Рӯзи иттифоқҳои касаба муборак!

Роҳбарият ва аҳли кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли кормандони иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриро ба иди касбӣ - Рӯзи иттифоқҳои касаба табрику таҳният менамоянд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон шарики боэтимоди иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бориз дорад.

Воқеан, имрӯз нақши ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар назорати ҷамъиятии риояи талаботи қонунгузории меҳнат, ҳимояи манфиатҳои кормандон ва таъмини ҳифзи меҳнат муҳим мебошад.

Бо умеди рушди иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ, тақвияти шарикии иҷтимоӣ ва таманнои комёбиҳову пирӯзиҳо - Рӯзи иттифоқҳои касабаро муборак намуда, ба кулли кормандони ин ниҳоди ҷамъиятӣ сиҳатмандии комил ва барори кору муваффақият таманно менамоем.

Бо эҳтиром,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим

Яндекс.Метрика