Семинари илмӣ дар мавзӯи " Тавсифи сарчашмаҳои исломӣ..."

Имрӯз, 25-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ) семинари илмӣ дар мавзӯи «Тавсифи сарчашмаҳои исломӣ ва нақши онҳо дар омӯзиши суннату ойинҳои миллӣ» баргузор гардид. 

Нахуст, гузориши муовини аввали директори Маркази исломшиносӣ муҳтарам Рустам Азизӣ таҳти унвони “Истифодаи забони порсӣ аз нигоҳи Имоми Аъзам (Абуҳанифа)” шунида шуд. 

Мавсуф қайд намуд, ки бар асоси таълимоти пешвои мазҳабии мардуми тоҷик хондани намозу иҷрои дигар дастуроти динӣ бо забони порсии тоҷикӣ яке аз нишонаҳои муқовимати сиёсӣ ва фарҳангии аҷдоди тоҷикон ба шумор меравад. 

Сипас, маърӯзаи муовини ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, доктори илмҳои таърих Баҳром Қурбонов таҳти унвони «Китобу-л-асрор» ё «Розҳоисанъати кимиё» сарчашмаи исломӣ роҷеъ ба илмҳои табиӣ шунида шуд. 

Мавсуф ба ҷойгоҳи улуми табиӣ дар гузари замон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Дар идомаи кори семинар мудири шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Сайфуллоҳи Муллоҷон дар мавзӯи «Таърихи маҳаллӣ ва ҷойгоҳи он дар низоми таърихнигории миллии тоҷикон» суханронӣ кард. 

У ба масъалаи ҷойгоҳи таърихҳои маҳаллӣ ва нақши онҳо дар эҳёи ҳофизаи таърихии халқ аҳамияти бештар дода шуд. 

Корманди Энсиклопедияи миллии Тоҷик Сайидҷалол Ҳусайнӣ дар мавзӯи «Дидгоҳи Фаришта дар бораи низоъҳои мазҳабӣ» сухан ронда, таъкид кард, ки дар замони муосир низ хавфу хатари гурӯҳҳои мутаассиб аз байн нарафта, ин масъала набояд аз мадди назари ҷомеа дур бошад. 

«Ҷомеъу-т-таворих»-и Раши-дуддини Фазлуллоҳ сарчашмаи муътабар дар бораи таҳаввули забони форсии тоҷикӣ дар асрҳои XII-XIII. 

Дар идомаи семинар ҳамчунин, гузориши Хоҷамирзода Муслиҳуддин корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд.

Дар фарҷом, байни иштирокчиёни семинар мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ 

Яндекс.Метрика