Принсипи дунявият собитқадамиро тақозо менамояд!

Барои пешгирӣ намудани ҳама гуна раванди номатлуби бо дин алоқаманд дар татбиқи сиёсати дунявии ҷомеа ба бетафовутӣ набояд роҳ дод. Чун дар моддаи аввали Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ эълом шудааст, пас дар ин самт бояд собитқадам буд. Набояд фаромӯш сохт, ки агарчанде дунявият зиддидинӣ нест, пас ҳамзамон рушди диният ҳамчун роҳи ягонаи пешбурди ҷомеаи мусулмонӣ низ нест. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар зери шиори «Дунявият бединӣ ё зиддидинӣ нест» нерӯ гирифтани диният – зиёд шудани дингароӣ дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан ҷавонон, ҷалб шудани ҳар чӣ бештари ҷавонон ба маросими динӣ, умуман дар фазои маънавии ҷомеа мавқеи муайянкунанда пайдо карда истодани тафаккури динӣ дар муқоиса бо тафаккури илмӣ, эҳсос нагардидани раванди илммеҳварии аҳли ҷомеа ва ғайра ба чашм мерасанд. Набояд фаромӯш кард, ки тақвият ёфтани равандҳои фавқуззикр дар ҷомеа принсипи «дунявият»-ро зери шубҳа мегузорад. Зеро дунявият моҳиятан дар тамоми самтҳои инкишофи ҷомеа нақши муқаддамотӣ доштани арзишҳои дунявӣ дар нисбати арзишҳои динӣ аст. Ба қавли дигар, ҳаёти шахс ё ҷомеа тибқи принсипи дунявият мувофиқи аҳкоми қавонини дунявӣ, на динӣ бояд шакл гирад. Бори дигар таъкид менамоем, ки агарчанде дунявият зидди дин нест, вай ҳамзамон мусоидат ба рушди дин низ нест. Зеро зери принсипи дунявият ба рушди дин яктарафа мусоидат кардан маънои ба решаи худ табар заданро ифода менамояд.  

Раванди дунявии собитқадамона ва устуворро барои он мо омили пешгирикунандаҳои таҳдиду хатарҳои ҳаракату ҷараёнҳои ифротии динӣ номидем, ки ҳам дини муътадил ё таҳаммулпазир ва ҳам ифротӣ аз як манбаъ – Қуръону суннат ғизо мегиранд. Яъне, дар байни онҳо ғайр аз тафовути ҷузъӣ умумияти зиёд низ вуҷуд дорад.  Аввалан, пайравони ҳамаи онҳо мусулмон номида мешаванд. Сониян, ҳамаи онҳо аҳкоми Қуръону суннатро эҳтиром карда, мепазиранд. Солисан, ҳеҷ яке аз онҳо ба рушди диният ё дини ислом зид нестанд. Таҷрибаи кишварҳои мусулмонӣ собит намуд, ки гузариш аз дингароии муътадил ба дингароии ифротӣ ба вазъи сиёсӣ-идеологии кишвар вобаста аст. Дар асоси мантиқи мазкур метавон бо исрор изҳор дошт, ки дунявият дар моҳияти худ рушди диниятро истисно менамояд ва бо ин роҳ барои ташаккулу неру гирифтани ҳаракату ҷараёнҳои ифротии динӣ монеа эҷод менамояд. 

 

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика