Расми хуби тоҷиконро гум макун!

Имрӯзҳо Президенти кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба сафари расмии дуруза ба Тоҷикистони азиз ташриф овард. 

Мардуми тоҷик мақоли хубе дорем: “Аз хеши дур, ҳамсояи наздик беҳтар”, зеро аз хеши дур дида ҳамсояи хуб ба мушкилоти ту расидагӣ мекунад. чунон ки аз вожаи худи “ҳамсоя” маълум аст, яъне ҳамеша дар канори якдигар ва дар сояи ҳамдигар дар ғаму шодии ҳамдигар шариканд. 

Худованд инсониятро чунон офаридааст, ки ба танҳоӣ зиндагӣ кардан барояш мушкил аст. Ин танҳоиро дар канори ҳам будан пур мекунад ва инсонҳо ба ҳам меоянд, то бар мушкилоти зиндагӣ пирӯз шаванд ва маънии дар канори ҳам будан ҳамон ҳамсоягӣ аст.

Дар Қуръони карим чунин омадааст: “Ҳамчунин ба ҳамсояҳои дуру наздик некӣ карда, эҳтиром намоед” (Нисо; 36). Ҳамсоягон бояд аз аҳволи ҳамдигар бохабар бошанд, бояд бидонанд, ки ҳамсояашон чи мушкил дорад ва чї дастгирї бояд кард. Дар ҳадисе аз пайғомбари Худо (с) чунин омадааст:

Аз паёмбари ислом суол карданд: Оё дар мол ва дороии инсон ғайр аз закот ҳаққи дигаре ҳам ҳаст? Фармуданд: бале, некӣ ба ҳамсоя. Пас ҳар кас шабро бо шиками сер бихобад, дар ҳоле ки ҳамсояааш гурусна аст, ба ман имон наёвардааст. Сипас фармуд:Ҷабраил пайваста маро нисбат ба ҳамсоягон тавсия мекард, гумон мекардам, ки онҳоро меросбар қарор хоҳад дод. 

Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки ойини ҳамсоядорӣ ҳам дар фарҳангӣ миллӣ ва ҳам дар фарҳанги динии мо бисёр ҷойгоҳи хосро дорад. Ва мардуми азизи мо ин фарҳангро хуб риоят мекунанд, онҳо бо ҳамсоягони худ дар ҳар сурат муносибати ҳасана доранд ва кӯшиш мекунанд, ки тамоми масъалаҳо бо роҳи дуруст ҳал шавад.Умеди онро дорем, ки ин сафари ҳайати Узбекистон дар оянда ба пешрафти ду кишвар нақши мусбӣ расонида, дӯстиву ҳамсоягии Тоҷикистону Узбекистон мустаҳкамтар мегардад.

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Рамазониён Аҳтам

Яндекс.Метрика