Сайре ба таърихи «Соли нав» ва моҳияти ин ҷашни куҳан

Ҷашни солинавӣ аз ҷумлаи қадимтарин ва маъмултарин анъанаҳои фарҳангӣ мебошад, ки  таърихи пайдоиши он ҳамзамон бо пайдоиши анъанаҳои кайҳоншиносӣ, гоҳшиносию гоҳшуморӣ ва дарки қонуниятҳои умумии зуҳур ва инкишофи падидаву ҳодисаҳои олами табиӣ оғоз ёфтааст. Инсоният ҳамеша ва дар ҳар давру замон зимни мушоҳидаи падидаю ҳодисаҳои олами табиӣ барои дарки сабабҳо ва моҳияту хусусиятҳои зуҳури онҳо кӯшиш намудааст ва тасаввуроти донишҳои дар ин раванд ҳосил намудаашро аввал дар устураҳо, сипас ривоёту таълимоти динӣ ва ниҳоятан, дар назарияҳои илмӣ инъикос намудааст. Аз ин нуқтаи назар, зимни омӯзиш ва шарҳи мухтасари ҷашни солинавӣ ҳамчун падидаи фарҳангӣ, зимнан, дар назар доштан лозим аст, ки аслан, ин ҷашн – ҷашни як воқеият ё ҳодисаи қонунманду такрорёбандаи инкишофи ҳастӣ мебошад. Дар зарфи як соли пурра, яъне 365 шабонарӯз, Замин як маротиба дар гирди Офтоб ва дар зарфи як шабонарӯз як бор дар гирди меҳвари худ мечархад ва ин ҳодисаи такрорёбандаи кайҳонӣ худ як шарт ё омили зарурию ҳатмӣ барои пайдоиши ҳаёт ва мавҷудоти зинда дар Замин маҳсуб мешавад. Дар натиҷаи чархидани Замин дар гирди меҳвари худ шаб ва рӯз якдигарро иваз мекунанд, дар натиҷаи чархидани Замин дар гирди Офтоб чаҳор фаслҳои сол (баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон) пайваста такрор мешаванд. Албатта, ҳар кадоми ин ҳодисаҳои қонунманду такрорёбанда шабу рӯз, баҳору тобистон ва тирамоҳу зимистон, таносуб ва робитаи муайяни сабабӣ-натиҷавӣ вуҷуд дорад, ки тибқи он шабу рӯз ва фаслҳои сол доимо такрор меёбанд ва якдигарро иваз мекунанд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо, ки дар давоми як соли пурра, яъне як маротиба давр задани Замин дар гирди Офтоб пайваста ба вуқӯъ меоянд, барои ҳаёти мавҷудоти зиндаи рӯизаминӣ, аз ҷумла инсоният зарурӣ маҳсуб мешаванд. Аз ин рӯ, ҷашнгирии Соли нав – рамзи арҷгузорӣ ва қадршиносии инсон нисбат ба ҳодисаву падидаҳои куллии тавлидкунандаи ҳаёт мебошад. Чунки, агар ин ҳодисаву падидаҳо намебуданд, ҳаёт дар рӯи Замин пайдо намешуд. Дар ин пешгуфтор, мо кӯшидем моҳият ва арзиши ҳаётии солро ҳамчун ҳодисаи қонунманду такрорёбандаи кайҳонӣ ва омили тавлидкунандаи олами зиндаи объективӣ (табиати зинда – наботот, хайвонот ва инсоният) барои хонандагон шарҳ диҳем. Чӣ тавре ки тифли ширхора, бо вуҷуди ҳанӯз хом ва ноқис будани нерӯҳои ақлонии худ, ба модари худ меҳру муҳаббат зоҳир мекунад, ҷомеи инсонӣ низ ҳанӯз то пайдоиши тамаддун, дар ҳамон даврони ибтидоии «туфулият», ки таҳти «қонунҳои ҷангалӣ» мезист, вобастагии таърих ва сарнавишти худро аз «гардиши айём»  ивазшавии мусалсали солро дарк карда, ин ҳодисаро мавриди эътиқоду парастиш қарор додааст. Дар натиҷа яке аз ҷашнҳои бошукӯҳу маъмултарин дар ҷаҳон – ҷашни солинавӣ ба вуҷуд омадааст. Вале, ҷашни солинавӣ ҳамчун падидаи фарҳангии ҳамсафари ҳаёти башарият, ҳамчун як меъёри иҷтимоӣ, дар ҳеҷ давру замон дар як ҳолати шахшуда боқӣ намондааст, балки доимо бо ин ё он замони мушаххаси таърихӣ мутобиқ шуда омадаанд. Дар  ҳар замони мушаххас ҷанбаҳои ба шароит ва мафкураи дар ҷомеа ҳукмрон мувофиқи ин ҷашн ташаккул ёфтаанд ва ин хусусияти рушди ҷашни солинавӣ дар замони мо низ ба мушоҳида мерасад.Акнун, бо такя ба маълумоти маъхазҳо, сарчашмаҳои хаттӣ ва иттилооти адабиёти илмӣ таърихи ҷашни солинавиро мухтасар таҳлил мекунем.  Таърихи таҷлили ҷашни Соли нав ҳадди ақал панҷ ҳазор сол пеш оғоз гардидааст ва яке аз қадимтарин идҳост. Ҳангоми ҳафриёт дар аҳроми Миср бостоншиносон зарферо пайдо карданд, ки дар он ибораи «Оғози соли нав» ҳаккокӣ шуда буд. Дар Миср вобаста ба давраи серобшавии дарёи Нил, тахминан аз охирҳои моҳи сентябр соли нав оғоз меёфт.

Дар ҳазорсолаи сеюми пеш аз мелод дар Байнаннаҳрайн ин анъана, яъне ҷашн гирифтани оғози соли нав дар аввали баҳор ба вуҷуд омад, зеро маҳз дар ин давра дарёҳои Даҷла ва Фурот сероб мешуданд ва ин серобӣ барои ҳосили фаровон дар соли пешомад аҳамияти хосса дошт. Бо ҷашнгирии вуруди Соли нав сокинони Байнаннаҳрайн бахту саодат барои наздикон ва ҳосили фаровон барои киштзору боғоташон орзу мекарданд.

Ин анъанаро яҳудиён, ки дар асорати бобулиён буданд, қабул карданд ва сипас он дар Юнони Қадим ва Рим густариш ёфт. Маҳз дар Рим Гай Юлий Сезар таҷлили онро ба 1 январ (аз ҳамин рӯз тақвими юлианӣ огоз мешавад), ки онро ба ҷашнгирии Януси дуваҷҳа (дар асотири римӣ – худои дуваҷҳаи дару даромадгоҳҳо, гузаргоҳҳо ва ҳамчунин ибтидо ва интиҳо) бахшида буд, гузаронид.

Оғози соли нав (Наврӯзи хуҷастапай) дар байни аҷдоди мо - мардумони тоҷику форс низ бо шукӯҳу азамати хосса, аз рӯи тақвими дақиқи шамсӣ, ҳангоми таодули баҳорӣ (баробаршавии шабу рӯз), оғози зиндашавии табиат ҷашн гирифта мешуд.

Дар Россия пеш аз қабули тақвими юлианӣ ва григорианӣ сол аз 1-уми март ибтидо мегирифт. Дар давраи ҳукмронии Ивани сеюм бошад, бо фармони ӯ аз соли 1492 оғози соли нав ба 1 сентябр гузаронида шуд. Ин рӯзро ҳам калисо ва ҳам мардуми оддӣ ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯз дар майдони марказии пойтахт маросими ибодатӣ баргузор мегардид, ки дар он шоҳ низ иштирок мекард. Маҳз дар ҳамин рӯз ҳар кас аз сарватмандон то мардуми оддӣ метавонист назди шоҳ ояд ва бо ӯ мулоқот кунад ё аз мушкили худ бигӯяд, талабе намояд. Солшумории Рус дар ин ҳангом аз оғози офариниши олам оғоз меёфт. Чунин ҳолат то ислоҳоту дигаргуниҳои бузурги Пётри I идома дошт. Пётри I оғози соли навро аз 1 сентябр ба 1 январ овард ва мисли Олмон, Ҳолланд ва дигар кишварҳои Аврупо солшумории юлианиро қабул кард. Ҳамин тавр, соли 1699 дар Россия 1 сентябр оғоз ёфта, ҳамагӣ чанд моҳ давом кард ва аз 1 январи соли 1700 аллакай соли нав оғоз гардид. Ҷашни Соли навро на бо баргузории ибодатҳои пуршукӯҳ, балки бо карнавалҳо, шодию сурур ва оташбозӣ пешвоз мегирифтанд, зеро император ҷонибдори ҷудоии калисо аз давлат буд.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи маҳбубият Соли нав аз ҷашнгирии Мавлуди Исои Масеҳ (Рождество) поинтар меистод. Аммо дар даврони ҳукумати шӯравӣ, ки дин ва идҳои диниро мамнӯъ эълон карда буд, ба иди Соли нав мақоми махсус дода шуд. Он ҳамчун яке аз идҳои асосии мардуми шӯравӣ тарғиб карда мешуд ва дар воқеъ ҳам яке аз идҳои асосӣ гардид.

Ҳоло ҷашнгирии Соли нав як қатор анъанаву маросимҳоро дар худ гунҷонидааст, ки қисме аз онҳо ба анъанаҳои қадимӣ ва муосири Аврупо тааллуқ доранд, бархе дигар бо равияи православӣ алоқаманданд, қисме аз даврони бутпарастӣ боқӣ мондаанд, қисми зиёди дигарашон мероси даврони шӯравиянд. Имрӯзҳо бошад ин ид ба таври шахшуда боқӣ намонда, унсурҳои фарҳанги чинӣ (ҳайвонҳои толеъномаи чинӣ) ва амрикоӣ (гавазн ва париҳо) ба он ворид шуда истодаанд.

Шахсияти Бобои Барфӣ ва Барфак низ таваҳҳумнок боқӣ мондааст. Онҳо омезиши мавҷудоти давраи бутпарастӣ, шахсиятҳои қудсии масеҳӣ ва тахайюли барномарезони фарҳанги шӯравиро дар худ инъикос мекунанд.

Шоёни зикр аст, ки дар Аврупо иди Соли нав нисбат ба Россия содатар таҷлил мешавад. Сарфи назар аз афзалияти дунявияташон, мардуми Аврупо бештар рӯзи Мавлуди Исои Масеҳро ҷашн мегиранд. Мо мардуми собиқ шӯравӣ арчаи солинавӣ мегӯем, аврупоиҳо бошанд арчаи рӯзи мавлуд мегӯянд.

Соли нав идест, ки дар натиҷаи анъанаҳои тӯлонӣ ташаккул ёфта, имрӯзҳо аз ҳаргуна эътиқодоти динӣ дур аст. Ҳатто он масеҳиёни православие, ки тамоми талаботи мазҳабиро риоя мекунанд, онро ҷашн намегиранд ва таҷлилашро низ ҷоиз намедонанд, зеро маҳз дар ҳамин айём рӯзаи даврони Мавлуд оғоз мешавад ва масеҳиёни онро риоя намуда, бештар ба ибодат мепардозанд.

Дар бораи ҷашнгирии оғози Соли нав дар миёни намояндагони дину мазҳабҳои гуногун низ ба ақидаҳои мухталиф метавон вохӯрд. Масалан, баъзе руҳониёни яҳудӣ, аз ҷумла Раввин Акко Шмуел Элиягу онро иди бахшидашуда ба хотири таъқибкунандаи яҳудиён – Силвестер дониста, таҷлили онро барои яҳудиён камоли бехирадӣ меҳисобад. Вале Раввини дигар – Эфрат Шломо Рискин ҷанбаҳои динӣ ва шаҳрвандии онро дақиқан ҷудо намуда, мегӯяд: «Бо таҷлили поёни сол ва оғози соли нав мардум ба ёд меоваранд, ки ҳаёт зудгузар аст ва онҳо ҷовидона нестанд. Дар ин ҳикмати бузурге пинҳон аст».

