Рафти суҳбату вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Санаи 14 – марти соли ҷорӣ тибқи Нақшаи  чорабиниҳои Маркази исломшиносӣ дар назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супоришҳое, ки  дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022” зикр гардидаанд, дар шаҳри Истаравшан мулоқоти кормандони Маркази исломшиносӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон, занон, дин ва танзими анъана, кормандони мақомоти маҳаллӣ, кормандони муассисаҳои таълимӣ ва фарҳанг, инчунин , масъулини  соҳаи рушди иҷтимоӣ  баргузор гардид.  

Дар рафти суҳбату вохўриҳо иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  самтҳои асосии сиёсати дохилию  хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон” ва дигар суханрониҳои Пешвои муаззами милат дар самти баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизми динӣ ва бегонапарастӣ таъкид гардиданд. Хусусан ба масъалаи ташаккули тафаккури солими ҷавонон ва худшиносии миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ диқкати зарурӣ дода шуда, таъкид гардид, ки бе тафаккури насли солим ояндаро тасаввур кардан ғайриимон аст.  

Инчунин, дар рафти вохўриҳо вазъи татбиқи ҚҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ҚҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҚҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳлил гардида, ба иштироккунандагон моҳият ва зарурати риояи қонунҳо фаҳмонда дода шуд. 

Дар идома таъкид гардид, ки  дар раванди шиддат гирифтани тарғиби ифротгароӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ зарурат пеш омадааст, ки тарғиботу ташвиқоти пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ин ҳизбу ҳаракатҳо бояд тақвият дода шавад. Агар тамоми ҷомеа дар ин мубориза нақши муассир ва ҳадафнок нагузорад, ба даст овардани натиҷаҳо дар ин самт хеле душвор мегардад. 

Дар фарҷом ба саволҳои иштироккунакндагон ҷавобҳои қонеъкунада дода шуд. 

        

Маҳрамбеков Маҳрамбек - котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Яндекс.Метрика