САДОҚАТРО АЗ Ӯ ОМӮЗЕМ!

“Ман то охирин гурезаро ба Ватан бар нагардонам осуда намехобам!”
Аз аввалин ваъдаҳои Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар Иҷлосияи таърихии 16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд шунида шуд.
Нахуст амалаш, рафтораш ва гуфтораш аз иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ буд.
Ба қавлаш вафо кард, новобаста аз вазъ, мамоният ва душвориву хатар.Тайи ин 30 сол ба хотири сарҷамъиву осудагии миллаташ, хиёнатро бахшид, хаторо ислоҳу гунаҳро авф кард.
Саре пур аз сиёсат, диле пур аз раҳм, дасте пур аз мардӣ, камаре пур аз меҳнат ва чашме пур аз муҳаббат - Пешвои Худододаи миллати ман!
Соли 31-ум аст, ки шоҳиди хизматҳои шоёнаш ҳастем.
Инак боз як иқдоми созандаву инсонпарваронаашон, баргардонидани 101 нафар кӯдакон ва 45 нафар занони гуреза аз сарзамини ҷангзадаи Ироқу Шом.
Ин бори аввал нест, соли 2019 бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84 нафар ҳамватанони фиребхӯрдаи мо аз майдони ҷанг, новобаста аз вазъияти хатарноки ДИИШ тавассути хатсайри махсуси ҳавоии Бағдод-Душанбе ба ватан баргардонида шуданд.

КАРИМЗОДА УСМОН
КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Яндекс.Метрика