Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

"Таъкид менамоям, ки Ҳукумати мамлакат пешбурди муназзаму муваффақонаи сиёсати ҷавононро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини фаъолияти худ меҳисобад.

Зеро мо хуб дарк мекунем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон – ғамхориву сармоягузорӣ ба хотири ояндаи ободу пешрафтаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати тоҷикон мебошад." Эмомалӣ Раҳмон

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҷавонони саодатманду сарбаланди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо тансиҳатӣ, саодати рӯзгор ва дар кору пайкори садоқатмандонаашон ба хотири ободии Ватани азизамон – Тоҷикистон комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

Масъули сомона - Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика