СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗУИ " ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – МАҲСУЛИ ҶОНФИДОИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ! "

Имрӯз, 24/06/2024 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ семинари илмӣ дар мавзуи "ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – МАҲСУЛИ ҶОНФИДОИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ! " баргузор гардид. 
 
Дар чорабинии мазкур муовинони Маркази исломшиносӣ Ваҳобзода Абдураҳмон, Абдухалилзода  Кароматулло ва мудирони шуъбаву бахшҳо, ичнунин тамоми ҳайати кормандони Марказ иштирок доштанд. 
 
Чорабиниро муовини директори Марказ Ваҳобзода Абдураҳмон  оғоз намуда, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
 
Шокиров Ҳусейн – мутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ  баён дошт, ки санаи 27 июн дар таърихи кишвари мо санаи хотирмон ва таърихӣ аст. Бовар дорам садҳо сол ба баъд авлодони мо ба сулҳи тоҷикон аҳсан гуфта, дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат дуои нек мекунанд. Зеро маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат байни ду гурӯҳи мухолиф сулҳ баста шуд, ҳазорон нафар мардуми бесарпаноҳ ва гуреза ба ватан баргардонида шуданд, барояшон кафолати бехатарӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Шукронаи онро мекунем, ки имрӯз мо самараи ваҳдатро барчида, дар давлати амну ором зиндагӣ менамоем.
 
Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшид. Вай тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳад, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.
 
Қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда, зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, қариб як миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард доллар зиён ба бор овард.
 
Онҳое, ки ҳодисаҳои солҳои навадумро дар хотир доранд, ба қадри ваҳдат мерасанд. Акнун мо бояд ҷавононро аз он рӯзҳои барои миллати мо талх огоҳ кунем. Ҳеҷ кас ҳақ надорад таърихи халқи худро фаромӯш кунад: солҳои ҷангу нооромӣ, гуруснагӣ, рӯзҳое, ки бародар муқобили бародар силоҳ бардошт, даврае, ки писар душмани падар гашт. Бадхоҳони миллат тавонистанд, ки моро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, муқобили якдигар барангезонанд. Ин барои миллати тоҷик дарси ибрат аст. Бовар дорам дигар моро наметавон фиреб дод.
 
Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гардад.
 
Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.
 
Дар кори чорабинӣ инчунин, қайд гардид, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст. Муҳимтар аз ҳама, бо шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии Сарвари давлату халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем.
 
Дар фарҷом байни иштирокчиён доир ба таҳкими истиқлолияту ваҳдат, бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат, мубодилаи афкор сурат гирифт. 
 
Таъкид шуд, ки мураккаб шудани вазъи геосиёсии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияту озодии давлатҳои миллӣ масъалаи зиракиву ҳушёрии сиёсии шаҳрвандони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ҳифзи давлату давлатдориро торафт мубраму муҳим мегардонад. Дар чунин шароит мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон ба қадри неъмати бузурги истиқлолияту озодӣ расанд, ваҳдати миллиро ҳамчун самараи даврони соҳибистиқлолӣ гиромӣ доранд ва барои ҳифзи ин дастовардҳои таърихӣ ҳамеша омода бошанд.
 
Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ 
Яндекс.Метрика