Сафари корӣ дар вилояти Хатлон

Сафари корӣ дар вилояти Хатлон нахуст аз ноҳияи Қубодиён шурӯъ шуд. Зимни сафар дар ноҳияи Қубодиён бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 дар деҳоти ба номи Утақара Назаров, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин аз ҷараёни дарави шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид карда шуд.

Бознашр аз саҳифаи
www.president.tj

Яндекс.Метрика