САДОҚАТ БА ВАТАН, ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ

"Хотирнишон менамоям, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бо ҷоннисорӣ, ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории фарзандони содиқи Ватан, аз ҷумла десантчиёни далеру шуҷоъ ба даст омадааст ва ҳимояи он имрӯз ҳамчун вазифаи масъулиятноку бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст.

Хусусан, вазъи ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ, маҳорату малакаи касбӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд".

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ - генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Яндекс.Метрика