Ривояткунандагоне, ки шогирдони Абуҳанифа буданд

Инро қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз шогирдони машҳур, мулозим ва мусоҳиби Абӯҳанифа (р) Ҳасан ибни Зиёди Лӯълуии Куфӣ мусоҳиби аст, ки соли вафоташ 204-и ҳиҷрӣ мебошад. Ӯ бо ривояти ҳадис хеле машҳур буд. Дар ин хусус дар борааш гуфтаанд, ки ӯ дувоздаҳ ҳазор ҳадисро аз Ибни Ҷурайҷ навиштааст, ки ҳамаи фуқаҳо ба ин эҳтиёҷ доранд. Инчунин ӯ бо ривояти раъйҳои Абӯҳанифа (р) машҳур шудааст. Лекин баъзе аз муҳаддисин ривояти ӯро рад мекунанд. Воқеан ҳам Аҳмад ибни Абдулҳамид дар бораи ӯ мегӯяд: “Мисли Ҳасан ибни Зиёд хушхулқтар ва барои сӯҳбат муносибтар касеро надидаам”. Инчунин фуқаҳои ҳанафӣ ривоятҳои ӯро ба дараҷаи китобҳои “Зоҳир ар-ривоя”-и Имом Муҳаммад набардоштаанд.
 
Муҳаммад ибни Самоа, Муҳаммад ибни Шуҷоъи Салҷӣ, Алӣ Розӣ ва Умар ибни Муҳир илмро аз ӯ гирифтаанд. Дар воқеъ ба фиқҳи ӯ бисёре аз фуқаҳо сано хондаанд. Ҳатто Яҳё ибни Одам мефармояд: “Аз Ҳасан ибни Зиёд фақиҳтар нафареро надидам”. Ӯ мансаби қозигиро дар соли 194-и ҳиҷрӣ бар уҳда дошт. АммоҲасан ибни Зиёд амалиқозигиро чун фиқҳ наметавонист. Барои ҳамин ба истеъфо рафт. Дар феҳристи Ибни Надим чунин омадааст, ки Таҳовӣ мефармояд: “Ӯ  китоби “ал-Муҷаррад”-и Абӯҳанифа (р) ва ривояти ӯ, китоби “Адаб –ул-қозӣ” китоби “ал-Хисол” китоби “Маъонӣ ал- имон”, китоби “ан-Нафақот”, китоби “ал-Хароҷ”, китоби “ал-Фароиз” ва китоби “ал-Васоё”-ро доро буд. Дар китоби “ал – Фавоид –ал-баҳия” зикр шудааст, ки ӯ китоби “ал- Омолӣ” ро ҳам дошт.”
 
Ин шахсиятҳое, ки мо онҳоро номбар намудем, шогирдони Абӯҳанифа (р) буда, илмро аз ӯ фаро гирифтаанд.
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                      Исоев Н.

Яндекс.Метрика