Садақаи фитри рӯза

Ҳукми фитри рӯза

Садақаи фитри рӯза воҷиб аст. Фитри рӯза садақа буда, шукр кардан бар Офаридгор (ҷ.ҷ.) аст. Фитри рӯза, закоти сар аст. Фитри рӯза василаест барои қабули рӯза ва наҷот аз азоби супурдани ҷон ва азоби қабр аст. Фитри рӯза кӯмакест барои фақирон, то онҳо ҳам дар рӯзи ид хурсандӣ бикунанд.

Фитри рӯза кай воҷиб шудаст?

Фитри рӯзаро садақаи моҳи рамазон ҳам мегӯянд. Фитри рӯза пеш аз фарз шудани закот дар соли дуюми ҳиҷрӣ воҷиб шудааст.

Фитри рӯза дар ҳадис

Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят мекунад:
Ҳазрати Расулуллоҳ (с.а.с.) амр кард, ки барои тоза кардани рӯзаҳо аз суханҳои пуч, ифлос ва бемаънӣ ба фақирон барои як хӯрок садақаи фитр диҳед. Ҳар касе пеш аз намози ид адо кунад, садақаи мақбул аст. Ва ҳар касе, ки баъди намози ид адо кунад, чун садақаи ҳамавақта ҳисоб мешавад (Ибни Моҷа, Закот, 21).

Фитру рӯза ба адади аъзои оила дода мешавад. Агар ҳамсар ҳомила бошад, барои тифли дар батн фитри рӯза воҷиб нест, аммо агар фитри рӯза дода шавад, зоэъ намегардад.

Фитри рӯза бар киҳо воҷиб аст?

Шартҳои воҷиб будани фитри рӯза; мусалмон будан, озод будан, аз эхтиёҷоти аслӣ бархурдор будан.

Миқдори фитри рӯза:

Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 7 сомонӣ муқаррар шавад.
Фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2024 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шавад.

Фитри рӯза кай дода мешавад?

Тибқи мазҳаби Ҳанафӣ фитри рӯза аз субҳи рӯзи якуми ид оғоз меёбад, аммо метавонем пеш аз ид ҳам бар фақирон фитри рӯза бидиҳем, то барои ид омодагӣ бубинад ва рӯзи ид хурсандӣ бикунанд.

Тибқи се мазҳаби дигари аҳли суннат, аз ғуруби офтоби шаби охирони моҳи Рамазон воҷиб мегардад ва пеш аз тамом кардани намози ид, фитри рӯза бояд адо карда шавад.

Мусалмоне, ки пеш аз ид вафот мекунад.
Нафаре, ки дар рӯзи аввали иди Рамазон пеш аз фаҷр вафот мекунад, фитри рӯза аз гарданаш соқит мегардад. Агар баъд аз намози ид вафот кунад, фитри рӯза барояш воҷиб мемонад ва аз меросаш метавонанд, адо намоянд.

Киҳо бояд фитри рӯза дод?

Нафаре, ки молаш ба нисоб расидааст, метавонад аз номи худ ва фарзандони фақираш фитри рӯза бидиҳад. Аммо фарзандони доро худашон фитри рӯза медиҳанд. Падар аз номи фарзанди иллатдораш фитри рӯза медиҳад. Падар аз номи фарзанде, ки ҳанӯз таваллуд нашудааст, фитри рӯза намедиҳад. Шаби ид ва то баромадани офтоб тифл ба дунё ояд, додани фитри рӯза барои тифл воҷиб аст. Дар фитри рӯза балоғат ва соҳиб ақл будан шарт нест. Фарзанд бар додани фитри рӯза барои падару модару бобою бибӣ мукаллаф нест. Бобо низ барои додани фитри рӯзаи набераҳои фақираш мукаллаф нест, агар падарашон чӣ дар ҳаёт бошанд ва чӣ набошанд.

Фитри рӯзаро ба киҳо бояд дод?

Фитри рӯзаро бар эҳтиёҷманд бояд дод. Фитри рӯза ба як фақир дода мешавад. Як фитрро бар чанд фақир набояд тақсим кард.

Фитри рӯзаи пиронсолон ва беморон

Пиронсолон ва бемороне, ки рӯза намегиранд, фитри рӯза медиҳанд.

Вақти додани фитри рӯза ният шарт аст?

Албатта вақти додани фитри рӯза ният шарт аст. Аммо шарт нест, ки ба фақир бигӯем, ки ин садақаи фитри рӯза аст.

Нафаре, ки садақаи фитри рӯза мегирад, бояд ки намоз адо кунад?

Чунин суханҳо дар миёни мардум паҳн шудааст, ки ягон асоси шаръӣ надоранд.

А.Қодирӣ

Яндекс.Метрика