Сада – ҷашни таърихӣ

Сада, яъне сад рӯз пеш аз Наврӯзи оламафрӯз, ҷашни қадимӣ, мавсимӣ ва мардумии ориёиҳо буда, бино ба таҳқиқотҳои илмӣ таърихи пайдоиши он ба давраҳои пеш аз ориёиҳо рафта мерасад. Тавре, ки аз номи ин ҷашни мавсимии мардумии халқиятҳои эронитабор маълум аст, аз 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ то омадани иди Нарӯзро фаро мегирад, ки аз 50 шабонарӯз иборат аст. Агар ба моҳҳои тақмивии солшумории мелодӣ ҳисоб кунем, он ба поёни шаби 30 ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. 

Вобаста ба таърихи пайдоиши ин ҷашн назарҳо гуногунанд, тибқи маъхазҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ тақрибан 11-12 ҳазор сол пеш ойини Меҳрпарастӣ падид омадааст, ки маҳз дар заминаи буругдошти ин ойин ҷашни Сада пайдо гаштааст. Абӯрайҳони Берунӣ менависад: “Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгориҳои Ардашери Бобакон аст ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳаргоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машёна (нахустин ҷуфти инсон дар таърихи асотири эронӣ) ба сад расиданд ва низ омада: “Шумори фарзандони Одам (а) Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид”. Яъне, таърихи пайдоиши ин ҷашни куҳанбунёд ба пайдоиши аввалин инсонҳо рабт гирифтааст. Ҳамчунин, Фирдавсии бузург дар “Шоҳмнома” менависад: “Ҳушанг подшоҳи Пешдодиён бо чанде аз ҳамроҳонаш рӯзе аз кӯҳ мегузашт, ки мори сиёҳе намудор шуд ва Ҳушанг санге гирифта, ба сӯи мор андохт ва мор фирор кард, санг ба кӯҳ бархурд ва аз он оташ бархост. Ҳушанг аз бархостани оташ аз ду санг дар ҳайрат монда, он оташро ҳамчун нури яздонӣ пазируфт. Аз он рӯз бузургдошти оташро ҷашн гирифта, онро бо номи Сада маъруф кард. 

...Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр”.

Олими мардумшинос ва фолклоршиноси тоҷик Равшан Раҳмонӣ таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва нақши он оташ мебошад, хеле қадимӣ дониста, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар рабт додааст.  

Бино ба иттилои манбаъҳо, чун “Таърихи Байҳақӣ”, “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ ҷашни Сада ҳанӯз аз давраҳои қадим таҷлил карда мешуд ва яке аз се ҷашни бузурги мардуми форсизабон аст. Аз даврони исломӣ то охирҳои даврони Хоразмшоҳиён ва ҳамлаи Муғул ин ҷашн ҳам аз тарафи подшоҳон ва ҳам аз тарафи мардуми одӣ таҷлил карда мешуд. Дар замони Ғазнавиён ин ҷашн бо шукӯҳи хосса талҷил мегардид ва Унсурӣ қасидае ба Амир Муҳаммади Ғазнавӣ дар бораи Сада сурудааст:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Умари Хайём дар “Наврӯзнома” менависад: “Ҳар сол то ба имрӯз ҷашни Садаро подшоҳони некаҳд дар Эрон ва Турон ба ҷой меоварданд, баъд аз он ба имрӯз замони ин ҷашн ба дасти фаромушӣ сурпурда шуд ва фақат зардуштиён, ки нигаҳбони сунани бостониянду ҳастанд, ин ҷашни бостониро бар по медоштанд”. 

Ин ҷашн, ки ба қарнҳо пеш аз дини зардуштӣ рабт дорад, зардуштиён онро бо оташафрӯзӣ оғоз мекарданд ва имрӯз низ дар Эрон ин анъана идома дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро эҳё кард, ки имрӯз ҳамчун иди таърихӣ ва мардумӣ дар қаламрави Ҷумҳурӣ бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешаванд. Иди Сада дар мавсими зимистон, дар оғози чиллаи хурд, яъне мутобиқ ба 30-31 январи солшумории мелодӣ ҷашн гирифта мешавад. Пешвои миллат вобаста ба суннатҳои ҷашни Сада чунин гуфтаанд: “Дар миёни суннатҳои Сада гулханафрӯхтан мавқеи асосӣ дорад, ба ин маънӣ ин ҷашнро метавон ҷашни мелоди оташ, яъне манбаи гармӣ ва нур номид”. Таҷлили ин ҷашни таърихӣ бо ташаббуси Пешвои миллат бори дигар эҳё гардида, бо суннатҳои мардумӣ ҷашн гирифта мешавад. 

Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ.  

Яндекс.Метрика