Ривоят!

Абуалӣ Ибни Сино дар сафаре буд. Ҳангоми убур аз шаҳре назди работе аспашро ба дарахте басту миқдоре коҳу юнучқа пеши аспаш рехт. Ва худаш ҳам руйи кати назди меҳмонхона нишаст, то ғизое хурад. Харсаворе ҳам ба он ҷо расид, аз хар фуруд омаду харашро дар паҳлӯи аспи Абуалӣ баст, то дар хурдани коҳ шарики ӯ шавад ва худаш ҳам дар хони Абӯалӣ Сино шарик шуд.
Шайх гуфт:
- Харатро паҳлӯи аспи ман набанд, чунки хари ту аз коҳу юнучқаи ӯ мехӯрад ва асп ҳам харатро лагад мезанаду пойи харат мешиканад. Харсавор он суханро ношунида гирифт ва ба хурдан машғул шуд. Ногаҳ асп лагаде заду пойи харро ланг кард.
Харсавор гуфт:
-Аспи ту хари маро ланг кард ва ту бояд хисорот диҳӣ.
Шайх сокит шуду худро ба лол будан заду ҷавоб надод. Соҳиби хар Абӯалиро назди қозӣ бурду шикоят кард.
Қозӣ савол кард, ки:
-Чӣ шудааст?
Аммо Сино, ки худро ба лол будан зада буд чизе нагуфт .
Қозӣ ба соҳиби хар гуфт:
- Ин мард лол аст?
Рустоӣ гуфт:
-Ин лол нест, балки худро ба лол будан зада аст, то ин ки товони хари маро надиҳад. Қабл аз ин иттифоқ бо ман ҳарф мезад.
Қозӣ пурсид:
-Бо ту сухан гуфт...? Чи гуфт?
Соҳиби хар гуфт:
-Ӯ ба ман гуфт харро паҳлӯи аспи ман набанд, ки лагад мезанад ва пойи харат мешиканад.
Қозӣ хандиду бар дониши Сино офарин гуфт.
-Ҳикмати ҳарф назаданат пас чунин буд!?
Сино ҷавобе дод, ки аз он ба баъд дар забони форсӣ ба масал табдил шуд:
-Ҷавоби аблаҳон хомӯшӣ аст!(?)

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика