Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон 9-уми марти соли 2024 дар Кохи Ваҳдат зимни баромади худ чунин қайд карданд:
«Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд.
Солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, аз навтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, вазъи мураккаби дар пайи пандемияи КОВИД-19 бавуҷудомада, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он – хушксоливу камобӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонида истодааст».
Оре, ҳақ ба ҷониби гуфтаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Барои ҳар як шахси зираку воқеъбину аслбин ин гуфтаҳои Пешвои миллат як роҳнамои хубест.
Ин мушкилотҳо ҳанӯз аз ибтидои ташаккули давлатдории мусулмонӣ, ба хусус баъд аз реҳлати паёмбари ислом Муҳаммад (с.) ба вуҷуд омада буданд.
Бояд қайд намуд, ки дарки ин ҳақиқатро бузургони мо дар асарҳои худ хеле зебо баён сохтаанд. Аз ҷумла, Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ дар ашъори худ мефармояд:
Мӯраке бар коғазе дид ӯ қалам,
Гуфт бо мӯри дигар ин роз ҳам.
Ки аҷоиб нақшҳо он килк кард,
Ҳамҷу райҳону ҷу савсанзору вард.
Гуфт он мӯр: «Исбаъ аст он пешавар,
В-ин қалам дар феъл фаръ асту асар».
Гуфт он мӯри севум, к-аз бозу аст,
К-исбаъи лоғар зи зӯраш нақш баст.
Ҳамҷунин мерафт боло, то яке,
Меҳтари мӯрон фатин буд андаке.
Гуфт, к-аз сурат мабинед ин ҳунар,
Ки ба хобу марг гардад бехабар.
Сурат омад ҷун либосу чун асо,
Ҷуз ба ақлу ҷон наҷунбад нақшҳо.
Мӯрчае дид, ки қалам рӯӣ коғаз мераваду калимаҳою ҳарфҳоро паҳлуи ҳам мечинад. Бо тааҷҷуб ба мурчаи дигар нишон дод. Ӯ, ки донотар буд, гуфт: - Ин нақшҳо, ки рӯи коғаз меояд, кори қалам нест. Кори ангуштон аст, ки онро мегардонад.
Мӯрчаи севвумӣ гуфт: - Аз ангушти лоғари нотавон чӣ меояд? Ин кори бозуи тавоное аст, ки ангуштонро нигоҳ медорад ва такягоҳи онҳост.
Мӯрчаҳои дигар, ки ҳозир буданд, ҳар як чизе, ки ба ақлашон дар ин бора мерасид, мегуфтанд. То ин ки риштаи сухан ба дасти мӯрчае, ки донотару бузургтар аз ҳама буд, афтод. Ӯ гуфт: - Фаромӯш накунед, ки агар ақлу ҷон набошанд, ҳеҷ чиз аз ҷои худ намеҷунбад. Он чӣ мо мебинем, сурати кор аст.
Пас, мо бояд мисли ин мӯрчаҳо танбалу бепарво набошем, балки мисли он мӯрчае бошем, ки қобилияти дарккунии ҳар як воқеаро дошта бошем. Аз ин рӯ, ба ҳар як ҷавони имрӯза лозим аст, ки дурандешу некбин бошад.
Дар партави ин гуфтаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, агар мо равшанфикрона ва бо тааммул ба саҳифаҳои таърих нигарем, мебинем, ки чӣ қадар душманони дини мубини ислом барои фитнаву дасиса ва тухми кинаву адоват коштан дар байни мусулмонон кӯшиш кардаанд.
Оиди чӣ гуна бо роҳи эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ талош кардани гурӯҳҳои динию сиёсии ифротӣ, аз даврони хилофати Усмон ибни Аффон ҳамчун намуна як мисоли воқеиро баён мекунем.
Яке аз нафароне, ки аввалин шуда дар байни мусулмонон ихтилофу фитнаҳо эҷод кард, ин Абдуллоҳ ибни Сабаъ буд. Абдуллоҳ ибни Сабаъ аз яҳудиёни Санъо дар Яман буда, дар замони хилофати Умар ба Мадина омад ва ба пайравӣ аз ислом тазоҳур намуд. Вай баъдан аз Мадина ба Басра ва Кӯфа омад ва пас аз муддате ба Шом рафта, дар байни мардум ба бадгӯӣ ва таъни халифаи сеюм Усмон ва нашри ақоиди худ дар бораи улуҳияти Алӣ ва дигар андешаҳои фитнаангези худ пардохт. Чун мардум аз ҳадафҳои шум ва ақидаи зиддиисломии вай огаҳ шуданд, ӯро аз Шом берун карданд. Вай равонаи Миср шуд ва дар он ҷо ба нашри бидъати худ пардохт ва гурӯҳе аз мардуми авом ва шахсиятҳои муғриз дар атрофи ӯ гирд омаданд.
Усули эътиқодие, ки Абдуллоҳ ибни Сабаъ дар байни мардум тарвиҷ мекард, аз улуҳияти Алӣ ва раҷъати Муҳаммад (с) иборат буданд. Вай мегуфт, ки Алӣ ҳаргиз намемирад, вай дар байни абрҳост ва тундар (раъд) садои хашми ӯст. Ҳамчунин мегуфт: Ман аз касоне дар шигифтам, ки ба раҷъат ва бозгашти Исо (а) бовар доранд, вале бозгашти Муҳаммад (с)-ро дурӯғ мепиндоранд, дар ҳоле ки назди онҳо Муҳаммад (с) аз Исо (а) бузургтар аст.
Вай мегуфт, ки ҳар паёмбар васие дорад ва Алӣ васии Муҳаммад (с) аст, ки Усмон ҳаққи ӯро ғасб кардааст ва бо ин суханон мардумро бар зидди Усмон ба шӯриш таҳрик мекард. Гӯянд, вақте мардум пас аз фавти Усмон ба Алӣ байъат карданд, Абдуллоҳ ибни Сабаъ бархост ва хитоб ба Алӣ гуфт: «Туӣ он зоте, ки заминро офаридаӣ ва ба мардум рӯзӣ мебахшӣ!». Алӣ аз ин гуфтори вай ба хашм омад ва ӯро аз наздаш ронд.
Абдуллоҳ ибни Сабаъ бо истифода аз авзоъи ошуфтаи уммат дар замони хилофати Алӣ даъвати худро ошкор ва ба муҳаббати аҳли байти расули Худо (с) изҳор намуд ва андешаҳои тавротии худро дар миёни мардум паҳн сохт. Вай барои эҷоди ихтилоф дар миёни мусулмонон ва шикастани ваҳдати уммат ҷиҳати таҳқиқи ҳадафҳои зиддиисломии худ тарҳи дупаҳлӯаеро, ки қаблан барномарезӣ шуда буд, иҷро мекард. Аз як сӯ, кинаву адоватро ба Усмон изҳор медошт ва аз сӯи дигар, андешаҳоеро дар бораи Алӣ ривоҷ медод, ки ба мақсадҳои дини ислом носозгор буданд. Аз ҷумла, мегуфт: Мавзуи вилоят ва имомати Алӣ дар Таврот зикр гардидааст ва Муҳаммад (с) боз ба дунё бармегардад, зеро вақте Исо (а) ба дунё бозмегардад, пас Муҳаммад (с) ба тариқи авло бояд боз гардад.
Пас аз кушта шудани Алӣ соли 40 ҳ. / 661 м. ба дасти яке аз хавориҷ Абдуллоҳ ибни Сабаъ боз ба нашри андешаҳои ботил ва харобиовари худ пардохт ва ин афкори вай дар пайдоиши фирқаҳои гуногуни шиа нақши муҳимме доштаанд. Гузашта аз ин, яке аз ин фирқаҳои шиа дар таърих бо номи «сабаиён» шинохта мешавад.
Мавриди таъкид ва зикр аст, ки ин воқеияти таърихӣ барои ҷавонони ноогоҳи мо ҳамчун як панду намунаест, ки ҳеҷ гоҳ онҳо дар ғафлат намонда, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Ва аз асли ин воқеа танҳо шахсе бохабар шуда метавонад, ки дар хоби ғафлат намонда, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода бошад. Ва ин гуфтаҳои боло, яъне дар ғафлат намондану ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надоданро Мавлоно дар як қисаи зебою дилнишин бо номи «Заргари оқибатандеш» ба риштаи назм даровардааст. Дар поён ин қиссаи ибратомӯзро аз Мавлоно, ки инсонро барои пеш аз даст задан ба ин ё он кор, дар бораи оқибатҳои он андеша кардан ташвиқ мекунад, ҳамроҳ бо шарҳи он зикр мекунем. Қисса чунин аст:
Пираке омад ба пеши заргаре,
Ки тарозу деҳ, ки барсанҷам заре!
Пирамарде назди заргаре омад ва аз ӯ хост, ки тарозуяшро бидиҳад, то зарҳояшро вазн кунад.
Гуфт: Хоҷа, рав, маро ғирбол нест,
Гуфт: «Мизон деҳ, бар ин тасхур маист!».
Заргар гуфт: «Эй пирамард! Ман ғирбол надорам». Пирамард гуфт: «Чаро ришханд мекунӣ? Ман аз ту ғирбол намехоҳам, тарозу хостам!».
Гуфт: «Ҷорӯбе надорам дар дукон».
Гуфт: «Бас, ба, ин мазоҳикро бимон!
Ман тарозуе, ки мехоҳам, бидеҳ,
Хештанро кар макун, ҳар сӯ маҷеҳ!».
Заргар гуфт: «Бидон, ки ман ҷорӯб ҳам надорам»
Пирамард фарёд зад: «Масхарагӣ накун, тарозу биёвар!».
Гуфт: Бишнидам сухан, кар нестам,
То напиндорӣ, ки бемаънистам!
Ин шунидам, лек пире муртаъиш,
Даст ларзон, ҷисми ту номуртаъиш.
Пас бигӯйӣ: «Хоҷа ҷорӯбе биёр,
То биҷуям зарри худро дар ғубор».
Чун бирӯбӣ, хокро ҷамъ оварӣ.
Гӯиям ғалбер хоҳам, эй ҷарӣ!
Ман зи аввал дидам охирро тамом,
Ҷои дигар рав аз ин ҷо, ва-с салом!
3-ибтидои кор охирро бубин.
То набошӣ ту пушаймон явмудин!
Заргар дар ҷавоб бар итоби пирамард гуфт: «Суханонатро шунидам, аммо бидон, ки ҷавобҳои ман масхара ва бемаънӣ нестанд. Сабаби дархости туро ношунида гирифтани ман инаст, ки ту мардӣ пире ҳастӣ, дастҳоят меларзад, тиллоҳои ту ҳам хурду реза аст. Аз дастат рӯи хок мерезад. Баъд аз ин ҷоруб мехоҳӣ, то онҳоро ҷамъ кунӣ. Баъд ғирбол мехоҳӣ, ки хоку хошокро бибезӣ, ҳоло он ки ман на ғирбол дорам, на ҷоруб! Ман, ки фарҷоми дархости туро пешакӣ дарк кардам, барои ҳамин аз додани тарозу худдорӣ кардам».
Исоев Насимҷон Саиднуриддинович – сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон