САҲМИ МУТАФАККИРОНИ ТОҶИК ДАР ТАШАККУЛИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ

Дар мавриди хидматҳои фаровони аҷдоди тоҷикон ба ойини нав дар сарчашмаҳо маълумоти зиёд вуҷуд доранд, аммо аз сабабе ки ислом тамоми миллатҳоро зери мафҳуми ягонаи «миллати ислом» муттаҳид мекард, саҳми аҷдоди мо тоҷикон дар интишори ислом, яъне аз ибтидои зуҳуру ташаккули он то ба вуҷуд омадани салтанати Тоҳириён, ки хусусияти дунявӣ дошт дар миёни ду асри аввали пешрафти ислом норавшан боқӣ мондааст.
 
Агар аз ибтидои зуҳур ва ташаккули дини ислом ва хидматҳои тоҷикон ба он назар афканем, босароҳат дарёфт хоҳем кард, ки саҳми онҳо нисбат ба дигар қавму миллатҳои мусулмоншуда басо бузург ва муқоисанашаванда мебошад. Бархурди хуросониён бо ислом ва ё гаравидани хуросониён ба ислом мисли минтақаҳои дигар (Африқо, Индонезия, Миср ва дигар кишварҳои ҳамсарҳади Арабистон) набуд. Нуфузи ислом дар ин сарзаминҳо сабаб шуд, ки на танҳо дини аҷдодии онҳо тағйир ёбад, балки забон, урфу одат ва расму русуми онҳо низ ба куллӣ тағйир ёфт. Лекин  раванди мазкур дар Эрон ба дигар шакл идома дошт, зеро дар баробари ворид шудани ойини нав ба Эрон, ки ҳамчун як давлати мутамадин, дорои фарҳанги ғанӣ ва забону адабиёти худ буд, тавонист бартарият, моҳияти андешаи фарҳангӣ ва фарҳанги миллии худро ба арабҳо нишон диҳанд. Яке аз чунин хидматҳо аз он иборат буд, ки тоҷикон тавонистанд тамоми қавонини давлатдорӣ, илму фарҳанг ва забону адабиёти арабро дар доираи талаботи тафаккури эронӣ ва ҳуввияти ин қавм дар сатҳи баланд густариш диҳанд.
 
Хизматҳои оламгири тоҷикон дар роҳи таблиғу густариши илмиву фарҳангии ин ойин аз ҷониби файласуфи андалусӣ Ибни Халдун чунин арзёбӣ шудааст: «Аз шигифтиҳое, ки воқеъият дорад ин аст, ки машъалбардорони илму фарҳанг дар уммати ислом аксаран эрониён-тоҷикон буданд, хоҳ улуми ақлӣ ва хоҳ улуми нақлӣ. Агар ҳам насаби баъзе аз ҳомилони дониш арабӣ буд, забон, маҳали парвариш ва устодони онҳо аҷамӣ ҳастанд» (Абдурраҳмон ибни Халдун. Муқаддимаи ибни Халдун. Тарҷумаи Муҳаммади Гунободӣ. Баргардонии Н. Амиршоҳӣ. Ҷилди 2. Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Милли Тоҷик. – Душанбе, 2019. –С.1096). Ҳақ бар ҷониби Ибни Халдун аст, зеро вақте халифаи давр баъд аз суҳбат бо Имоми Аъзам – Абуҳанифаи маволии аҷамӣ аз дарбориён талаб мекунад, ки рӯйхати уламои фиқҳро ба ӯ пешниҳод созанд, аз миқдори умумии дар рӯйхат пешниҳодгардида, беш аз 99% онро маволиёни аҷамитабор ташкил медоданд, ки боиси нороҳатӣ ва рашку ҳасади халифа Мансур нисбат ба ин қавми аҷам гардида буд.
 
Дар мавриди хидматҳои фаровони тоҷикон дар самти таблиғи илмҳои мухталиф, ирфон ва дар маҷмуъ фарҳанги исломӣ ҳанӯз дар аҳди саҳобагону тобеин маълумоти зиёд вуҷуд дорад. Дар баробари таблиғи ислом аввалин ашхоси эрониасл ба мисли Салмони Форсӣ, ки исломро ошиқона пазируфта буданд, даст ба фаро гирифтани китоби муқаддас заданд, то онро ҳифз намуда, қавмҳои дигарро бо тафсири маънии он ба ислом даъват намоянд. Тоҷикон дар таблиғи ислом дар баробари ояҳои Қуръон аз ҳадисҳо низ истифода мекарданд, ки мактаби ҳадисшиносии тоҷикон махсусан дар Хуросону Мовароуннаҳр ба авҷи аълои худ расида буд ва намояндаи барҷастаи он Муҳаммад ибни Исмоил машҳур ба Имом ал-Бухорӣ ба шумор меравад.
 
Дар «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ доир ба хизматҳои иддае аз олимону зоҳидони Бухоро таъкид ёфтааст, ки маҳз аз баракати хизматҳои шоистаи онҳо Бухоро «қуббатулислом» ном гирифта буд. Ба қавли Наршахӣ «Ва Хоҷа имом Абуҳафси Кабири Бухорӣ аз Бухоро ба Бағдод рафта ва шогирдии имом Муҳаммад Ҳусайни Шайбонӣ раҳима-л-Лоҳу, карда. Ва мисли вай касе дар вилоят набуда. Ва вай аз ҷумлаи мутааххирони Бухорост. Ҳам зоҳид буд, ҳам олим ва Бухоро ба сабаби вай Қуббатулислом шуд. Ва сабаб он ки аҳли Бухоро бо илм шуданд ва илм дар вай фош шуд ва аиммаву уламо муҳтарам гаштанд, сабаб ӯ будааст” (Наршахӣ, А. Таърихи Бухоро [Матн] / А. Наршахӣ. – Душанбе: Дониш, 1979. – С.16-17.).
 
Тибқи шаҳодати Сайдулло Абдуллоев Абуҳафси Кабир дар солҳои 768-834 умр ба сар бурда, миёни мардум ва олами ислом мақому шуҳрати фавқулода бузург дошта, мазҳаби ҳанафияро дар Бухоро ӯ интишор додааст (Абдуллоев, С. Исмоили Сомонӣ. Нашри дуюм. (бо такмилу иловаҳо). – Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 1998. – С.349). Писари Абуҳафси Кабири Бухорӣ, ки номаш Абуабдуллоҳ будааст, дар “илм бад-он дараҷа будааст, ки чун қофила аз ҳаҷҷ гаштӣ, уламои эшон ба наздики Хоҷа Имом Абуҳафс омадандӣ ва аз ӯ масъала пурсидандӣ”. Ин ва дигар хизматҳои шоёни намояндагони илму фарҳанг дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр ёфта, аз шукуҳу шаҳомати олимони тоҷики Хуросону Мовароуннаҳр дар ин давраи таърихӣ шаҳодат медиҳанд.
 
Дар хусуси саҳобаҳои эронинажод дар «Таърихи комил»-и Ибни Асир низ зикр гардидааст, ки сарвари мусулмонон «дар давоми умри худ панҷ нафар аз маволӣ (эронӣ)-ро озод намуд, ки яке аз онҳо Шуқрони Ҳабашӣ буда, гуфта шуда Порсӣ (Эронӣ) буда, номи аслии ӯ Солеҳ ибни Адо ва дувумин аз онон Салмони Форсӣ буд ва савумин Сафина, ки ғуломи умми Салама буд ӯро озод кард ба шарти он, ки пайғомбарро мадади ҳаёту парасторӣ кунад. Гуфта шуда номи ӯ Меҳрон ё Рибоҳ буд ва ӯ аз Аҷам буд. Ва чаҳорумин Ансаҳ, ки аз авлоди Сирот аст. Ӯ дарбони пайғомбар буд, ки иҷозаи вуруд барои мардумон мегирифт. Ӯ дар Бадр ва Уҳуд ва тамоми ҷангҳо бо паёмбар буд. Ва дигар Абузамира ва аз авлоди Биштосп буда, ки пайғомбар ӯро озод фармуда» (Иззуддин ибни Асир. Таърихи бузурги ислом ва Эрон [Матн] / И. Асир; тарҷумаи Аббос Халилӣ. – Теҳрон: Муассисоти матбуоти илмӣ, 1367 ҳ. – Ҷ.1. – С.386-387.).

Сарфи назар аз он, ки Абдураҳмон Рафъатпошо, Ибни Асир ва соири таърихнигорони гузаштаю имрӯза доир ба саҳобагони пайғомбар, аз ҷумлаи эронитаборон баёни андеша кардаанд, лекин доир ба онҳо ба ҷуз аз ном ва ба паёмбар «мадади ҳаёту парасторӣ» кардан, дигар маълумотро ба даст овардан мушкил аст. Бо ибораи дигар ба ҷуз аз «дарбонӣ», «парасторӣ» ва «ҷанг» онҳо дар густариши фарҳангу маърифати исломӣ ва ақидаву низоми он саҳм гузошта буданд. Ба андешаи мо зарур аст, ки доир ба мақоми аввалин саҳобагони форснажод таҳқиқоти амиқ ва густурдаи алоҳида дар такя ба сарчашмаҳои таърихии хаттии форсӣ ва арабӣ ба роҳ монда шавад.

Сарфи назар аз ин қарор гирифтан дар зумраи саҳобагон ва парасторону хидматгузорони паёмбар беш аз ҳафт нафар форснажодон дар замони зуҳур ва ташаккули дини нав маънои хосса дошта, ақидаи қолабӣ ва маъмулиеро, ки дар жанри «озодандешӣ» таъкид шудааст ва мувофиқи он байни тоҷикон ва арабҳо зиддиятҳои бунёдии ақидатӣ ва нажодӣ вуҷуд доштанд, рад менамояд. Далели асосӣ ин аст, ки Ибни Асир ва дигар таърихнигорон таъкид кардаанд, ки эрониён-тоҷикон ҳанӯз дар айёми зуҳури ислом бо пайғомбари он буданд ва саҳобагони номбаршуда шахсони боэътимоди пайғомбар ба шумор мерафтанд. 

Чи тавре таъкид шуд, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ аввалин қадамҳо дар роҳи тарғиби дини ислом тавассути қироати Қуръон буд. Дар даврони садри ислом ҳафт нафар қориёни ин китоби муқаддас бо номи «қуррои сабъа» (қориёни ҳафтгона) машҳур шуда буданд, ки чаҳор нафари онҳо эронитабор буданд. Ин чаҳор нафар иборат аз Осим, Нофеъ, Ибни Касир ва Кисоӣ буданд (Абдулҳомид Найири Нурӣ. Саҳми арзишманди Эрон дар фарҳанги ҷаҳон [Матн] / А.Н. Нурӣ. – Теҳрон: Маркази фарҳанг ва интишори исломӣ, 1375. – Ҷ.2. – С.685.). Онҳо аслан зодаи Хуросон буда, баъдан мактаби қироати хуросониёнро ташаккул доданд. 

Баъд аз Нофеъ, ки поягузори ин мактаб буд, фаъолияти мактаб тавассути Қаъқоъ ибни Роҳӯяи Марвазӣ ва Ибни Саломи Ҳиравӣ (770-837) идома бахшида шуд. Онҳо дар ин самт шогирдону таълифотҳои зиёдеро аз худ боқӣ гузоштаанд. Хусусан аз Саломи Ҳиравӣ мувофиқи маълумоти Ибни Надим 71 ҷилд китоб дар мавзуоти гуногуни улуми исломӣ ва хусусиятҳои муҳимми қироати Қуръон боқӣ мондааст, ки шоҳиди ин гуфтаҳост. (Абдулҳай Ҳабибӣ. Афғонистон баъд аз ислом [Матн] / А. Ҳабибӣ. – Кобул: Халқ, 1357 ш. – Ҷ.2. – С.769.)

Ашхоси номбурда бо таъсис ва ташаккули мактаби хуросониён мартабаи қироатро боло бурда, дар бораи тарзу хосияти қироат ва қонуну қоидаҳои он асарҳо эҷод сохтанд. Масалан, Фарроъи Наҳвӣ таълифоти зиёде анҷом дода, қироатро аз сатҳи амалӣ ба низоми хоси илмӣ ворид карда буд.  

Яке аз бузургтарин қории эронинажод Осим, шогирди Абуабдурраҳмони Сулламӣ ба ҳисоб мерафт. Дар баробари вай Нофеъ аз шумори дигари аҷамиёни сокини Мадина ба шумор мерафт. Вай дар қироъат имоми аҳли Мадина буда, раъйу қироати ӯ мавриди эътимоди аҳли Мадина қарор гирифта буд. Аслан Нофеъ ин тарзи қироатро аз Язид ибни Қаъқоъ омӯхта буд (Мутаҳҳарӣ Муртазо. Хадамоти мутақобилаи Ислом ва Эрон [Матн] / М. Мутаҳҳарӣ. – Душанбе: Пайванд, 2007. – С.420.).

Баъд аз омӯзишу таблиғи қироати Қуръон як гуруҳ эронинажодон даст ба шарҳу тафсир ва таъвили ояту сураҳои Қуръон заданд ва пояҳои нахустини ин илмро асос гузошта буданд. Дар марҳилаи аввали зуҳури ислом ва ҳамчун дин пазируфтани он ба мардумони ғайриараб мушкилиҳои зиёде ба миён оварда буд, зеро онҳо маънии бештари Қуръонро умуман дарк карда наметавонистанд. Ин раванд боиси он гашт, ки баъд аз гузашти даҳсолаҳо илми тафсир ба миён ояд. Аввалин маротиба тоҷикон ба навиштани тафсирҳои Қуръон шуруъ намуданд. Яке аз бузургтарин муфассирон дар ин аср Муқотил ибни Сайрон, ки аз аҳли Хуросон ва Сулаймон ибни Меҳрони Аъмаш, ки аз аҳли Дамованд буданд, рӯй ба тафсири ин китоб оварданд (Мутаҳҳарӣ Муртазо. Хадамоти мутақобилаи Ислом ва Эрон [Матн] / М. Мутаҳҳарӣ. – Душанбе: Пайванд, 2007. – С.423).

Яке аз муҳаққиқони барҷастаи Афғонистон Абдулҳайи Ҳабибӣ дар китоби худ «Афғонистон баъд аз ислом» оид ба муфассирони бузурги Хуросон чунин маълумот додаст: “Яке аз қадимтарин тафсири Қуръон ба Имом Муҳаммад ибни Боқир… мансуб аст, ки ровии он Ҷорудӣ Зиёд ибни Мунзир аст, ки ӯ ҳам хуросонӣ буд. Ва Исҳоқ ибни Роҳӯяи Марвӣ низ тафсири бузурге таълиф намуда буд. Ва Имом Иброҳими Ҳиравӣ яке аз бузургони ҳадис ва тафсир ва устодони мадрасаи Хуросон ва устоди Абдуллоҳ ибни Мубораки Марвӣ ва дигар муҳаддисони машҳур буд, ки муфассирони баъдӣ парвардагони мадориси динии ин сарзамин аст» (Абдулҳай Ҳабибӣ. Афғонистон баъд аз ислом [Матн] / А. Ҳабибӣ. – Кобул: Халқ, 1357 ш. – Ҷ.2. – С.773.).

Ин муҳаққиқи муосири Афғонистон аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва таърихӣ мехоҳад таъкид созад, ки аҷамиён на танҳо эрониён, балки хуросониёну аҳли Мовароуннаҳру Туркистони Шарқӣ ва ғайра буда, аз нигоҳи фарҳангу илму маърифат аз тамоми қабилаҳову халқҳое, ки ба ислом гаравида буданд, тафовути бузург доштанд. Мардумони ин минтақа дар гузашта дорои муассисоти пешрафтаи иҷтимоии динӣ буда, низоми динӣ, илмҳои динию дунявӣ, ахлоқу фарҳанг ва умуман ҷаҳонбинии илмиро на танҳо нисбат ба арабҳо, балки дар фарқият аз дигарҳо низ тавсия бахшида буданд (Кобзева, О. История исламской культуры и ее изучение в современном Узбекистане [Текст] / О. Кобзева // Материалы II Международной науч.-образовательной конф., г. Санкт-Петербург, 17-20 мая 2015 г. – М., 2016. – С.370-381.). Абдулҳай Ҳабибӣ ба хулосае омад, ки агар араб чунин бузург мебуд, чаро дар тамоми масъалаҳои динӣ ва давлатӣ форсзабонон пешоҳанг буданд? Танҳо халқи дорои тафаккури амиқу ҳикмати ҷӯянда метавонад на танҳо ба қироат ба забони ғайримодарии худ, балки таъвилу тафсири «китоби муқаддаси Худо» даст занад.

Ҳамин раванди тафсиргароӣ буд, ки он ҳамчун илми динӣ пеш рафт, зеро воқеан саҳми хуросониён дар ин масъала хело бузург буд. Барои мисол метавон як қатор эронии муфассири машҳурро ном бурд, ки барои таблиғу густариши ислом ба воситаи тафсири Қуръон саҳмгузор буданд. Ба ин ҷумла Фарроъ Яҳё ибни Зиёди Ақтаъ, Муқотил ибни Сулаймони Балхӣ (ваф.157ҳ), Абулқосим ибни Умари Замахшарии Хоразмӣ, Абизайди Балхӣ, Ибни Валид, Абуалии Форсӣ, Абулфараҷи Наҳрвонӣ, Имом Фахрии Розӣ (Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим [Матн] / И. Қурбон. – Душанбе: Эр-граф, 2007. – С.73.) ва ғайра дохил мешаванд.

Ба ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки зуҳур ва ташаккули илмҳои динӣ дар доираи табақабандие, ки аз ҷониби уламои исломӣ таҳия гардида буданд, боиси пайдоиши як низоми махсуси илмҳои динӣ шуд ва моҳиятан онҳоро аз донишҳои дунявӣ ҷудо сохт. Акнун дигар дар байни ин ду шакли дониш харҷу марҷ аз байн рафта, тақсимбандии хоси динии донишҳо ба вуҷуд омад. Чунон ки дидем қироати Қуръон ва ё тафсири он ба ҳар як марди оммӣ муяссар набуда, ба омӯзишу таълим ва тааллуми онҳо уламои баргузида, ки дар ин илмҳо устод ва олим шуда буданд, машғул мешуданд. Ин барои мардумони Хуросону Мовароуннаҳр имконоти зиёдеро ба вуҷуд овард, то ин ки ба зумраи бузургтарин қироаткунандагон, тафсиргарон ва фақеҳон ҷойгир шаванд. 

Идома дорад...

Сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғуломов Тоҷиддин Мирзоалиевич

 

Яндекс.Метрика