Сарчашмаи беназири таърихиву адабӣ

Миёни осори муътабари хаттӣ, ки бо забони форсии тоҷикӣ нигошта шуда, ҷойгоҳи рафеъе дар кохи бошукӯҳи фарҳангу ҳунари ҷаҳон дорад, яке навиштаи арзишманди Атомалики Ҷувайнӣ –

муарриху андешаманди номдори тоҷик «Таърихи Ҷаҳонгӯшой» ба шумор меравад. Ба эътирофи академик Бартолд ин асар дар радифи таърихномаҳои Абулфазли Байҳақӣ ва Рашидуддини Фазлуллоҳ муҳимтарин сарчашмаи таърихии асрмиёнагӣ ба шумор меояд.

Муаллифи асар солҳо бо Хоразмшоҳиёну муғулҳо нишасту хез дошта, шоҳиди бештари рухдодҳое буда, ки навиштааст. Ӯ бо асноду мукотиботи давлатҳои исмоилиёни Аламут ва фотеҳони муғул ошноӣ дошта, дар таълифи хеш аз он суд бурдааст. Ҷувайнӣ намояндаи хонадони маъруфи ҷувайниҳо буда, ҷадди ӯ дар хидмати Салҷуқиён ва падари ӯ хидматгузори Хоразмшоҳиёну муғулҳои нахустин буд.

Ҷувайнӣ ва бародараш Шамсуддин дар замони ҳукумати муғулҳое, ки Эрону Бағдодро фатҳ карда буданд, ба мартабаҳои баланди давлатӣ расидаанд. Маҳбубияти ӯ дар он сатҳ буд, ки шоири машҳури ин давра Саъдии Шерозӣ бародаронро мадҳу ситоиш кардааст.

«Таърихи Ҷаҳонгӯшой» аз се ҷилд иборат аст. Ҷилди аввали асар ба ҷаҳонкушоиҳои Чингиз, салтанати писари Чингиз Угтойқоон ва писари Угтойқоон Гуюкхон бахшида шудааст. Ин қисмати асар бо вуҷуди он ки дар замони ҳукумати муғулҳо ва дар дарбори онҳо навишта шуда, аз навиштану тасвир кардани воқеияти ҷиноятҳои муғулҳо чашм намепӯшад. Ҳарчанд муаллиф истилои сарзаминҳоро фатҳу кушоиш номад ҳам, куштори бераҳмонаи мардумону харобии

шаҳру вилоятҳоро низ тасвир кардааст.

Ҷилди дувуми асари Ҷувайнӣ перомуни саргузашти Хоразмшоҳиёну Қарохониёну Ғуриён маълумот медиҳад. Инчунин дар хусуси ҳукмронии муғулҳо то замони Ҳулоку ахбори муфид пешниҳод гардидааст. Хусусан ахбори ин муаллиф дар бораи силсилаи тоҷикии ғурӣ хеле муфид мебошад. Дар ин қисмат ахбори нодир роҷеъ ба равобити Ғуриёну халифаҳои Бағдод низ мавҷуд мебошад.

Дар ҷилди савум Атомалики Ҷувайнӣ чигунагии тасарруфи Аламуту Бағдод тавассути Ҳулоку, шарҳи мазҳаби исмоилия ва ғайраро баён кардааст. Ӯ ба сарчашмаҳое аз Аламуту дигар қалъаҳои исмоилиён ба даст омад ошноӣ дошта, ки арзиши асарашро бештар месозад. Муаллифи таърихнома агарчӣ корманди дастгоҳи идории муғулҳо ба шумор мерафт, вале аз баёни ҳақоиқи ҳаводиси аҳди муғул ва қатлу куштори ваҳшиёнаи онҳо лаб фурӯ намебандад.

Муаррихону адибони баъдӣ, аз ҷумла Рашидуддин ва Вассоф асари Ҷувайниро писандида, аз он истифода кардаанд.

«Таърихи Ҷаҳонгӯшой»-и Атомалики Ҷувайнӣ бо ашъори арабӣ ва порсии фаровоне зиннат ёфта, ки арзиши адабии асарро низ бештар сохтааст. Китоб бо забонҳои англисӣ, туркӣ, фаронсавӣ ва ғайра тарҷума шудааст. Асари Ҷувайнӣ дар Тоҷикистон низ ба чоп омода шуда, анқариб интишор меёбад.

 

Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика