Семинари илмӣ - амалии шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ дар мавзӯи : " Наврӯзи хуҷастапай: моҳият, вазъият ва дурнамои рисолати фарҳангии он"

Санаи 18 - уми марти соли равон дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ - амалии шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ дар мавзӯи :"Наврӯзи хуҷастапай: моҳият, вазъият ва дурнамои рисолати фарҳангии он" баргузор гардид.
Дар семинар директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Холиқзода Абдураҳим тамоми ҳайати кормандони Марказро ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод намуд.
 
Дар идомаи семинар Шоев Зиёвиддин – сардори шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Марказ  бо сухани табрикотӣ дар мавзӯи "Наврӯзи хуҷастапай: моҳият, вазъият ва дурнамои рисолати фарҳангии он" баромад намуд. Дар зер матни пурраи баромади З. Шоевро пешкаш менамоем.
 
Ҳозирини муҳтарам. Қаблан ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди байналмилалии Наврўз самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо беҳтарин некиҳо ва хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Бигзор фазилати сегонаи ахлоқии ниёгонамон – пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек меъёру шиори ҳамешагии зиндагӣ ва фаъолияти ҳамарўзаи шумо бошад!  

Дар оғози даҳаи дуввуми ҳазосолаи сеюми милодӣ мақоми иди байналмилалиро соҳиб шудани Наврўзи хуҷастапай нишонаи аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ этироф ва арҷгузорӣ шудани ин ҷашни пуршукўҳу бостонӣ мебошад. Соҳиби аслии ин ҷашн суғдиҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо, таҳориҳо, фарғониҳо, форсҳо ва дигар халқиятҳои қадимаи ориёӣ ва макони пайдоиши он Хуросон (Осиёи Марказии имрўза) мебошад, ки тибқи маълумоти Авесто яке аз кишварҳо ё вилоятҳои Ориёнвиҷ – минтақаи ҷуғрофиёии сукунати ориёиҳо маҳсуб мешуд. Бо ҳамин далел, метавон гуфт, ки дар замони муосир соҳибу вориси аслӣ ва ҳақиқии ин ҷашни бостонӣ миллати тоҷик  мебошад. Ҳамин ҳақиқати раднопазир мо тоҷиконро дар баробари ифтихору сарфарозӣ,  барои пажўҳиши мунтазами таърих ва фалсафи Наврўз, ҳифзу беҳдошт ва танзиму таҷдиди ин анъанаи фарҳангӣ масъул месозад. Гузорише, ки дар семинари имрўза барои шумо ироа мешавад, кўшиши мухтасаре  дар ин самт мебошад. Маълумоти мухтасар дар бораи таърихи Наврўз. Мардумони бостонии ориёитабор шод зистан ва шодмонӣ карданро амре нек ва аҳуроӣ медонистанд ва дар ҳар моҳ ба муносибате ҷашне барпо мекарданд. Аз миёни он ҷашнҳои сершумор бархе аз онҳо чун Наврӯз, Меҳргон ва Сада бо мурури замон ва ба тадриҷ аҳамияти бештаре ёфта, то имрӯз боқӣ мондааст. То кунун пажуҳишгарон дар ихтиёри худ доир ба маншаи аслӣ ва таърихи пайдоиши аксарияти ин гуна анъанаву маросимҳо ва ҷашнҳои қадима, алалхусус Наврӯз, ки пуршукӯҳтарин ҷашни қадимаи тоҷикон ва дигар мардуми ориёитабор мебошад, ба як хулосаи мушаххаси барои ҳамагон қобили қабул нарасидаанд. Дар заминаи пажуҳиши муқоисавии маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва бозёфтҳои бостоншиносон аксарияти муҳаққиқон чунин ҳадс мезананд, ки ин ҷашн шояд дар даврони ташаккулёбӣ ва равнақи фарҳанги ҳиндуориёӣ пайдо шуда бошад. Фарзияи мазкур асосан ба як силсила ривоятҳое такя мекунад, ки онҳо дар манобеи гуногуни хаттӣ ба ин муносибат нақл шудаанд. Чуноне ки аз мазмуни катибаҳои сангии шоҳони сулолаи Ҳахоманишӣ натиҷа гирифтан мумкин аст, ба назар чунин мерасад, ки ҷашни Наврӯз ҳанӯз дар ҳамон рӯзгорон хеле маъмул буда, бо шукӯҳу тантана баргузор мешудааст. Анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои наврӯзӣ дар замони ҳукмронии Сосониён низ дар саросари кишварҳои зери тобеияти онҳо ба таври мутантан баргузор мешуданд. Дар он рӯзгорон Наврӯз аз ду қисмат иборат буд: Наврӯзи хурд ва Наврӯзи бузург. Аз рӯзи аввали моҳи Фарвардин то рӯзи шашуми он моҳ Наврӯзи хурд ё ин ки Наврӯзи омма баргузор мегардид. Дар ин шаш рӯз мардуми оддӣ Наврӯзро ҷашн мегирифтанд ва барои дидор ва мулоқот бо шоҳ, гуфтани арзу шикоятҳо ва додхоҳӣ аз ӯ ҳуқуқ ва имконияти бештаре доштанд. Наврӯзи бузург ё ин ки Наврӯзи хоса дар давоми панҷ рӯзи баъди Наврӯзи хурд баргузор мегардид. Дар ин рӯзҳо шоҳ хосагон, яъне аҳли дарбор, амирону кабирон, вазирону девонсолорон, ашрофон ва аҳли табақаҳои дигари сарватманду ҳукмрони кишварро ба ҳузур мепазируфт ва ҳамроҳи онҳо Наврӯзи хуҷастапайро ҷашн мегирифт. Мардумони ориёитабор баъди қабули дини мубини ислом низ аз ин ҷашни бузург, ки муҳимтарин мероси фарҳангии ниёгонашон маҳсуб мешуд, даст накашиданд ва аз он ҳамеша ҳимоя ва риоя карданд. Гузашта аз ин, пажуҳиш ва таълифи таърихи Наврӯз ба як мавзӯи муҳими таҳқиқоти мутафаккирон ва муаррихони мусулмон табдил ёфт. Аз байни мутафаккирони мусулмони форсу тоҷик ба ин масъала, аз ҷумла, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ (дар «Таърихи паёмбарон ва шоҳон»), Абуалӣ Муҳаммади Балъамӣ (дар «Таърихномаи Табарӣ» - тарҷумаи такмилдодашудаи дарӣ - тоҷикии «Таърихи паёмбарон ва шоҳон»), Абулқосими Фирдавсӣ (дар «Шоҳнома»), Абурайҳони Берунӣ (дар «Тафҳим» ва «Осор ул-боқия»), Низомулмулк (дар «Сиёсатнома»), Умари Хайём (дар «Наврӯзнома») таваҷҷуҳ зоҳир намудааанд.

 

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Таърихномаи Табарӣ»-и Балъамӣ поягузори ҷашни Наврӯз – яке аз шоҳони сулолаи устуравии Пешдодиён – Ҷамшед мебошад, ки дар Авасто ва адабиёти авастоӣ бо номи Йима зикр шудааст. Масалан, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» дар бораи пайдоиш ва ба ҳукми анъана даромадани ҷашни Наврӯз чунин ривоят мекунад:

Чу он корҳои вай омад ба ҷой, Ба ҷои маҳин бартар овард пой. Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт, Чу моя бад-ӯ гавҳар андар гузошт.Чу хуршеди тобон миёни ҳаво, Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво. Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯ, Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯ. Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд, Мар он рӯзро Рӯзи Нав хонданд.Сари соли нав - ҳурмузи фарвдин, Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.Бузургон ба шодӣ биёростанд, Маю ҷому ромишгарон хостанд. Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор, Бимонда аз он хусравон ёдгор. 

 

Абурайҳони Берунӣ дар «Осор ул-боқия» доир ба пайдоиши ҷашни Наврӯз як чанд ривоятро зикр намудааст, ки мутобиқи мазмуни онҳо пайдоиши Наврӯз бо омилҳои динӣ ва устуравӣ вобаста будааст. Берунӣ дар «Осор ул-боқия» менависад: «Ва чанде аз ҳашвия мегӯянд, ки чун Сулаймон ибни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ баргашт ва мурғон бар даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад»! яъне рӯзи тоза биёмад. Ва Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бардорад. Ва парастуе дар пеши рӯи ӯ пайдо шуд, ки мегуфт: «Эй подшоҳ, маро лонаест, ки чанд тухм дар он аст, аз онсӯтар рав, ки лонаи маро дарҳам нашиканӣ»! Пас Сулаймон роҳи худро каҷ кард. Ва чун аз тахти худ, ки бар бод ҳаракат мекард, фуруд омад, парасту бо минқори худ қадре об оварду ба рӯи Сулаймон пошид ва як рони малахро низ ҳадя овард. Ва аз ҷост, ки мардум дар Наврӯз бар якдигар об мепошанд ва пешкашиҳо ба назди ҳам мефиристанд…» . Тибқи ривояти дигари дар байни эрониҳо маъмул, ки онро Берунӣ нақл кардааст, «сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа ошкор шуданд ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро ки рӯзи тозае буд, Чамшед ид гирифт, агарчӣ пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд». Чуноне, ки аз мазмуни ин ривоятҳо бармеояд, дар замони зиндагии Берунӣ, мардуми мусулмони эронизабон аз фирқаву мазҳабҳои гуногуни исломӣ пайравӣ мекарданд ва дар ҳар кадоми ин мазҳабҳо роҷеъ ба пайдоиши Наврӯз ривоятҳои ба низоми ақоиди динӣ ва ҳуқуқии онҳо мувофиқ мавриди боварӣ ва пайравӣ қарор доштааст. Инчунин, Берунӣ дар «Тафҳим» низ ба сабаби пайдоиши ҷашни Наврӯз ишора карда, менависад: «Наврӯз нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва онро бад-ин ҷиҳат Наврӯз ном кардаанд, ки пешонаи (оғози) соли нав аст». Илова бар ин, Берунӣ ҳамчун олими табиатшинос дар «Осор ул-боқия» доир ба омилҳои табиӣ ва пайванди таърихии байни ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон низ як андешаи ҷолиберо баён кардааст Ӯ зимни овардани ривоятҳои гуногуни марбут ба пайдоиши ҷашни Меҳргон, чунин зикр мекунад: «Ва аммо он даста аз эрониён, ки ба таъвил қоиланд, барои ин қабил матолиб таъвил қоил мешаванд ва Меҳргонро далел бар қиёмат ва охири олам медонанд, ба ин далел, ки ҳар чизе ки дорои сабзиш бошад, дар ин рӯз ба охири сабзиши худ мерасад ва маводи сабзиш аз он қатъ мешавад. Ва ҳайвон дар ин рӯз аз таносул боз мемонад, чунонки Наврӯзро он чӣ дар Меҳргон гуфта шуд, баръакс аст ва онро оғози олам медонанд. Ва Меҳргонро бар Наврӯз афзал мешуморанд, чунон ки тирамоҳро бар баҳор бартарӣ додаанд. Ва такягоҳи эшон ин аст, ки чун Искандар аз Арасту пурсид, ки кадом яки ин ду фасл беҳтар аст»?, Арасту гуфт: «Подшоҳо, дар баҳор ҳашароту газанда оғоз мекунанд, ки нашъунамо ёбанд ва дар тирамоҳ оғози аз байн рафтани онҳост. Пас тирамоҳ аз баҳор беҳтар аст». Ва ин рӯз дар айёми гузашта ба аввали зимистон мувофиқ буд». Чуноне ки таҳлили муқоисавии ривоятҳои мухталифи «Осор ул-боқия» дар бораи ҷашнҳо ва анъанаву маросимҳои қадимаи форсҳо, суғдиён, хоразмиҳо ва дигар мардуми ориёитабор гувоҳӣ медиҳад, аксарияти ҷашну маросимҳои ин мардум дар даврони исломӣ вобаста аз таҳаввулоти динию мазҳабӣ ва ҷудошавии онҳо ба равияҳо, мазҳабҳо, фирқаҳои тасаннун ва ташайюъ, мазмун ва мундариҷаи пешинаи худро қисман гум карда, дар ҳар кадоми ин мазҳабҳо мутобиқ бо низоми таълимоти худошиносӣ ва ҳастишиносии онҳо тафсир ва шарҳу тавзеҳ дода мешуданд. Масалан, дар кишвари Эрон баъди таъсис ёфтани ҳукумати Сафавиён ва ба ҳайси мазҳаби расмӣ пазируфта шудани шиаи исноашарӣ (дувоздаҳимома), олимони шиамазҳаб ривоятҳои гуногуни пешвоёни ин мазҳабро дар робита ба ҷашни Наврӯз гирдоварӣ намуданд. Мутобиқи ин ривоятҳо, дар Наврӯз Худованд аз бандагонаш паймон гирифт, ки танҳо Ӯро парастиш кунанд, ва Наврӯз рӯзест, ки Ҷабраил ба назди Паёмбар (с) фуруд омадааст, дар Наврӯз аст, ки Иброҳими паёмбар бутҳоро шикастааст ва ҳоказо. Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки Наврӯз ҳамчун як мероси гаронбаҳои фарҳангии мардум ориёитабор дар даврони исломӣ низ шукӯҳу шаҳомати пешинаи худро ҳифз намуд. Ин ҷашни бостонӣ ҳамчун як падидаи созандаи фарҳангӣ ҳамеша дар маркази диққати мутафаккирон ва муаррихони мусулмони форсу тоҷик қарор дошт. Дар даврони исломӣ доир ба пайдоиш ва мазмуну мундариҷаи Наврӯз ривоятҳо ва ақидаҳои зиёде гуфта шуданд, ки онҳо ба хазинаи фалсафаи Наврӯз ворид гардида, онро таровату ғановати бештаре бахшидаанд. Ба ғайр аз ин, Наврӯз ҳамчун ифодагари оғози айёми баҳор ва эҳёи табиат дар назми классикии форсу тоҷик ба ҳайси як мавзӯи муҳими эҷодӣ ва сарчашмаи илҳом мақом ёфта, аз одамушшуаро Рӯдакӣ сар карда то шоирони муосири тоҷик, ҳамаро яксара мафтун ва масту махмури худ кардааст ва беҳтарину зеботарин сатрҳои шеъри ноби форсӣ - тоҷикӣ ба тараннуми он бахшида шудаанд.

 

Моҳияти Наврўз аз нигоҳи онтологияи фалсафӣ. Серҷанбагии мазмуни ҷашни Наврўзи хуҷастапай, ки мо дар арафаи таҷлили он қарор дорем, ба ҳамаи муҳақкикон хуб маълум мебошад. Метавон гуфт, дар ин ҷашни бостонӣ тамоми арзишҳо ва ормонҳои фарҳангии  мардумони ориёитабор, ки аҷдодони таърихии миллати муосири тоҷик маҳсуб мешаванд, то ин ё он дараҷа инъикос ва таҷассум ёфтаанд. Яке аз ин гуна арзишҳои фарҳангӣ, ки дар мазмуни Наврўз нуҳуфтаву чун хуршеди дурахшон зимни таҷлили он бозтоб ва муҷалло мешавад, башардўстӣ  мебошад. Ин арзиш мағз андар мағзи фарҳанг ва фалсафаи наврўзиро фаро гирифта ва тамоми тору пуди зиндагии мардуми ориёитабори бостон  бо он бофта шудаанд. Равшан аст, ки барои дарки дурусти моҳият ва арзиши аслии ин ё он ҷашн, анъана ва умуман дилхоҳ одати миллӣ ё умумибашарӣ таҳқиқ ва ташхиси ҳадафи аслии пайдоишу густариш ва пайомадҳои иҷтимоии он зарур мебошад. Аз ин нуқтаи назар, мо кўшиш мекунем, башардўстиро ҳамчун арзиши аслии моҳиятии Наврўзи хуҷастапай аз тариқи таҳқиқу арзёбии ҳадафҳои ин одати неки фарҳангии ниёгон собит ва асоснок кунем.

Яке аз ҳадафҳои Наврўзи хуҷастапай, мутаваҷҷеҳ ва дилгарм сохтани  инсон ба зиндагӣ ва талошу мубориза барои тантанаи некиву адолат дар ҷаҳон  мебошад. Ин ҷашн – ҷашни пирўзии ҳастӣ бар нестӣ, ҳаёт бар марг, нур бар зулмат ва некӣ бар бадӣ мебошад.Тибқи эътиқоди динӣ ва афкори фалсафии тоисломии мардуми ориёинажод муборизаи байни некӣ ва бадӣ дар чанд сатҳ - дар табиат; дар ҷомеа; дар вуҷуди худи инсон - мунтазам идома меёбад ва пирўзии некӣ бар бадӣ дар ҳар кадоми ин  сатҳҳо низ нишонаҳои хоси худро дорад.Аз мавқеи ҳастишиносии фалсафӣ Наврўз падидаи ҳам табиӣ ва ҳам иҷтимоӣ буда, дар ҳар ду сатҳ  - табиат ва ҷамъият, тантанаи нерўҳои некӣ бар қувваҳои бадиро ифода ва татбиқ мекунад.   

Яъне Наврўз аз як ҷониб, ҳам ҳодисаи қонунманди табиӣ мебошад, ҳам падидаи фарҳангӣ-иҷтимоӣ. Дар олами табиӣ, ки офаридаи Худост, муборизаи байни қувваҳои неки ҳаётофар ва қувваҳои бади марговар  бе иштироки инсонҳо ва ба таври стихиявӣ сурат мегирад. Вале, ҳамчун нек ё бад эътироф шудани ин ё он падида, ҳодиса ё қувваи табиӣ танҳо бо дарназдошти арзишҳо ва манфиатҳои ҳаётии инсоният, яъне аз мавқеи башардўстона дуруст ва муҳим ба назар мерасад. Ба назари мо, маҳз аз ҳамин мавқеъ Наврўзи хуҷастапай ҳанўз дар замонҳои қадимтарин аз ҷониби мардуми бостонии ориёитабор ҳамчун як падида ё ҳодисаи қонунманду табиӣ ва мабдаи ҳаёт дар рўйи замин ба таври интуитивӣ эҳсос ва дарк шуда, мавриди эътиқоду бузургдошт ва таҷлилу пешвозгирии онҳо қарор гирифтааст.  Яъне, мо гуфтанӣ ҳастем, ки Наврўз ҳамчун як ҳодисаи муттасили табиӣ воқеан ҳам вуҷуд дорад ва воқеан ҳам «оғози гардиши навбатии чархи фалак», аз хоб бедор шудан ва «рўзи нав»-и табиати зинда мебошад. Абўрайҳони Берунӣ дар «Осор ул-боқия» дар посухи «чӣ будани Нав¬рўз» чунин овардааст: «Нахустин рўз аст аз фарвар¬дин¬моҳ ва аз ин ҷиҳат «рўзи нав» ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст. … Ва эътиқоди порсиён андар Наврўз нахустин он аст, ки аввал рўзе аст аз за¬мо-на ва бад-ў фалак оғо¬зид гаштан». Агар таваҷчуҳ кунем, мушоҳида мекунем, ки ҳатто набототу ҳайвонот, бо ҳамон ақли наботӣ ва ҳайвонии худ, ки доранд, таъсири неку созандаи нерўи ҳаётбахши айёми наврўзӣ ва мавсими баҳорро, дарк намуда, омадани онро ба таври худ бо шодиву нишот таҷлил мекунанд.  Маҳз дар баҳорон тамоюли ҳайвоноти ваҳшӣ ба ҳамбастагии ҷинсӣ  шиддат гирифта,  боиси тавлиди насл ва бақои ҳар кадоме аз навъи онҳо мешавад. Шоирону адибони классикиву муосири тоҷик аз шодиву нишоти табиати зинда дар ин айём манзараҳои дилнишинеро дар ашъору осори худ тасвир кардаанд. Аз ин нуқтаи назар, метавон гуфт, Наврўз айёми мавриди таҷлили на танҳо инсонҳо, балки умуман як падида ё ҳодисаи мунтазами мавсими баҳорист, ки онро кулли мавҷудоти табиати зинда ба таври худ «ҷашн» мегиранд. Ҳамин тавр, Наврӯз дар сатҳи табиат – ин ҳанӯз он ҷашни фархунда ва хуҷастапай нест, ки мо онро ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат ва суруру шодмонӣ истиқбол мегирем ва таҷлил мекунем. Балки ҳодиса ё падидаи қонунии табиӣ мебошад, ки ҳамчун муҳаррик табиати зиндаро ба ҳаракат меорад. Ба ибораи дигар, наврӯз – азнавлидкунандаи ҳаёти мавҷудоти зинда (наботот, ҳайвонот ва инсоният), марҳилаест, ки бо оғоз шудани он табиати хуфта аз хоби зимистонӣ бедор мешавад ва як соли навбатии умри худро аз сар мегузаронад. Наврӯз– воқеан ҳам оғози ҳар як гардиш ё чархиши навбатии Замин дар гирди Офтоб аст, ки расо як сол тӯл мекашад. Аз ин нуқтаи назар, яъне дар сатҳи табиат, ҳамчун як ҳодиса ё падидаи қонунманди табиӣ таҳқиқу баррасӣ кардани мазмун ва моҳияти Наврӯзи хуҷастапай  барои ошкор кардани бисёр ҷанбаҳои муҳим вале ҳанӯз барои мо норавшану асроромези ин ҷашни бостонӣ мусоидат хоҳад кард. Масалан, мо дарк хоҳем кард, ки маҳз кашфи айёми ба вуқӯъ пайвастани ҳамин ҳодисаи қонунманди табиӣ ба мардуми ориёитабор имкон додааст, ки мавсими барои ҳамл ва бороварӣ мутобиқ шудани заминро ба таври аниқу дақиқ муайян карда, дар байни  халқҳои бостонӣ  аз авалинҳо шуда ба коркарди замин ва кишту зироат  шурӯъ намоянд. Яъне, дар партави кашфи Наврӯз мардуми ориёитабор нахустин шуда ба кишти замин, зироаткориву боғпарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аввалиндараҷаи ғизоӣ  шурӯъ кардаанд. Бо ин восита онҳо тавонистаанд тадриҷан аз вобастагии куллӣ аз табиат раҳо ёфта, аз ҳаёти примитивӣ ва ваҳшиёна ба ҳаёти мутамаддин ва оқилона гузаранд.  Пайдоиш ва рушди илмҳои гоҳшуморию тақвимсозӣ ва ситорашиносӣ дар байни мардуми бостонии ориёитабор низ, бо эҳтимоли зиёд,  дар партави кашфи Наврӯз ба амал омада буд. Наврӯзи табиӣ ҳаёти солонаи табиати зиндаро оғоз мебахшад. Он як ҳодисаи қонунманди  табиист,   ҳар сол такрор меёбад ва рӯҳи табиатро барои ҳаракат нерӯ мебахшад. Ин ҳодисаи хайр ҳам барои кулли табиати зинда ва ҳам барои ҷомеаи инсонӣ, ки дар ибтидо дар оғӯши табиат парвариш ёфта, минбаъд то андозае мустақил шудааст, аҳамият ва арзиши аввалиндарҷаи ҳаётӣ дорад. Наврӯзро мо ба ин манзур ҳодисаи таҷассумгари тантанаи ғалабаи некӣ бар бадӣ ва ҳаёт бар марг дар сатҳи табиати зинда таъбир ва тафсир кардем, ки дар сурати ба вуқӯъ наомадани ин ҳодиса табиати зинда ба истилоҳ «мехобад» ё аз ҳаракат мемонад.  Дар натиҷа набзи муқаррарии ҳаёти набототу ҳайвонот халалдор шуда, онҳо бо ҳар гуна мушкилоту хатарҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Масалан, дар қутбҳои яхбастаи шимолию ҷанубӣ, ки дар он ҷойҳо айёми наврӯзӣ ва фасли баҳор умуман фаро намерасад, ба ҷуз баъзе навъҳои камшумори ба шароити сармои сахт мутобиқшудаи набототу ҳайвонот, дигар ҳеҷ навъе аз набототу ҳайвонот вуҷуд надорад. 

 Яъне, табиати зинда асосан дар минтақаҳо ё қисматҳои дорои иқлими мусоиди Замин, дар ҷойҳое имконпазир аст, ки дар онҳо Наврӯз – ин ҳодисаи тавлидкунандаи ҳаёт мунтазам ба вуқӯъ меояд. Ва ҳамин ҳодисаи саропо хайрро ававалин шуда аҷдодони мо – мардуми бостонии ориёитабор кашф карда, дар партави ин кашфиёт фарҳанг ва тамаддуни башардӯстонаи наврӯзии худро барпо кардаанд. Наврӯз ҳамчун падидаи фарҳангӣ-иҷтимоӣ. Албатта, барои раҳо ёфтани инсон аз қайди табиати ваҳшӣ ва барпо намудани ҳаёти мутамаддини ҷамъиятӣ кашфи асрори ҳастӣ, дарки мазмун ва моҳияти падидаву ҳодисаҳои олами табиӣ нақши муҳим бозидаанд.  Бо ҳамин равиш, кашфи Наврӯз ба мардуми ориёитабор имконият додааст, ки зиндагӣ ва фаъолияти муштараки меҳнатии худро мутобиқ бо  айём ва моҳҳою фаслҳои сол  ба низом дароранд. Бо мурури замон онҳо донистанд, ки дар кадом  моҳ ё фасл ин ё он навъи зироатро кишт кардан ва дар кадом моҳ ё фасл ҳосилро ғундоштан мумкин аст. Аз ин рӯ фарорасии айёми наврӯзро ҳамчун оғози мавсими кишту кори баҳорӣ, ҳамчун ибтидои соли нави деҳқонӣ пазируфтаанд ва ба таҷлили он шурӯъ кардаанд. Мо инҷо шоҳиди бозтоб ва инъикоси ҳодисаи неки табиӣ дар фарҳанги ҷомеаи бостонии мардуми ориёитабор ҳастем, ки  таъсири мусбат ва созандаи айёми наврӯзӣ барои ҳаёти табиати зиндаро дуруст дарк намуда,  зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатию хоҷагидории худро дар ҳамоҳангӣ ва мутобиқат бо он ба низом даровардаанд.  Акнун дар ин ҷо мо як хулосаи дигари мантиқиро ҳосил мекунем: Наврӯз ҳамчун падида ё ҳодисаи қонунманд ва такрорёбандаи табиӣ, ҳамчун оғози пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин нисбат ба олами набототу ҳайвонот ва ҷомеаи инсонӣ собиқаи хеле тӯлонитари таърихӣ дорад.  Вале мардуми ориёитабор пас аз кашфи ин падида ва дарки аҳамияти он дар пайдоиш ва таҳаввули ҳаёти табиӣ,  ба таҷлили он шурӯъ карда, ҳар сол фарорасии онро ҷашн мегирифтанд. Дар натиҷа ҷашни Наврӯз ҳамчун падидаи фарҳангӣ арзи вуҷуд кардааст, ки он дар рушду таҳаввули ҳаёти ҷамъиятию иқтисодии ориёиҳои бостонӣ нақши хеле муҳимро мебозид.Фарқияти наврӯз ҳамчун падидаи табиӣ аз наврӯзи вазъшуда ҳамчун падидаи фарҳангӣ ва меъёри иҷтимоӣ мисли фарқияти қонунҳои табиат аз қонунҳои ҷамъият аст. Якумӣ – тамоми табиати зиндаро фаро мегирад, дуввумӣ – танҳо барои башарият ва танзим ва рушди ҳаёти башарӣ  хизмат мекунад. Якумӣ новобаста аз иродаи инсонҳо ба вуқӯъ меояд, вале дуввумӣ вобаста аз иродаи инсонҳо, вазъу шароити ҳаёти ҷомеа ва талаботи давру замон ҳам мазмунан ва ҳам шаклан тағйир ва таҳаввул ёфта, ба он унсурҳои нав ворид мегарданд. Вазъи ҳуқуқии Наврўз дарп Тоҷикистон ва ҷаҳон. Дар таърихи ҳар як давлат ва миллати ҷаҳон падидаҳои қонунманде вуҷуд доранд, ки аз ин ё он рўйдоди иҷтимоӣ ё фарҳангӣ маншаъ гирифта, минбаъд дар рушди иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодии онҳо саҳми бузург бозидаанд. Давлатҳо ва миллатҳои мутамаддин чунин рўйдодҳои сарнавиштсозро фаромўш намекунанд, онҳоро дар хотираи худ маҳфуз дошта, дар шакли иду ҷашнвораҳо эҳё ва таҷлил мекунанд.  Мутобиқи  моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» (АМОҶТ  с.2011, №7-8, мод. 608; с.2012, №7, мод.684; №12, қ.1, мод.1011, 1012; с. 2014, №7,қ.2, мод.401; с.2015, №3, мод.209; №7-9, мод.706; с.2016,№5, мод.371, №7, мод.619; с.2016,№11,мод.878)    дар Тоҷикистон ҳамагӣ 81 рўзҳои ид ва ҷашнвораҳо  тасдиқ ва эътироф шудаанд.  Аз  инҳо даҳ рўз: 1 январ – Соли Нав; 8 март – Рўзи Модар; 21 -24  март – Ҷашни байналмилалии Наврўз;  1 май – Рўзи якдилии меҳнаткашон; 9 май – Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ; 27 июн – Рўзи Ваҳдати миллӣ; 9 сентябр – Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 6 ноябр – Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Рўзи Иди Саиди Фитри Рамазан; Рўзи Иди Саиди Қурбон рўзҳои истироҳатӣ эълон шудаанд. Танҳо ҳамин як факти дар сатҳи қонун барои таҷлили Иди Наврўз 4-рўзи истироҳатӣ муқаррар шудан далели бартарияту маъруфияти бештар ва баландии мақоми ҳуқуқию иҷтимоии  ин ҷашн нисбат ба соири ҷашнҳои дигар мебошад. 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО дар қатори 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз саросари ҷаҳон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии башарият шомил карда шуд. Тасмим дар бораи ворид кардани ин 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 кишвари узви Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси ғайримоддӣ гирифта шудааст. 23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи банди 49-уми рӯзномаи «Фарҳанги сулҳ» қатънома таҳти унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» бо ризоият қабул гардид. Мувофиқи матни қатънома: -Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид  21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф мекунад; -аз талошҳои кишварҳои узв, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, ҷиҳати ҳифз ва рушди фарҳанг ва анъанаҳои марбут ба Наврӯз истиқбол мекунад; -кишварҳои узвро ташвиқ мекунад, ки барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии Наврӯз ва дар ҳолати зарурӣ чорабиниҳои ҳамасола барои таҷлил аз ин ҷашн ташкил кунанд; аз кишварҳои узв, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, даъват мекунад, ки таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ин ҷашнро омӯзанд, то дониш дар бораи мероси Наврӯзро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ паҳн кунанд; - давлатҳои манфиатдори узв ва Созмони Милали Муттаҳид (аз ҷумла муассисаҳои дахлдори махсусгардонидашуда, фондҳо ва барномаҳои он, бахусус Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг), ташкилотҳои манфиатдори байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматиро барои иштирок дар чорабиниҳои  кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд,  даъват менамояд.

 

Дар замони ҷорӣ Наврӯз 21 март ба унвони оғози расмии соли нав тибқи тақвими астрономии хуршедӣ дар Эрон ва Афғонистон таҷлил мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Албания, Қирғизистон, Македония, Туркия, Қазоқистон 21 март ҳамчун иди давлатӣ  ҷашн гирифта мешавад. Дар Босния ва Ҳерсеговина, бархе аз манотиқи Ҳиндустон, Курдистони Ироқ, Чин (Минтақаи Худмухтори Шинҷону Уйғур), Муғулистон, Покистон, Федератсияи Русия (Бошқирдистон, Доғистон, Тотористон ва дигар ҷумҳуриҳои миллӣ) низ Наврўз ба таври васеъ таҷлил мегардад. Дар байни халқҳое, ки Наврузро чашн мегиранд, чуин ақидаи умумӣ маъмул аст,  ки ҳар қадар ин ҷашн пуршукўҳу ботантана бошад,  сол ҳамон кадар бештар файзбору пурбаракат  мешавад.

 

Таҷлили Наврӯз маънои тасдиқи ҳамбастагии зиндагӣ бо табиат, дарки пайванди ногусастанӣ байни меҳнати созандагиву таҷдиди табиӣ ва муносибати ғамхор ва эҳтиромона ба сарчашмаҳои табиии ҳаётро дорад. Гумон меравад, ки ин ҷашн арзишҳои сулҳу ҳамбастагӣ, чи байни наслҳо ва чӣ дар дохили оила, инчунин оштӣ ва ҳамсоягии некро тарғиб мекунад, ки ба ҳифзи гуногунии фарҳангӣ ва таҳкими дӯстии байни халқҳо ва ҷомеаҳои гуногун мусоидат мекунад. Анъана ва ойинҳои таҷлили Наврӯз дар ҳар кишвар ё минтақа гуногун аст, вале бо вижагиҳои зиёд онҳоро ба ҳам мепайвандад. Дар аксари кишварҳо пеш аз ид оташ ва оби рамзӣ омода карда мешаванд, рақсҳои анъанавӣ бо ҷаҳиши оташ ва обпошию оббозӣ  анҷом меёбанд. Дар Эрон ин гуна рақсҳо рӯзи чаҳоршанбеи охирини пеш аз Наврӯз баргузор мешаванд ва бо номи Чоршанбеи Сурӣ ё Чаршанбеи Аташ маъруфанд, дар ҳоле ки дар Озарбойҷон ин суннат чаҳор чаҳоршанбе қабл аз ҷашни Наврӯз иҷро мешавад. Дар бисёре аз ҷойҳое, ки Наврӯз баргузор мешавад, хонаводаҳо дар рӯзи чоршанбеи охири сол об захира мекунанд ва дар Қирғизистон тамоми зарфҳои хона бояд дар арафаи ид пур карда шаванд. Гумон меравад, ки ин дар соли нав ба хона фаровонӣ меорад ва мушкилотро дур мекунад. Як суннати дигари наврӯзӣ зиёрати қабристонаст, ки қабл аз ид ба хотири ёдбуди мурдагон шамъ меоранд. Дар Қазоқистон дар остонаи Наврӯз дар назди дари хона ду шамъ мегузоранд. Дар Озарбойҷон ин маросим дар рӯзи дуввуми Наврӯз баргузор мешавад, ки бо номи Рӯзи волидон маъруф аст. Дар рӯзи Наврӯз мардум ба аёдати ҳамдигар мераванд ва туҳфаҳо медиҳанд. Анъанаи барои  кишварҳои ҳавзаи густариши Наврўз маъмул - омода кардани дастархони идона аст, ки дар рӯи он як қатор ашёҳои рамзӣ  гузошта мешаванд. Аз ҷумла, дар рӯи миз оина гузошта, шамъҳоро мувофиқи шумораи аъзоёни оила фурӯзон мекунанд ва намегузоранд, ки  то ба охир сӯхтанашон хомӯш шаванд. Дар Эрон ва Ҳиндустон мисли Тоҷикистон анъанаи оростани дастурхони ҳафтсину ҳафтшини наврўзӣ вуҷуд дорад. Дар ҳамаи ин кишварҳо Наврӯз чун анъана бо тантанаҳои идона, раҳпаймоиҳои идона, консертҳо, озмунҳои ошпазии ошпазҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, ярмаркаҳои васеъ ва намоишгоҳҳои рангоранг ҳамроҳ шуда, аксар вақт бо салютҳои идона анҷом меёбад.

 

