Ростгӯӣ ва росткорӣ аз шумори он хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки ба иродаву шуури ҳар кас вобаста аст.
Касоне, ки умри худро дар фазои олами мунаввари ростгӯӣ ва росткорӣ масраф мекунанд, бешубҳа хушбахттарин шахсиятҳо мебошанд.
Ростонро баду бало нарасад,
Марди каҷрав ба ҳеҷ ҷо нарасад.
(Камолиддини Биноӣ)
Ва Абулқосим Фирдавсӣ низ дар ин маврид чунин гуфтааст:
Бузург он касе, к-ӯ ба гуфтори рост,
Забонро биёрост, каж-жӣ нахост.
Агар хоҳӣ аз ҳар ду сар обрӯй,
Ҳама ростӣ кун, ҳама рост гӯй!
Оре, ҳамаи он ҳикматҳое, ки дар ин бора гуфта шудаанд, ба ҳақиқати зиндагӣ рост меоянд.
Ростӣ чароғи олами тафаккури инсоният шинохта шудааст.
Барҳақ Сайидои Насафӣ фармуда:
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
Шоҳбайти Саъдии Шерозӣ раҳгӯшаи зиндагии мост:
То роҳи рост тавонӣ расид дар мақсуд,
Ту рост бош, ки ҳар давлате, ки ҳаст турост.
СУХАНОНИ БУЗУРГОН ДАР БОРАИ РОСТӢ
Зи нерӯ бувад мардро ростӣ,
Зи нерӯ бувад мардро ростӣ,
Зи сустӣ каҷӣ ояду костӣ.
Агар хоҳӣ аз ҳар ду сар обрӯй,
Ҳама ростӣ кун, ҳама рост гӯй.
Ба гетӣ беҳ аз ростӣ пеша нест,
Зи каҷӣ бадтар ҳеҷ андеша нест.
ФИРДАВСӢ.
Дилатро рост кун, гар росткорӣ,
Ки ҳаст аз росткорӣ растагорӣ.
Носири ХУСРАВ.
Рост бошу мадор аз кас бим.
САНОӢ.
Напечад сар аз ростӣ ҳушманд,
Ки аз ростӣ ном гардад баланд.
САЪДӢ.
Агар хоҳӣ накӯ бошӣ, накӯ бош,
Ҳамеша росткору ростгӯ бош.
Ҳасани ДЕҲЛАВӢ.
Рост ҷӯ, рост нигар, рост гузин,
Рост гӯй, рост шунав, рост нишин.
ҶОМӢ.
Ҳамеша росткорон растагоранд,
Ки ғайр аз ростӣ коре надоранд.
ҲИЛОЛӢ.
Ростонро баду бало нарасад,
Марди каҷрав ба ҳеҷ ҷо нарасад.
БИНОӢ.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
САЙИДО.
Оре, девори рост аз афтидан эмин аст.
Пояи он аз ростӣ мустаҳкам буда, онро аз ҳар гуна газанд нигоҳ медорад. Зеро ростӣ дар ҳар давру замон пойбарҷо буду хоҳад монд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон