Фарҳанг асоси шинохти миллат ва давлат аст. Халқи тоҷик ҳамчун яке аз халқҳои қадиму мутамаддини ориёинажод бо доштани фарҳанги хоси худ, ҳамеша суннатҳои аҷдодии худро эҳтиром ва нигоҳ медорад.
Калимаи «Фарҳанг» маънои васеъ дорад. Маҷмуи дастовардҳои моддӣ ва маънавиеро, ки инсон дар тӯли ташаккули ҷомеа ба даст овардааст, маданият ва ё фарҳанг меноманд. Дар шароити муосири густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ зарур аст, махсусияти фарҳанги миллӣ ва гуногунранги фарҳангҳои ҷаҳонӣ ҳифз карда шавад, анъанаҳои беҳтарину хусусиятҳои хоси фарҳанги миллӣ давом ва ривоҷ дода шавад. Ҳар халқ фарҳанг ва анъанаҳои худро дорад. Анъана ва мероси фарҳангӣ ин сарвати маънавӣ бо хусусияти хоси миллист, ки сарчашмаи хушкнашавандаи неруҳои эҷодии арбобони фарҳангу санъат аст.
Ҳар як фарҳанги миллӣ ба таври худ нодир аст, дар худ рӯҳ ва хислати халқи соҳиби ҳамон фарҳангро таҷассум мекунад. Фарҳанг дар ҳамаи давру замонҳо рисолати созандагии миллатҳову халқиятҳо ва рушду нумӯи онҳоро иҷро кардааст. Таҷрибаҳои таърихӣ ва фазои ноороми ҷаҳони имрӯза собит менамоянд, ки он давлатҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар арсаи ҳама гуна талошҳо комёб мебошад. Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги миллӣ ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардида, он ҳамчун воситаи тавонои ташаккули идеологияи миллӣ, рушди маънавӣ, муаррифгар ва муайянкунандаи мақому манзалати мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо ташаббуси бевоситаи фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст, ки ин ҳам аз шахсияти фарҳангиву илмӣ будани давлатдоронамон дарак дода ва арҷ гузоштан ба тамаддундориву фарҳангӣ будани миллати тоҷик, давомдиҳандаи кору пайкори неки гузаштагони хеш буданро нишон медиҳад чун дар ин давраҳо барои рушду равнақи фарҳангдории тоҷикон ва аз нав эҳё шудани фарҳанги қадимаву урфу одатҳои гузаштагонамон корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.
Ҳануз аз асрҳои IX-X ва то имрӯз «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино, «Синдбоднома»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ, «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, «Фарҳанг ҳастии миллат»-и Эмомалӣ Раҳмон Озодӣ ва «Истиқлоли миллӣ»-и Муҳаммад Абдураҳмон ва амсоли инҳо ҳазорҳо осори дигари олимони гузаштаву муосири тоҷик аз қадим фарҳанги ғанӣ ва илму маърифати бузург доштани ин миллати овозадору бостонию фарҳангпарварро ба тамоми мардуми дунё собит намудаанд.
Хизматҳои бузурги Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмонро таърих бо хатҳои заррин дар саҳифаҳои худ сабт намудааст, ки ҳаргиз сутудаву хира нахоҳад шуд. Аз он ҷумла, бо азму иродаи ватандӯстию фарҳангпарварии Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои муҳими саривақтияш ба созмони бонуфузи байналмилалии Юнеско барои ҳамчун мероси дорои арзишу аҳамияти умумибашарӣ пазируфта шудани бархе аз осори фарҳанги пуршукӯҳи моддиву маънавии тоҷикон аз қабили «Чакан», «Наврӯз», мусиқии классикии «Шашмақом», «Фалак», «Ҷашни Сада», «Тазҳиб» (зарҳалкорӣ), Атласу адрас, «Куллиёт»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва амсоли инҳо мусоидат намуданд. Қобили тазаккур аст, ки аллакай ба ин васила ҷаҳониён дубора аз ғанию қадима будани фарҳанги мо огоҳӣ пайдо карда онро эътироф низ намудаанд.
Гузашта аз ин миллати қадимӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, тамаддунофар, соҳибмаърифат, шаҳрдору шаҳрнишин будани тоҷиконро бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид бо тантана ҷашн гирифтани 5500 - солагии Саразми бостон исботи комил намуд.
Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.
Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.
Садуллоев Аҳмадҷон Саидазамович – мутахассиси пешбари шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.