Мусулмононе, ки дар давлатҳояшон солшумории григорианӣ роиҷ аст, низ ин идро дар қатори дигарон ҷашн мегиранд. Вале дар вақтҳои охир аз олами ислом сару садоҳое барои манъи таҷлили иди Соли нав ба гӯш мерасанд. Муддаиёни ин гуна сару садоҳо барои суханҳои худ далел меоранд, ки дар ислом танҳо ду ид ҳаст ва ҳар ҳафта як бор, дар рӯзи ҷумъа низ ид аст ва ин барои мо кофӣ мебошад. Онҳо барои ин гуфтаҳояшон ҳадиси Паёмбари ислом (с)-ро далел меоранд, ки мувофиқи он ду иде, ки мардуми Мадина онро аз даврони ҷоҳилият ҷашн мегирифтанд, бо ду иди исломӣ иваз карда шуданд. Бештари онҳое, ки ба таҷлили идҳои ғайриисломӣ назари нек надоранд, ба гуфтаи Ибни Таймия аз китоби «Ал-Иқтидо» руҷӯъ мекунанд: «Худро дар идҳои ғайримусулмонон ба онҳо монанд кардан чунин маъно дорад, ки инсон худро бо ақида ва анъанаҳои дурӯғини онҳо қонеъ мегардонад». Албатта ин гуфтаҳои онҳоро дар ҳолате метавон дуруст донист, ки сидқан касе он амалҳоро аз рӯи эътиқодоти динӣ анҷом диҳад, дар ҳоле ки дар худи кишварҳои масеҳӣ ва ғарбӣ онро касе иди динӣ намешуморад. Дар даврони шӯравӣ ҷашни солинавӣ дар доираи фарҳангии шуравӣ, ҳамчун ҷамъбасти соли кӯҳна ва оғози соли нав таҷлил карда мешуд ва бо ҳамин мазмун дар даврони истиқлолият, маҳз бо сабаби дар кишвари мо расман роиҷ будани солшумории мелодӣ ва тақвими григорианӣ, таҷлил карда мешавад.

Бояд иқрор шуд, ки ҳеҷ касе иди Соли нав ё кадом як иди дигареро ба унвони иди динӣ ҷашн нагирифтааст, махсусан идҳои Соли нав ва Наврӯзро. Ҳар сол пеш аз оғози ин идҳо чунин сару садоҳо дар ҷомеаи мо низ пайдо мешаванд ва боиси баҳсу изҳори назарҳо мегарданд. Аммо барои мӯйро аз хамир ҷудо намудан дар чунин мавридҳо танҳо хирад ва мантиқро истифода намудан кофист. Худатон қазоват намоед, ки дар олами масеҳӣ, ки мо тасаввур дорем онро ҳамчун иди динӣ таҷлил мекунанд, вазъият чунин нест. Қисмати динии он, ки ба мавлуди Исои Масеҳ мансуб аст дар байни католикҳо ба унвони Крисмас 25 декабр ва дар миёни пайравони равияи православӣ 7 январ ба унвони Рождество ҷашн гирифта мешавад.

Бинобар ин, мо ҳамагон бояд дарк намоем, ки ҷашни иди Соли нав ба ҳеҷ ваҷҳ рангу хусусияти динӣ надорад ва он дар доираи фарҳанги дунявӣ, ҳамчун рамзи ибтидои солшуморие, ки мо тибқи он кору фаъолият ва зиндагӣ мекунем, баргузор мегардад. Ин маросим як навъ ҷамъбасти дастовардҳо ва муваффақиятҳои соли сипаришуда ва гузоштани нақшаву ниятҳои нав дар соли пешоянд аст. Чуноне ки мегӯянд, нияти нек ними давлат ва ними имон ҳам ҳаст! Маҳз бо чунин орзуву ниятҳои нек мо Соли навро пешвоз мегирем ва барои пешрафту муваффақияти зиндагиамон дар ҳаёти оянда барномарезӣ мекунем. 

Соли нави мелодии 2022 – оғози гардиши навбатии айём ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон бобарору фархунда бод!

 

Шоев Зиёвиддин – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Виркани Музаффарӣ – ходими калони илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин, пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 

Яндекс.Метрика