода Мутеъуллоҳ – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.