Рӯза ба поён расиду омад навъид

Иди саиди фитр яке аз идҳои бузург дар суннати исломӣ аст, ки дар миёни мусалмонон аз ҷойгоҳ ва ҳурмати фавқулода бархурдор аст. Дар бораи он аҳодис ва ривоятҳои бешуморе ворид шудааст. Дар ин рӯз рӯзадрон, ки моҳи мубораки рамазонро ба рӯзадорӣ гузаронида, аз хурдану ошмидан ва бисёр корҳои мубоҳи дигар, ки ба навъе ботилкунандаи рӯза ба ҳисоб меояд, имтиноъ варзидаанд, аз Худованд подоши некӯияшонро мехоҳанд. 

Вожаи ид истилоҳи арабӣ буда, аз феъли ода ба маъноии баргашт омадааст. Аз ин рӯ, ба айёме, ки  мушкилоти гурӯҳ, қавм, ё шахс бартараф шуда, роҳативу пирӯзи меояд, он рӯзро ид меноманд. Вожаи ид дар Қуръони карим танҳо як бор дар ояти 114-и сураи Моида омадааст: “Бор илоҳо, дастархоне барои мо аз осмон бифирист, то моро ва ононро, ки баъд аз мо меоянд, иде ва нишоне аз ту бошад”.  Рӯзи аввали моҳи шавволро ба он хотир ид номидаанд, ки амр ба рӯза доштан бардошта шуда ва ба мусалмонон дастур дода шудааст, ки ба хурдану ошомидан рӯ оваранд. Мусалмонон дар ин рӯзи фархунда аз зиёфати илоҳӣ ба сафои ботин расида, шахсияти воқеии худро пайдо мекунанд. Инсони мусалмон дар муддати як моҳ талош мекунад, ки ғуборҳои ҷаҳлу нодонӣ ва ғафлату маъсиятро аз худ дур созад  ва дар партави фазои маънавии моҳи мубораки рамазон ба як зиндагии навин даст ёфтааст. Аз ин рӯ, ин зиндагиро метавон бозгашт ба хештан номид. Дар мавриди ид донишманде фармудааст: Дар он рӯз, ки аз ту гуноҳе сар назанад, ҳамон рӯз бароят ид аст.  

Закоти фитр яке аз қисматҳои закоте аст, ки пардохти он дар моҳи мубораки рамазон ба вижа барои рӯзадорони ин моҳ воҷиб шуда, ба навъе комилкунандаи ин моҳи маънавӣ ва омиле барои қабули моҳи мубораки рамазон ва муҷиби поксозии рӯз аз олудагиҳо мегардад.

Рӯза ба поён расиду омад навъид

Ҳар рӯз бар осмонат бодо мурво!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Рамазониён А

Яндекс.Метрика