САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ГУСТАРИШИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАВСИФИ УМУМИИ ГУСТАРИШИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР НИЗОМИ УМУМИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ — бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, ба ташаккул ва рушди низоми давлатдории миллӣ замина гузошт. Қобили зикр аст, ки рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини устувору татбиқи воқеии он вобастагии амиқ дорад.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бунёд гардида, ташаккул ёфт, рушд намуд ва бо пешниҳодҳои ҳалталаби глобалӣ дорои мавқеи намоён дар арсаи байналмилалӣ гардид.Чунин раванд бевосита бо дарназардошти устувории сиёсати ҳуқуқӣ, таъмину татбиқи самараноки он, ки дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад, ба вуҷуд омадааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар фазои қонунгузории ҷумҳурӣ то марҳилаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ санадҳои қонунгузории давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекарданд ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 водор намуд, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд.
Баъд аз қабули Конститутсия дар амалӣ намудани моҳияти демократии давлати Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта шуда, ба меъёрдарории муносибатҳо дар доираи санадҳои қонунгузорӣ мустаҳкам карда шуд. Аз ҷониби дигар, густариши сиёсати ҳуқуқӣ бо дарназардошти унсурҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд тақвият ёфта, ба сифати баланди қонунҳо, ки таъмини волоияти қонун аз он сарчашма мегирад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, мафкуравӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи минбаъдаи онҳо роҳандозӣ мешавад. Хусусияти асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакатро стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ ташкил медиҳанд.
Дар баробари ин, сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигари сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд.
Сиёсати ҳуқуқии кишвар бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.
Сиёсати ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти хатарзо), ҳифзи фазои иттилоотии ҷумҳурӣ аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад.
Ҳамчун ҷузъи марказии сиёсати давлатӣ маҳз сиёсати ҳуқуқӣ маҳсуб мегардад, ки бо мақсади ташаккулу инкишоф ва дар ҳаёти воқеӣ амалӣ намудани арзишҳои миллӣ роҳандозӣ карда шавад. Сиёсати ҳуқуқӣ дар заминаи Конститутсия, конунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, Паём ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин як силсила барномаҳо, консепсияҳо, дурнамоҳои давлатӣ, инчунин дар асоси ҳуҷҷати дурнамосозии ҳуқуқӣ Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ шудааст,амалӣ карда мешавад.

ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХӢ-ҲУҚУҚИИ РУШДИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МЕҲВАРИ ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷараёни амалӣ гардидани сиёсати ҳуқуқӣ дар солҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, бахусус зимни қабул ва амалӣ намудани қарорҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) дар шароити хеле мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ сурат гирифтааст.
Сиёсати ҳуқуқӣ дар фазои ҳаёти сифатан нави ҳуқуқӣ якҷоя бо низоми нави ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дурнамосози Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд омад. Арзишҳое, чун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, иҷтимоӣ, соҳибихтиёр, ҷумҳурии президентӣ, дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногуншаклии моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, гуногунии сиёсиву мафкуравӣ, низоми сиёсии бисёрҳизбӣ, парламентаризм, мустақилияти ҳокимияти судӣ, худидораи маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар замони шӯравӣ ҷой надоштанд, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ шакл гирифтанд, ки ин Иҷлосия ҳамчун нуқтаи гардиш дар ҳаёти сиёсӣ дар пайдоиш ва ташаккули ин арзишҳо нақши бунёдӣ ва ҳалкунанда бозид.
Қобили зикр аст, ки Иҷлосияи мазкур дар таъмину таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли ҳуқуқбунёди Тоҷикистон ҳамчун моҳияти сиёсати ҳуқуқӣ мақоми бунёдӣ дорад, ки дар меҳвари он талошҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат мавқеи асосӣ касб менамоянд.
Маҳз аз нахустин қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини воқеии волоияти қонун, пойдории қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. дар маҷмӯъ созгории сиёсати ҳуқуқӣ вобастагии калон дошт, ки чунин тадбирҳо тавонистанд заминаи таъмини ҳаёти осудаҳолонаи одамон, ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ, гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеа гарданд.
Аҳаммияти таърихии Иҷлосия дар ташаккул ва рушди сиёсати ҳуқуқии мамлакат дар он аст, ки роҳи қонунии рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро пурра ба миён оварда, дар он махсус изҳор карда мешавад, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ ҳимоя карда мешаванд, бо роҳи қонунӣ Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва Ҳукумати Тоҷикистон таъсис меёбад.