Дурнамои рисолати фарҳангии Наврўз ҳамчун омили  ҷолибияти Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Истиқлол бисёр лоиҳаҳое ба амал бароварда мешаванд, ки характери иҷтимоию фарҳангӣ дошта, ба қонеъ гардонидани талаботи гуногуни фарҳангию маънавии ҷомеа нигаронида шудаанд. Яке аз вазифаҳои муҳими стратегии давлати миллии Тоҷикистон дар шароити густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи ҳувият ва амнияти миллӣ мебошад. Барои иҷрои муваффақонаи ин вазифа барпо кардан ва рушд додани чунон як муҳити солиму созандаи фарҳангӣ зарур аст, ки он ба баланд бардоштани сатҳи рушди зеҳнӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти маънавӣ ва аз худ намудани арзишҳои миллию фарҳангӣ мусоидат карда тавонад. Ташаккул ва инкишофи муҳити солиму созандаи фарҳангӣ омили муҳими беҳтар шудани сифати ҳаёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун, иҷрои муваффақонаи барномаҳои давлатии ба рушди устувори ҷамъиятию иқтисодии Тоҷикистон нигаронидашуда, шаҳрвандон бояд дорои ахлоқу маънавиёти баланд, инсонпарвар ва ба миллату Ватани худ содиқу вафодор бошанд. Ин сифатҳо ва фазилатҳои ахлоқӣ дар шаҳрвандон тавассути рушди неруи эҷодӣ, ҳифзи анъанаҳо ва арзишҳои фарҳангӣ ва мутобиқсозии онҳо ба хусусиятҳову талаботҳои рушди ҷомеаи муосири миллӣ ва умумибашарӣ ташаккул меёбанд.

 

Барои бунёди муҳити солиму созандаи фарҳангӣ дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ ба таври муташаккилона ба роҳ мондани шаклҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ, аз ҷумла фестивал-ҷашнвораҳо аҳамияти амалӣ дорад. Нақши фестивалҳо - ҷашнвораҳо дар фазои фарҳангҳои миллӣ ва равандҳои ҷаҳонии фарҳангӣ дар адабиёти муосири илмӣ ба таври равшан шарҳу тавзеҳ дода шудааст. 

 

Фестивал гуфта дар адабиёти илмӣ ҷашнвораи оммавӣ дар назар дошта мешавад, ки онро намоиши ҳунарҳои мардумӣ, азназаргузаронии баъзе намудҳои санъатҳои халқӣ ва анъанаҳои дигари этнофарҳангӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Ҷашнвораи наврўзӣ, ки таҷлили он дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кишварҳои дигари шомили ҳавзаи густариши Наврўз тайи чанд соли охир ба ҳукми анъана даромадааст, дар таркиби худ илова бар ҳамаи ин унсурҳои зикршуда, инчунин унсурҳои дигари фарҳанги миллиро низ дорад ва ин ба мо иҷозат медиҳад, ки ин ҷашнвораи хуҷастаро ҳамчун як фестивали фарҳангӣ эътироф кунем. Илова бар ин, бо ишора ба ҷашни байналмилалӣ эътироф шудани Наврўз, тахмин кардан мумкин аст, ки дар оянда, ин ҷашнвора шаклан ва мазмунан боз ҳам рушду такомул ёфта, ба як фестивали фаромиллӣ-байналмилалии фарҳангӣ табдил хоҳад ёфт. Азбаски хамирмоя ё ҷавҳари ин ҷашнвораи бузург, асли он - фарҳанги бостонии мардуми ориёитабор (халқҳои таҳҷоии Осиёи Марказӣ ва Эрон), яъне аҷдодони тоҷикону форсҳо мебошад, пас, ҳамзамон бо ҷаҳонишавии ҷашнвораи наврўзӣ, ҷаззобӣ ва ҷолибияти фарҳанги миллии тоҷикон ва гаҳвораи ин ҷашнвора -Тоҷикистони муосир дар назари ҷаҳониён дар оянда боз ҳам бештар хоҳад шуд. Аз ин нуқтаи назар, пажўҳишу такмил ва танзими консептуалию амалии фестивали наврўзӣ яке аз вазифаҳои усулан муҳими илмӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Қадами нахустин дар иҷрои ин вазифа - таҳия ва такмили консепсияи фестивали наврўзӣ дар заминаи дастовардҳои илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ мебошад. Дар ҳар як кишвари мутамаддину пешрафтаи ҷаҳон, барои пажўҳиши амиқу ҳамаҷонибаи анъанаҳои миллӣ-фарҳангӣ, ҳифз, бозсозӣ ва мувофиқи талаботи моддию маънавии ҷомеаи муосир такмил ва рушд додани онҳо мунтазам тадбирҳо андешида ва дар амал татбиқ карда мешаванд. 

 

Дар мавриди ҷашнвораи наврўзӣ, чунон ки дар солҳои охир аз тариқи ВАО ва шабакаҳои интернетӣ мушоҳида мекунем, он дар воқеъ ба як воситаи ҷаззоби намоишдиҳандаи фарҳанги миллии мо дар тамоми ҷаҳон табдил ёфта истодааст. Ҳатто гуфтан мумкин аст, ки дар баъзе шаҳрҳои кишварҳои хориҷӣ, масалан, дар шаҳрҳои Россия, кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, ИМА маҳз бо тамошои ҷашнвораи наврўзӣ таваҷҷуҳи хориҷиён ба Тоҷикистон, мардуми он, таърих ва фарҳанги бостонию пурғановати он зиёд мешавад.    Барои дар марказҳои фароғатию фарҳангии кишварҳои хориҷии дуру наздик ташкилу баргузор намудани ин ҷашнвораи пуршукўҳ, ки дар фарҳанги бостонии тоисломии тоҷикон ташаккул ёфта, минбаъд ба фарҳангҳои халқҳои дигари турктабори Шарқ ва ҳатто арабҳо таъсири созанда расонида, дар замони муосир ҳамчун ҷашни байналмилалӣ расман шинохта ва эътироф шудааст, кормандони сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар он кишварҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикони муқими он кишварҳо саҳми бузург гузошта истодаанд. Таҷлили ҷашнвораи наврўзӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва тавассути он ба шаҳрвандони кишварҳои дигар муаррифӣ кардани ҳунару санъатҳои миллии тоҷикон, либосҳои миллии тоҷикон, таомҳои миллии тоҷикон, табиати нотакрори Тоҷикистон, кўҳҳои осмонбўс ва чашмаҳои мусаффо, обу гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавоти хуштаъму аз ҷиҳати экологӣ тоза ва захираю сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон, шоирону мутафаккирони бузурги тоҷик ва асарҳои оламшумули онҳо, сохтмонҳо ва корхонаҳои бузурги истеҳсолию саноатӣ ва дастоварҳои бузурги замони Истиқлол - дар маҷмўъ тадбирҳои амалие мебошанд, ки дар сурати муваффақона ва мунтазам амалӣ шуданашон дар оянда барои ҷалби бештари  сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард. Махсусан, дар ҷашнвораҳои наврўзӣ ташкил кардани намоиши китобу маҷаллаҳо ва маълумотномаҳо дар бораи фарҳанги гузаштаву муосири тоҷикон ва иқлиму табиати нотакрори Тоҷикистон шавқу рағбати хориҷиёнро ҷиҳати сафар кардан ба Тоҷикистон ба мақсади сайёҳӣ таҳким бахшида метавонад.

 

Ҷашнвораи наврўзӣ барои рушди сайёҳии дохилӣ дар кишвар низ нақш ва саҳми назаррас дорад. Маҳз дар рўзҳои таҷлили ин ҷашн сайру тамошоҳои оммавӣ, гурўҳӣ ва инфиродии шаҳрвандон дар дохили кишвар бештар мешавад. Зимнан, ин падидаи фарҳангӣ барои тақвияти ҳамгироии иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандўстии шаҳрвандон низ мусоидат мекунад. Шиносоӣ ба фалсафаи наврўз ва арзишҳои дар он татбиқшавандаи фарҳангӣ боиси рушди фазилатҳои ахлоқии шаҳрвандон ва тамоюли онҳо ба ҳаёти осоиштаву хушбахтона мешавад. Наврўз рамзи шукуфоии табиат, оғози соли нави табиӣ, тантанаи ҳаёт ва оғози фарҳангу тамаддуни ҳаётмеҳвару башарпарвари тоҷикон мебошад. Хусусияти ҳаётмеҳваронаи ҷашнвораи наврўзиро маҳз таҷлили он дар фасли баҳор, инчунин, гулдўзиҳо ва либосҳои идонаи рангину пурнақшу нигори миллии тоҷикӣ, ки аксар гулҳо ва рамзҳои ҳаёти шукуфонро доранд, собит менамоянд. Ҳамин хусусияти нодири ҷашнвораи наврўзӣ як омили муҳим ва муассири густариши доираи нуфуз ва таъсирбахши ин ҷашнвора ба фарҳанги халқияту миллатҳои дигар ва дар охир, сабаби ҷаҳонишавию мақоми ҷашни байналмилалиро гирифтани он шудааст.

Дар фарҷом байни иштирокчиён семинар саволу ҷавоб сурат гирифт. 

 

Абдуллоҳи Қодирӣ - масъули сомонаи Маркази исломшиносӣ 

Яндекс.Метрика