РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ ШОИРИ ФОРСУ ТОҶИК - САЪДИИ ШЕРОЗӢ ХУҶАСТА БОД!

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам бо дилситонам меравад.
Ман мондаам маҳҷур аз ӯ бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.
Гуфтам ба найрангу фусун пинҳон кунам рози дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.
Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон, гӯӣ, равонам меравад.
Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон,
Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад.
Баргашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам.
Чун миҷмаре пуроташам, к-аз сар дуҳонам меравад.
Бо он ҳама бедоди ӯ в-ин аҳди бебунёди ӯ,
Дар сина дорам ёди ӯ ё бар забонам меравад.
Боз ою дар чашмам нишин, эй дилситони нозанин,
К-ошӯбу фарёд аз замин бар осмонам меравад.
Шаб то саҳар менағнавам в-андарзи кас мешнавам,
В-ин раҳ на қосид меравам, к-аз каф инонам меравад.
Гуфтам: бигирям, то ибил чун хар фурӯ монад ба гил,
В-ин низ натвонам, ки дил бо корвонам меравад.
Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман,
Гарчӣ набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад.
Дар рафтани ҷон аз бадан гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.
Саъдӣ, фиғон аз дасти мо, лоиқ набуд эй бевафо,
Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.

САЪДИИ ШЕРОЗӢ

Гирдоварандаи мавод : А. ҚОДИРӢ

Яндекс.Метрика