Заминаҳои таърихии ташаккули сиёсати ҳуқуқӣ вобаста ба шароит ва муҳити иҷтимоии ҷомеа дар заминаи санадҳои ҳуқуқии зимни Иҷлосия қабулгардида таҳким меёбад, аз ҷумла дар он санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, қонунҳо дар бораи авфи умум, гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони хешро аз даст додаанд, қабул ва дар амал татбиқ гардиданд.
Ҷанбаи ҳуқуқии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки ба фаъолияти нави қонунгузорӣ дар Тоҷикистон бояд замина гузошт. Фарқи фаъолияти қонунгузории давраи пас аз Иҷлосияи таърихӣ аз давраи қаблӣ дар он аст, ки акнун санадҳои қонунгузории давлат баҳри амалӣ намудани қарорҳои таърихии Иҷлосия, бо дарназардошти вазъи нави таърихӣ, бо саъю талошҳои роҳбарияти нави сиёсӣ, зимни фаъолияти мақомоти тозабунёди ҷумҳурӣ сурат мегиранд.
Дар Иҷлосияи таърихӣ беш аз 70 қонуну қарорҳои дахлдор қабул шуданд, ки минбаъд барои мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, волоияти қонун, фаъолияти мунтазами мақомоти давлат, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ заминаи боэътимод мегузоранд.
Ин қонунҳо барои гузаштани иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба муносибатҳои бозаргонӣ, ислоҳоти низоми андозу молия, системаи бонкӣ, хоҷагии қишлоқ, истифодаи боигариҳои зеризаминӣ, таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос, ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ, бо маводи хӯрокворӣ таъмин намудани аҳолии маҳалҳои бар асари ҷанг зарардида, баргардонидани гурезаҳо ва барқарор намудани хоҷагии харобгашта муҳим буданд.
Ҳамин тавр, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, аз тарафи дигар, риояи принсипҳо ва талаботи пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ чун ҳадафҳои стратегӣ ва самти муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки раванди амалӣ гардидани сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давраи ба эътидол омадани вазъияти сиёсии ҷумҳурӣ ва минбаъд бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром рушд намудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳанӯз дар миёнаҳои солҳои 90-ум Ҳукумати Тоҷикистон хуб дарк намуда буд, ки бе сатҳи зарурии инкишофи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмин намудани рушди минбаъдаи ҷомеа басо душвор мегардад. Аз ин хотир, якчанд фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, барномаҳо ва консепсияҳои давлатӣ маҳз бо мақсади ташаккулу инкшофи минбаъдаи сиёсати ҳуқуқӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла, 9 апрели соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки он ба таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо равона гардид.

ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ЗАМИНАИ БУНЁДИИ РУШДИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, махсусан бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳои минбаъдаи он, таъсиси парламети касбӣ падидаи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ ва стратегӣ рӯйи кор омад. Мутобиқи моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ва моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19 апрели соли 2000 Президент дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 маротиба бо паёмҳои худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад намуданд.
Таҳлилҳои муқоисавии паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собит менамоянд, ки онҳо аз рӯйи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ бо таҳлилҳои воқеии кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ бо дарназардошти вазъи кунунӣ, мушкилот, роҳҳои ҳал ва дурнамо масъалагузорӣ карда мешаванд. Инчунин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили мақсадҳо ва афзалияти стратегии дар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ифодаёфта асос мебошад.
Яке аз масъалаҳои меҳварӣ ва бунёдиро дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои мухталифи сиёсати ҳуқуқии кишвар дар бар гирифта, заминаи онро таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба рушди низоми ҳуқуқӣ нигаронидашуда, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, устувории низоми иқтисодиву иҷтимоӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва бо ин васила таҳкими фаъолият бо мақсади рушди низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сабаб ва омилҳои гуногун рушд ёфта, яке аз воситаҳои муҳим дар такмили он маҳз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ин ҳуҷҷати муҳимми стратегӣ дар самти ислоҳоти низоми қонунгузорӣ оид ба қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳо, такмили фаъолияти мақомотҳои ҳуқуқэҷодкунанда, таҳкими фаъолияти мақомотҳои татбиқкунандаи ҳуқуқ, беҳтар намудани сифати қонунҳо ва воқеигардонии онҳо ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва бо ин васила мутобиқ гардонидани онҳо ба стандартҳои милливу байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Истифода аз таҷрибаи пешқадами қонунгузории кишварҳои пешрафта ё дар доираи фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ қабулгардида аз омили муҳимми дигари сиёсати ҳуқуқӣ ва рушди қонунгузории мамлакат ба шумор меравад. Дар ин миён, истифодаи қонунҳо ва дигар санадҳои моделӣ, ки дар доираи фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул мегарданд, ҷойи махсусро ишғол менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ қонунҳои моделӣ ё худ меъёрҳои алоҳидаи онро дар қонунгузории миллии худ ворид намуда, бо ин усул раванди ҳамгунсозии қонунгузории миллиро бо фазои ҳуқуқии ИДМ таъмин менамояд. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҷрибаи қонунгузории худро ҳамчун қонуни моделӣ пешниҳод менамояд, ки дар навбати худ он ҳамчун намуна дар сатҳи байналмилалӣ эътироф мегардад. Дар бораи истифодаи мутақобилаи таҷрибаҳои пешрафтаи қонунгузорӣ дар доираи фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар суханронии худ дар ҷаласаи тантанавии Шӯрои мазкур бахшида ба 30-солагии таъсиси ин созмон, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Алмаато баргузор гардид, таъкид намуданд, ки қонунҳои моделӣ наздикшавии фазои ҳуқуқии кишварҳои ИДМ-ро таъмин мекунанд ва барои самаранок гардидани қонунгузориҳои миллӣ мусоидат менамоянд.

ГУСТАРИШИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм самти афзалиятнок ба шумор рафта, дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд меёбад. Давлат ва Ҳукумати мамлакат илмро меҳвари асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад.
Яке аз ҳадафҳои асосии олимони соҳаи ҳуқуқи кишвар таълим ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонону донишҷӯён маҳсуб меёбад, ки бо истифода аз ин васила ҳуқуқшиносони варзида ба камол расида, минбаъд сиёсати ҳуқуқии давлатро татбиқ менамоянд.
Яке аз роҳҳои асосии амалисозии сиёсати ҳуқуқӣ- ин дастовардҳои олимони ҳуқуқшинос аст. Дастовардҳои олимони ҳуқуқшинос дар самти таъмини камолоти ҳуқуқҳои шаҳрвандон нақши бориз дорад. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ илми ҳуқуқи кишвар рушд намуда, олимон ба тадқиқоти илмӣ бештар машғул гардиданд.
Роҳи босамари густариши раванди мазкур таълифи садҳо монографияҳо, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, ҳимоя ва чопи рисолаҳои номзадиву докторӣ аз ҷониби олимони ҳуқуқшинос ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ илми ҳуқуқшиносӣ бамаротиб пеш рафта, қариб дар тамоми риштаҳои соҳаҳои ҳуқуқ мутахассисони варзида вуҷуд доранд.
Барои ташаккули фазои ҳуқуқӣ фаъолияти олимони ҳуқуқшинос ҳамчун унсури муҳимми сиёсати ҳуқуқӣ аз дигар унсурҳои он дида самараноктар буда, аз дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ин категорияи аҳолӣ дурнамои сиёсати ҳуқуқӣ ва сиёсати давлатӣ, дар маҷмуъ вобаста аст.
Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра сиёсати ҳуқуқӣ дар заминаи асосҳои илми ҳуқуқшиносӣ амалӣ гардида истодааст. Аз нимаи дуюми солҳои 1990-ум сар карда, ин самти муҳими сиёсати ҳуқуқӣ дар шароити ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ, ислоҳоти васеи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, рушди минбаъдаи ҷомеа амалӣ карда мешавад.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассири Ҳукумати Тоҷикистон, алалхусус ба шарофати ташаббусҳои нек, оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолӣ дар бахши сиёсати ҳуқуқӣ ба даст омаданд. Заминаи мустаҳкам, ки ҳоло таъмин гардидааст, бешубҳа, минбаъд низ барои рушди илми ҳуқуқшиносӣ хизмат хоҳад намуд.

ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ МЕЪЁРОФАРИИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ДАР НИЗОМИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ

Сиёсати ҳуқуқии кишвар дар даврони муосир боз ҳам устувору мустаҳкам гардида, дар ин раванд андешаи таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ ба вуҷуд омад. Маҳз бо ташаббуси хирадмандона ва дурбинонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду қонун, ки сирф хусусияти миллӣ доранд, мутобиқ ба анъана ва одатҳои миллати тоҷик таҳия ва қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муайян танзим карда, барои бартараф намудани зуҳуроти манфӣ ва пешгирии оқибатҳои аз он бавуҷудоянда нигаронида шудаанд.
Қобили зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 асосан бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, баланд бардоштани маданияти маъракаороии шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ қабул гардидааст. Дар дебочаи Қонун дарҷ гардидааст, ки «қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст».
Воқеан, бо харҷи маблағи зиёд барпо намудани маросим ва дигар анъанаҳо барои як оилаи тоҷик гаронӣ ва ҳолати душвори зиндагӣ ба бор меовард. Аз ин лиҳоз, бо мақсади бартараф намудани чунин зуҳуроти манфӣ соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин оид ба таҳияи санади ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаи мазкур дастур доданд.
Ҷиҳати иҷрои дастури Сарвари давлат дар таҳияи лоиҳаи санади ҳуқуқии танзимкунанда, дар баробари олимони соҳаи ҳуқуқ, доираи васеи уламои дин ва аъзои фаъоли ҷомеа ҷалб гардида, зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳодҳо барои ба танзим даровардани ин муносибати ҷамъиятӣ манзур гардид. Ба ғайр аз ин, таҷрибаи танзими расму ойин дар давлатҳои ба мо ҳамдин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа консепсияи ягонаи танзими анъана ва ҷашну маросим таҳия гардида, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар таърихи қонунгузории мамлакат Қонуни мазкур қабул гардид.
Ҳамин тавр, минбаъд бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин Қонун дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми нави ваколатдор – Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо раёсату шуъбаҳои танзими анъана ва ҷашну маросим ва дар корхонаву муассисаҳое, ки шумораи кормандонашон аз 30 нафар зиёд аст, комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросим таъсис дода шуд.
Сокинони мамлакат бо такя ба талаботи қонуни мазкур мақсаднок сарф кардани маблағи худро дарк карданд. То қабули ин қонун исрофкорӣ ба проблемаи иҷтимоӣ табдил ёфта, баргузории маъракаҳои дафну азодорӣ ба саҳнаи рақобат табдил шуда буданд.
Зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қабули Қонуни мазкур барои муҳофизату нигоҳ доштани расму таомул ва анъанаҳои миллӣ саривақтӣ ва зарурӣ буда, шароити зиндагии мардумро беҳтар ва маъракаву маросими асилро аз ҳар гуна хурофот ҷудо намуд.
Қонуни дигари миллие, ки бевосита бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011 мебошад.
Қабули чунин санади миллӣ таҷассумгари сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолории Пешвои миллат нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ ба камол расидани онҳоро собит месозад. Ҳамзамон, Қонуни мазкур дар ҷомеа ислоҳоти ҷиддиеро дар соҳаи илму маориф ва фарҳангу маънавиёт ба миён оварда, таконбахшу ҳидоятгари аҳли ҷомеа барои ба даст овардани муҳимтарин сармояи инсонӣ –маърифат гардид.
Ҷараёни иҷрои қонуни мазкур давоми зиёда аз даҳ соли амали худ самараи нек ба бор овард. Пеш аз ҳама, падару модар, омӯзгор, мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа вазифа ва ҳуқуқу уҳдадориҳои худро амиқан дарк карда, дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти базиммадоштаашонро хуб эҳсос намуданд.
Падару модар ҳуқуқу масъулияти базиммадошта, вазифаҳои худро дар муҳайё намудани шароити мусоид барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзандон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дарк намуданд.
Пешвои миллат ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи Қонун ба муҳокимаи умум иброз намуданд, ки қонуни мазкур ба наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар нигаронида шудааст. Зеро, масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба уҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт. Биноан, вазифаи муқаддаси мо ба камол расонидани насли солиму соҳибмаълумот, бунёдкор, неруманд ва миллатдӯсту меҳанпараст мебошад.
Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат ба таълими фарзанд вобаста аст. Аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки дар рӯҳияи насли наврас ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллиро ба вуҷуд оваранд. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кушиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як воситаи ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гардидааст.
Дар маҷмӯъ, тарҳрезӣ, дурнамосозӣ, самтнокӣ ва самаранокии сиёсати ҳуқуқии кишвар дар доираи сиёсати созандаву ташаббускоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян гардида, ҳамчун ҷузъи муҳимми сиёсати давлатӣ марҳила ба марҳила густариш пайдо намудааст. Инкишофи сиёсати ҳуқуқӣ бевосита бо ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат бо мақсади ташкилу таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, таъмини рушду нумуи ҷомеаи Тоҷикистон ва танзими қонунии муносибатҳои нави ҷомеа амалӣ гардидааст.
Ҳамин тавр, сиёсати созанда ва муваффақи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба густариши сиёсати ҳуқуқӣ дар мамлакат барои пойдории Истиқлолияти давлатӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд, танзими муносибатҳои нави ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва ҳамзамон баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон равона гардидааст.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор, узви вобастаи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Яндекс.Метрика